sebiston july new
ИШҚИ ДОЛЛАР
1595

 

Маъшуқаи раис

Амакдухтарҳо

Ин амакдухтарҳо мисли дугоник буданд. Аз хурдӣ дар зери як кӯрпача калон шуда, ҳамеша ҳамроҳ ва ҳамрозу ғамхори якдигар буданд, вале… Гулнигор духтараки нармгуфтору хушмуомила, Зарнигор бошад баръакси амакдухтараш шӯхтабиату шартакигӯй буд. Дар мактаб ҳам Гулнигор хуб мехонду Зарнигор бо орову торо додани худ овора буд. Завқи хондану навиштан надошт. Тамоми иншоҳои Зарнигорро Гулнигор менавишт. Зарнигор танҳо навиштани рубоиҳои ошиқонаро дӯст медошту халос. Ҳамин тавр, ду дугона, ду амакдухтар бо орзуҳои ширин мактабро хатм намуданд. Гулнигор ба донишгоҳ шомил шуда, амакдухтарашро низ ба идома додани таҳсил ташвиқ намуд, аммо Зарнигор ҳавсалаи хондан надошт. “Беҳтараш кор карда ҷиҳози арӯсиамро мехарам” гӯён, вай ба як ташкилоти ғайридавлатӣ коркобӣ рафт. Азбаски компютерро намедонисту ягон ҳунар ҳам надошт, Зарнигорро ба ҳайси фаррош ба кор гирифтанд.

Маҳбубаи раис

Ташкилот аз хориҷиён буда, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда буд. Кори Зарнигор танҳо қолинҳоро бо чангкашак тоза кардану коғазҳои ҷамъшударо ба партовгоҳ бурда партофтан буд. Дар аввал дар корхона касе ба ин духтараки камбағал таваҷҷуҳ накард, вале баъдтар Зарнигор аз пули маошаш барои худ либосҳои фохира харида, рӯю мӯяшро бо кӯмаки машшотаҳои кошонаи ҳусн ба тартиб дароварду зебову дилкаш гашт. Ин тағйироти фаррошдухтари ҷавон ҳатто аз назари сардорони ташкилот дур намонд. Акнун раис, ки як марди пир буд, тез-тез ба Зарнигор хушомад зада, гапҳои ширин мегуфт. Зарнигор таваҷҷуҳи хориҷии серпулро эҳсос намуда, худро орову торо дода, бо ҳар баҳона ба дафтари сардор даро баро мекард. Раиси 62- сола чашм аз қаду қомати базеб ва роҳгардиҳои мисли кабки дарӣ хушхироми фаррошдухтар наканда, аз пасаш дуру дароз бо ҳавас дида медӯхт. 

Дар оғӯши эронӣ

Рӯзе ҳангоми ба гулдон оби тоза рехтан оғои Маҳдӣ дастони Зарнигорро дошта, ӯро бӯсаборон кард. Духтар муқобилият накард. Оғои Маҳдӣ аз нарамидани ин оҳуи куҳӣ дар дил хурсанд шуда, дарро баст ва Зарнигорро озод бардошта, рӯйи зонуҳояш нишонду ба гӯшаш таронаҳои ширин хонд.

Аз ҳамон рӯз сар шуд қиссаи ишқи Зарнигори 18- солаву Маҳдии 62- сола. Барои он ки сирри ишқварзиаш бо фаррошдухтар дар корхона фош шуда, обрӯяш нарезад, раис хонаеро барои Зарнигор иҷора гирифт. Духтар бо баҳонаи дурии роҳ дар шаҳр монда, шабҳоро дар оғӯши ошиқи пири эрониаш саҳар мекард.

Гулнигор карру фар ва сару либоси амакдухтарашро дида, ҳайрон мешуд, ки чӣ тавр Зарнигор бо фаррошӣ соҳиби ин қадар дову дастгоҳ шудааст.

Вохӯрии дугонаҳо

Рӯзҳову моҳҳову солҳо пайиҳам гузаштанду Гулнигор низ донишгоҳро хатм намуда, дар корхонаи давлатие ба кор даромад. Ду сол кор кард, вале як тин пулашро беҳуда сарф накунад ҳам, соҳиби ҳуҷрае шуда наметавонист. Азбаски роҳи деҳаашон дур буд, баъзан дар хонаи дугонаҳояш шабашро рӯз мекард. Боре тасодуфан бо Зарнигор вохӯрду ҳарду хеле чақ-чақ карда аз айёми мактабхониашон ёдовар шуданд. Зарнигор аз Гулнигор гила кард, ки дар хонаи ӯ неву дар хонаи ҳамсабақонаш меҳмон мешавад. Гулнигор ваъда дод, ки рӯзи душанбе баъди кор ба хонаи ӯ меояд, зеро он рӯз ҷумъа буду бояд ба деҳа ба аёдати падару модараш мерафт. Зарнигор Гулнигорро гусел карда, шодона ба сӯйи коргоҳаш равон шуд. Оғои Маҳдӣ ҳар шаб аз ӯ хоҳиш мекард, ки барои як дӯсташ худаш барин ягон духтараки зебои деҳотиро ёбад. Зарнигори маккора духтарамакашро пешниҳод карданӣ буд. Вай боварӣ дошт, ки Гулнигори бехонаву дар барои соҳиби ҳуҷраяке шудан ба ишқварзӣ кардан бо марди аҷнабӣ розӣ мешавад.

Меҳмонӣ

Бегоҳи рӯзи душанбе духтарамакҳо бо ҳам вохӯрданду Зарнигор дар бораи ишқаш ба дугонааш ҳикояҳо карда, дар охир гуфт, ки ин ҳуҷра туҳфаи кавалери эрониаш аст. «Ман метавонам туро низ бо яке аз дӯстони пулдораш шинос кунам»,- ниҳоят сари мақсад омада гуфт Зарнигор. Гулнигор сахт ранҷида бошад ҳам, дар дил андешид, ки ба ҳар сурат як бор бо он мард вохӯрдан ягон бадӣ надорад. Вай духтари таҳсилдидаи аз баду неки ҷаҳон огоҳ буд ва боварӣ дошт, ки ягон мард наметавонад ӯро ба доми фиребаш афканад.

Хандаи бахт

Зарнигор боварӣ дошт, ки ҷӯраи шавҳараш мисли худаш ягон мӯйсафеди духтарбоз аст, вале ба бахти Гулнигор дӯсти оғои Маҳдӣ як ҷавонмарди бисёр зебои хушлибосу хушгуфтори 40- сола будааст. Гулнигори покдомону хушрафтор аз Зарнигори дар оғӯши мӯйсафед пажмурдагашта қариб даҳ сол ҷавонтар менамуд. Таровати ҳусну ҷамоли ин тоҷикдухтар Порсоро волаю шайдо намуд. Гулнигор дар вохӯрии аввалин фаҳмонд, ки вай духтари кӯчагӣ нест ва ҳеҷ гоҳ маъшуқаи касе нахоҳад шуд. «Шумо ҷиддӣ оиладор шудан хоҳед, ба хонаамон рафта бо волидони ман маслиҳат кунед, агар не, пас дигар бо ҳам мулоқот кардани ману шумо маънӣ надорад»,-инро гуфта духтар аз сари мизи тарабхона бархост. Ҷиддияти ин духтари бофарҳанг ба марди аҷнабӣ сахт писанд омад. Вай кайҳо боз чунин арӯси покдомони бо нангу номус меҷуст. Порсо ба оғои Маҳдӣ барои пайдо кардани чунин дурдонаи бебаҳо изҳори сипос намуда, хоҳиш кард, ки рӯзи ҷумъа ҳамроҳаш ба хостгорӣ равад.

Хостгорӣ

«Ин духтарак рост мегӯяд, ҳар чи ҳам набошад, мусалмонем, моро зинокорӣ нашояд, бояд ақди никоҳ баста поку ҳалол зиндагӣ кунем»,- бо лабханди қаноатмандона суханони Гулнигорро такрор кард Порсо ва барои аҳли хонадоне, ки чунин духтари оқиларо ба воя расонидаанд, беҳтарин молу ширинтарин қанду қандалотро харидорӣ менамуд. Волидони Гулнигор ҳанӯз муҷаррад будани Порсоро шунида розигӣ доданд. «Ман намедонам, ки расму оини арӯсии шумо чӣ гуна аст ва домод бояд чиҳо биёрад. 5 ҳазор доллар медиҳам, барои ҳамдеҳагонатон ош диҳед. Сару либос ва зару зевари арӯсро худам аз хориҷа фармоиш дода мегирам. Тӯйро дар шаҳр, дар ягон тарабхонаи зебо мегузаронем”,- гуфт домоди аҷнабӣ ва чанд пачка пули хориҷиро дар рӯйи дастурхон гузошта омин кард. Бо дидани ин манзара чашмони Зарнигор қариб аз косахонаи сараш баромаданд. 

Оташи рашк

Дар тӯйи Гулнигор хешу табор, дугонаҳо ва ҳамкурсону ҳамкоронаш иштирок карданд. Зарнигор бо оғои Маҳдӣ ва ҷамъи ҳамкоронашон аз тарафи домод нишаста буданд. Ба Гулнигори саропо гулпӯш нигариста, ҳаваси Зарнигор меомад. Пайти муносиб ёфта, вай дар бехи гӯши оғои Маҳдӣ пичиррос зад: «Акнун навбати мо, биёед ана ҳамин хел тӯйи калон ороста издивоҷ мекунем…» Ошиқи пиракӣ бо шунидани суханони Зарнигор чунон баланд қоҳ-қоҳ зада хандид, ки толор аз хандааш ба ларза даромад. Зарнигор ҳайрон шуда сабаби хандаашро пурсид. «Ба пойи асп наъл задаанд, қурбоққа ҳам пояшро дароз кардааст. О ту куҷову Гулнигор куҷо?! Ин духтар хондагӣ бошад ҳам, иффату номусашро ҳифз кардааст. Духтари беномусро кӣ ба занӣ намегирад? Ту, агар як зарра ақл медоштӣ, ҳеҷ гоҳ бо хоҳиши худат ба оғӯши ман намедаромадӣ. Хоҳӣ, то он замоне, ки ҷавонию ҳусну тароват дорӣ, маъшуқаи ман мемонӣ, нахоҳӣ ихтиёрат, хонаро барои маъшуқаи ояндаам холӣ кун»,- бо заҳрханда ба Зарнигор нигариста гуфт раис. Зарнигор аз маъшуқа шуданаш сахт пушаймон шуд, вале дигар роҳи бозгашт надошт…

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД