Formula novemver 2024
ИШҚИ БЕҶАВОБ Қисми 2
1396

-Ман дар мошини бегона намешинам, узр…

-Апаҷон, дар ин барфбод таксӣ намеёбед, дилам сӯхт, нахоҳед ихтиёр доред,- Зан майлаш гуфту ба мошин нишаст ва гуфт:

-Маро мебахшед, ростӣ дигар байни мардум боварӣ намондааст, кам касоне ёфт мешаванд, ки бе ғараз ба як каси дигар ёрӣ расонанд.

Хонаи зан, ки худашро Бону муаррифӣ кард, дар як мавзеи ободу чароғони шаҳр воқеъ будааст, мо то он ҷо хеле сӯҳбат кардем ва баъд телефонҳои якдигарро гирифтем. Акнун Бону ҳамсӯҳбати доимии ман буд, ӯ духтур аст, ҳамсараш чор сол пеш вафот кардаву чор духтараш ҳамагӣ оиладор, синнаш ба шаст дакка мехӯрад. Ӯ дар бораи ҳамсари кайҳо хоку туроб шудааш он қадар бо меҳр ҳарф мезад, ки дар дилам рашк пайдо мешуд. Оҳиста –оҳиста бонуи резапайкари чашмкабуди сафедандомро дӯст доштам, девонавор. Ӯ инро эҳсос мекард, аммо худро ба нодонӣ мезад, барои ҳушдори ман калимаи «додари азиз»-ро ҳудаву беҳуда кор мефармуд, ин ба ман хеле бад мерасид. Қарор додам ба ӯ изҳори ишқ кунам ва кош намекардам…

Бонуро ба тарабхона даъват кардам ва рӯирост гуфтам, ки дӯсташ медорам, ӯ якбора сурху кабуд шуд ва ба мардуми атроф аҳмият надода гуфт:

-Хестӣ, ки хобӣ, аҳмақ! Шарм намедорӣ, ман туро дӯсту додар гуфта, ҳамроҳат гап мезадам, ту низ ба ҳама монанд будаӣ! Дафъ шаве, аз назарам палид!-

Баъди ҳамин соат ман Бонуи роздону маслиҳатгарамро аз даст додам, ӯ акнун он зани бонаҷобати хушсухан не, як девонаи ҳақоратчии дағал буд, ки чӣ хеле мехост, маро ҳақорат медод ва аз худаш меронд. Ман ҳам дигар ба ин зани ба қавли худам «девона» занг назадам ва барои як сол ба хориҷа рафтам. Аммо ишқи Бону, ки аз ман 15 сол калон аст, домонамро раҳо намекунад.

Мардҳо ҳам бадбахт мешудаанд, ман ҳама чизро дорам, аммо саодати оилавӣ надорам. Занам ҳамоно дар наздаш як табақи бузург пур аз чормағзу пистаи туркӣ сериол мебинаду ба ман бо шубҳа нигоҳ мекунад, писару духтарам аз паси зиндагии худашон. Баъди девонагиҳои Бону бо чанд духтари ҷавон шинос шудам, вале ақлу тамизи онҳо ғашамро меовард. То ҳол ишқи он зани «девона» домони андешаҳоямро раҳо намекунад, мехоҳам ҳама дороиямро ба пеши пояш бирезам, то ҳамнафасам бошад, аммо ӯ намехоҳад.

Сабаби навиштани ин қисса дар он аст, ки медонам Бону ҳар шумораи «Оила»-ро мехонад ва худашро албатта мешиносад, шояд ба як андешаи сиҳат меояд?!

                                                    Мансур, аз шаҳри Анқараи Туркия.

                                                    

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД