sebiston july new
Қирғизҳо аз тоҷикон чӣ мехоҳанд?
2245

 

Хусумат, бадбинӣ ва кинаву адовати қирғизҳо нисбат ба тоҷикон то ҳадде боло рафтааст, ки ҳатто аз кӯдакони бегуноҳ қасос мегиранд. Рӯзе қабл гурӯҳе аз қирғизҳо ба мактаббачаҳои тоҷик, ки пас аз дарс ба хона бармегаштанд, ҳуҷум карда, онҳоро сангборон ва латукӯб намудаанд.


Тавре ки спутник менависад, ҳодиса дар Исфара рӯй дода, як гурӯҳ сокинони наздимарзии ноҳияи Ботканди Қирғизистон хонандагони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №64-и деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфараро аввал сангборон ва сипас латукӯб кардаанд. Ба гуфти директори мактаб Камолиддин Собиров ҳодиса тахминан соатҳои 11-и рӯз сар зада, мактабачаҳо ҳангоми баъди дарс ба хонаҳои худ баргаштан мавриди ҳамлаи қирғизҳо қарор гирифтаанд.
Яке аз сокинони ҳамин деҳа Ҷӯрабек Насриддинов бо шунидани садои ҳаёҳуй ва доду фиғон ба кӯча баромада, мактаббачаҳоро ҳимоя карданӣ мешавад, вале қирғизҳо ба ӯ ҳам ҳамла намуда, ба хонаи ин мард медароянд ва соҳибхонаро ҳамроҳи зану фарзандони ноболиғаш лату кӯб мекунанд. Гуфта мешавад, ки қирғизҳо ҳатто ба тифлакон заррае раҳм накарда, кӯдаки ширхора ва писарчаи 7-солаи Ҷӯрабек Насриддинов-Эҳсонҷонро, ки дар синфи 1 мехонад, лату кӯб кардаанд.
Табибони беморхонаи марказии шаҳри Исфара ин хабарро тасдиқ намуда, гуфтаанд, ки Ҷӯрабек Насриддинов ва фарзандаш бар асари лату кӯби қирғизҳо сактаи мағзӣ гирифтаанд, ҳамчунин ду нафар хонандагони мактаби №64-Ривоҷиддин Махкамов ва Шукрилло Орипов аз тахтапушташон зарб хӯрда, дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Ин ҳодиса дар ҳоле сар задааст, ки чанд рӯз қабл як додгоҳи Қирғизистон ду ҷавонмарди тоҷикро танҳо ба хотири бо низомиён акс гирифтанашон ба ҳабси абад маҳкум намуда буд.
Саволе ба миён меояд, ки ҳадаф аз ин моҷароҷӯиҳои қавми қирғиз дар чист? Чаро ин мардум тоҷиконро дар марзу буми худашон орому осуда зистан намонда, мисли галаи гургҳои гурусна гоҳ ба ину гоҳ ба он ҳуҷум мекунанд? Эҳтимол байни онҳо ва хонандагони мактаб моҷарои лафзи сар зада бошад, вале тифлаки ширхора ва кӯдаки 7-солае, ки нав ба синфи 1 қадам гузошта, ҳанӯз аз баду некӣ дунё бӯй набурдааст, чӣ гуноҳ доштанд, ки мавриди лату кӯб қарор гирифтанд?
Аз касе пӯшида нест, ки ҳамла ба кӯдакон бисёр мавзӯи ҳасос буда, инсон ба хотири дифоъ аз ҷигарбандони худ ба ҳама кор даст мезанад, шояд кӯдаконро махсус сангборон ва лату кӯб карданд, то ба рӯйи оташи нав хомӯш шудаи низоъ дар марз бензин пошида, гулхани нафрат ва ҷангу ҷидолро аланга диҳанд? Умуман, қирғизҳо аз тоҷикон чи мехоҳанд?!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД