formula
Ишқи ба ғам олуда (қисми 2)
1291

 

Шом бо бедоркуниҳои Маҳтоб чун бемор аз «хоб» чашм кушода бошад ҳам, иштиҳои хӯрокхӯрӣ надошт. Рӯзи дигар дилу бедилон ва бо ҳарос шаҳрро сайр карданд. Дар ҳақиқат то рӯзи бозгашт Мушкин аз аламу андешаю тарс беморнамо гашт. Дар майдони ҳавоӣ пеш аз парвоз тасодуфан бо ҷавонмарде шинос шуд ва маҳз ҳамон мард таъкид кард, ки аз Маҳтоб дурӣ ҷӯяду ҳушёр бошад.

- Чанд муддатест, ки ба сифати тарҷумон дар ин ҷо кор мекардам. Бо сабаби вафоти ҳамсар, тарбияи ду кӯдакам, ки ҳоло бо модари пирам мондаанд, ночор муҳлати хизматамро қатъ карда, ба Ватан баргашта истодаам. Ин зан чун нашъаҷаллоб ва миёнарав, бо макр занону духтаронро оварда, ба аҷнабиён савдо кардан шинохта шуда бошад ҳам, то ҳол бо далел ба даст наафтодааст. Мебинам, аз он қабил занҳо нестед, мехоҳам то бадном ва шарманда нашавед.

- Ташаккур! Худам ҳам нав фаҳмидам ва минбаъд ҳатман эҳтиёт мешавам.

Он рӯз Шамс ба Хуҷанду Мушкин ба Душанбе бояд парвоз мекарданд. Пеш аз ба тайёра саворшавӣ ҳангоми хайрухуш Шамс рақами телефон ва нишонии хонаашро навишту ваъда дод, ки албатта ба суроғаш меояд…

Мушкин ба прокуратура омада, қиссаи чӣ гуна ба дафтарча сабт ёфтани рақами телефону нишонии хонаашро ҳам даҳонӣ нақл карду ҳам хаттӣ навишта дод, ки он айни муддаои муфаттиши додситонӣ буд, зеро гиреҳи риштаи боз ду ҷиноят - интиқоли маводи мухаддир ва одамфурӯшии Маҳтоб ошкор гашт.

Муфаттиш бо шуъбаи корҳои дохилии шаҳр дар тамос шуда, пурсид, ки оё шикоят ё аризае оид ба гум кардан ва ё дуздие аз номи касе дохилу сабт шудааст?

Чанд дақиқа пас занг зада гуфтанд, ки чоруним моҳ пеш аз номи Шамс Комилов, сокини шаҳри Хуҷанд, оиди бо сафари корӣ ба шаҳри Душанбе омада, ҳадафи ҳамлаи авбошон ва ғорат қарор гирифтанаш ариза вуҷуд дорад. Аз рӯи нишонӣ ва рақами телефони дар ариза дарҷгардида муфаттиш бо худи Шамс дар тамос шуда, хоҳиш намуд, ки ба шаҳри Душанбе ояд.

Мушкин нав фаҳмид, ки чаро Шамс ба ваъдааш вафо карда натавонистааст. Пеш аз рафтан ба муфаттиш изҳори сипос намуда, хоҳиш намуд, ки баробари омадани Шамс ба ӯ занг занад.

Ду рӯзи интизорӣ ба назараш аз он панҷ моҳ бештар тӯл кашид. Ғайричашмдошт бо занги телефону бардоштани гӯшӣ ба ҷои овози муфаттиш Мушкин овози шиноси қариб фаромӯшгаштаи Шамсро шунид. Зимни вохӯрӣ Шамс нақл кард, ки баробари ба шаҳри Душанбе омадану пас аз ба анҷом расонидани корҳои хеш тибқи ваъда бегоҳии худи ҳамон рӯз ба нишонии Мушкин раҳсипор мегардад. Вале дар хамгашти кӯчае чор нафар ба ӯ дарафтода, борхалтаи даст, пул, соат, пойафзол ва куртакаашро бо зӯрӣ гирифта мегурезанд. Ӯ ночор ба шуъбаи корҳои дохилӣ оид ба ин ҳодиса ариза навишта, тариқи ағба ба Хуҷанд бармегардад.

Нафаре аз авбошоне, ки ин ҷиноятро содир карду курткаи Шамсро ба бар дошт, ҷазои худро диду ду баргаштабахти ташнаи зиндагии ширин ба дидору васли ҳам расиданд.

Ҳоло дигар хонаи Мушкин холиву сарду хомӯш нест. Аз шӯхию бозию мағали Парвизу Парвин гарму пурнур гашта, мавҷуде, ки зери синааш гоҳ-гоҳ меҷунбад, зиндагиашро рангину гуворо сохта, Шамсаш шамси хонадону муттакою такягоҳаш мебошад.

Тӯҳфа АҲМАДОВА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД