Formula novemver 2024
Ишқи авбош (ҚИСМИ 2)
1941

Мусибат

Азизро ишқи ман ҳам дигар накарда буд, ў шабгардӣ мекарду ба кор тан намедод. Ман бошам, барои аз ин роҳ баровардани ў бо маслиҳати аммаҳою бибияш кӯшиш мекардам, вале…

Як нимашабӣ Азиз ҳамроҳи чанд рафиқи авбошаш дар клуби шабонае маст шуда, ҷанҷол мебардорад ва як марди аз худашон чанд сол калонро корд мезананд. Ришва бардошта, рафтани пайвандонашу даводаву паропарашон фоидае накарду дӯстдоштаамро ба мўҳлати панҷ сол зиндон карданд. Ҳангоми дар ҳабси пешакӣ қарор доштанаш, ман ҳамеша ҳамроҳи бибияш барояш хўрокаву пўшока бардошта мерафтаму бо ў вомехўрдам. Азиз қасам болои қасам мехӯрд, ки мунтазираш шавам, аз маҳбас баромада, зиндагии хубро сар мекунад ва маро хушбахт хоҳад кард. Ман ҳам ба вай ваъда медодам, зеро дўсташ медоштам…

Модарам аз муносибатҳои мо бохабар буд ва ихтиёрро ба дасти худам гузошта буд. Бибию аммаҳои Азиз модарамро низ ба меҳмонӣ мехонданду ҳурмату эҳтиромашро ба ҷо меоварданд. Бояд бигўям, ки модарам каме феъли чизпарастӣ доранд ва ҳавлию ҳараму кампири танҳо барояш айни муддао буд. Баъзан “як ҳавои тоза хӯрам” гўён, ба назди бибии Азиз рафта, шаб ҳамон ҷо мемонд…

Хизматгори ду хоҷа

Баъди баромадани ҳукми музоҷоти Азиз, бибияш зуд-зуд касал мешуду ташвиши ба зиндон рафтану ашёҳои заруриро бурдан ба зиммаи ман афтод. Аммаҳояш мерафтанд, вале аҳён-аҳён…

Бибии Азиз барои харид кардан ба дастам пул медод, вале ман аз пули маоши худам ҳам баробари он сарф карда, ҳар моҳ як ё ду бор ба хабаргирии Азиз мерафтам. Шинос ёфтаю пул дода, чанд соат бо ў мемондам. Азиз дар ин соатҳо ба гўшам қиссаи ишқ мехонду бўсаборонам мекард. Пеши поям меафтоду изҳори сипос мекард, ман боварӣ доштам, ки ошиқам баъди маҳбас ба худ меояд. Аз ин рў, бо ҷону дил хизмати ў ва бибии пирашро мекардам.

Ман аксари шабҳо дар ҳавлии боҳашамати Азизино мемондам, модарам низ баъзе вақт маро ҳамроҳӣ мекард. Рӯфтану тамиз кардан, пўхтани хўроку пешвозгирии меҳмонон ба зиммаи ман буд. Кампири Ноздона ба ҳама маро шиносонида, ҳамчун арўси Азиз муаррифӣ мекард. Медидам, ки хешу таборонашон бо ҳайрат ба ман менигаристанд, зеро барои онҳо ин кори ман ғалатӣ менамуд. Чуноне, ки дар боло гуфтам, ман ба қавле «супер-замонавӣ» будам, вале бо хоҳиши Азиз сатрпўш шудам.

Дугонаҳоям мазоҳам мекарданд, ки ба хотири як «туремшик» ба канизак табдил ёфтаму ҳар фармонашро иҷро мекунам, аммо ман ба гапҳои пасту баланди онҳо даст меафшондаму халос. Зеро Азиз бароям воқеан ҳам азиз буду дўсташ медоштам…

Раҳоӣ

Ҳамин тавр, панҷ сол сипарӣ гашту Азизро аз маҳбас раҳо карданд. Кампири Ноздона тўй дод, маъракаи серхарҷ барои раҳоии набераи нури дидааш, нишони писари ҷавонмаргаш. Ман дар ин миён саг барин медавидам, модарам аз худам зиёдтар даводав мекард. Кандина мепухту хўриш тайёр мекард, хонаву дар мерӯфту тиреза мешўст…

Шаб баъди гузаштани маърака ман ба кор рафтам, зеро навбатдор будаму модарам дар хонаи кампири Ноздона монд. Рўзи дигар субҳи барвақт модарам занг зада, гуфт, ки “туро дар саҳни беморхона интизорам”. “Тинҷӣ бошад” гўён, давдавон поён фаромадам. Модарам маҳзуну хаста рўйи харак менишасту маро дидан замон гуфт:

- Духтарам, инҳо одамони хуб набудаанд, моро чун латта истифода карда партофтаниянд…

Ҳайрон шуда, ба модарам гуфтам, ки равшантар гап занад.

- Субҳи барвақт аз хобам хеста, хостам рўйи ҳавлӣ каме гардиш карда, баъд наҳорӣ тайёр кунам. Кампир бо наберааш болои кат нишаста, сўҳбат доштанд, ман ғайриихтиёр шоҳиди ин сўҳбат гаштам. Азиз аз бибияш пурсид, ки “чаро ба ман иҷоза додааст то дар хонаашон бихобам”. Кампир бо ханда гуфт, ки “ин ду кас, яъне ману ту, хизматгори беминнатанд. Баъди пайдо шудани онҳо ман хизматгорро ҷавоб додаму ҳар моҳ ҳазор сомонӣ фоида мекардам”. Азиз ҳам баъди хандаи дурудароз гуфт, ки “оча, акнун ғуломонатро ҷавоб деҳ, ман зан мегирам…”.

Модарам ин воқеаро нақл карда мегирист, аммо ман бовар надоштам ва ба модарам гуфтам, ки шояд ту онҳоро дуруст нафаҳмидӣ. Модарам мисли кўдак зор-зор гириста, ба хона рафту ман худи ҳамон лаҳза мошин киро карда, ба хонаи ошиқам рафтам…

(Давом дорад)

СУМАЯ

Таснифи Нисо ХОЛИД               

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД