formula
Ишқи кулфатбори духтари директор
3140

Саъбагул дар оилаи аълочии маориф Муҳаммадмурод Турсунов ба дунё омада бошад ҳам, мисли аксари духтарони деҳотӣ бар рағми анъанаҳои бобоӣ мубориза бурда натавонист. Аз овони кӯдакӣ ҳамеша ба ӯ талқин менамуданд, ки духтар бояд сарпаст бошад, ба муқобили калонсолон, хоса волидон ва хешу табор сухан нагӯяд, Саъбагул ин панду насиҳатҳоро дар гӯшаш ҳалқа карда буд, аммо билохира «сарпаст» будан ӯро бадбахт кард. Падараш директори мактаб ва марди бисёр сахтгир буд, байни фарзандони худаш ва фарзандони мардум фарқе намегузошт. Аъло мехонд Саъбагул, то нагӯянд, ки муаллимон ба духтари директор «через» мекунанд. Мехост дар мактаби олӣ таҳсилашро идома дода, мисли падари бузургвор омӯзгор шавад, вале «духтари сарпаст» буданаш ба рӯйи орзуҳои Саъбагул хати батлон кашид.

 Шикорчии худӣ
Писари аммааш Файзалии булҳавас ҳар гоҳ ба хонаи тағояш биёяд, бо ҳавас ба Саъбагул чашм ало мекард, вале духтари сода ин нигоҳҳоро бародарона мепиндошт, то даме, ки аммааш кулчаю тӯша бардошта ба хонаашон хостгорӣ омад. Падари омӯзгораш натавонист ба рӯйи апааш по монда хостгории ӯро рад кунад, ҳарчанд медонист, ки ҷиянаш ҷавонест майзадаву бекорхӯҷаву ношуд. Саъбагул нисбати Файзалӣ дар дилаш ба ҷуз нафрат дигар ягон ҳиссиёт надошт, аммо натавонист алорағми падар исён намуда барои расидан ба орзуҳои наҷиби дилаш мубориза барад. Вай ин ҳамаро аз тақдир дида номаи камоли саропо пур аз баҳои аълоро таҳи сандуқ ниҳод ва бо дили ғамбор дар тараддуди тӯйи арӯсиаш шуд.

 Ишқ, агар дар дил набошад…
Ҳамин тавр Саъбагули 17 соларо бо суруди «Ёр-ёр» ба хонаи бахташ гусел намуданд. Одатан арӯсакон ашк дар чашму ханда дар дил аз дари хонаи падар мебароянд, зеро аминанд, ки бо ёри дилхоҳ қасри бати худро хоҳанд сохт, вале Саъбагул аз тоифаи он арӯсакони хушбахт набуд. Вай ба роҳгумзадае монанд буд, ки ба ғори торике даромадаасту намедонад ин роҳи зулматбор ӯро ба манзили мақсуд мебарад ё ба гирдоби ғам меафканад…

Хиёнат
Зиндагии бе ишқ ва берангу бӯйи Саъбагул бо писари аммааш 7 сол давом кард. Дар тӯли ин солҳо вай борҳо аз шавҳари бангию бекорхӯҷааш мушту лагад хӯрда, ба беморхона афтид, вале ҳар дафъа сир бой надода «афтидам» мегуфт, зеро умед дошт, ки рӯзе ақли падари ду писараки маъюбаш ба сараш мезанад, вале беҳ нашуд, ки бадтар шуд. Файзалӣ ба подоши ин ҳама сабӯриҳо ба ӯ хиёнат кард. Файзалӣ кайҳо ба зани ғармиҷози ҷӯраи ҷониаш Абдулмаҷиди даюс чашм ало карда буд ва ниҳоят як рӯзи гарми баҳорӣ «ту фақат инвалид мезоӣ» гӯён, Саъбагулро мурданивор зад ва ҷомадони либосҳояшро гирифта бо ҳамон тарпоча ба Русия рафт. Саъбагули ноком дар ҳавлии падари Файзалӣ бо фарзандони маъюбаш гушнаю хору зору ҳайрон монд.

Ҳосили никоҳи хешу таборӣ
Писари калониаш Камолиддин солҳои дароз шал буд. Бечора бача як сол пас аз зиндаятим гаштанаш ин дунёро падруд гуфт. Пеш аз маргаш Камолиддин аз модараш хоҳиш кард, ки додаракаш Фазлиддинро эҳтиёт намояд. Фазлиддин он вақт ҳамагӣ 4-сол дошт ва солиму бардам буд, вале рафта-рафта ин кӯдак ҳам мисли акааш калавида-калавида роҳ мегаштагӣ шуд. Касе набуд, ки ба доди Саъбагул расад ва оқибат ин писараш ҳам аз пои равон монд. Ҳамчун барраи қурбонии никоҳи хешу таборӣ дар бистари беморӣ имрӯз хору зор хоб аст ва шабу рӯз роҳи падарашро мепояд, вале падари фарзандбезор ӯро ҳатто ба ёдаш намеорад. Файзалӣ дар Русия ба айшу ишрат машғул аст, номи Саъбагули нокому фарзандони маъюбашро вай кайҳо аз дафтари дилаш хат задааст…

 Маҳмадалӣ Раҳматов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД