Arzon march 2024
ИСТАРАВШАН: ҲАМСОЯ ҲАМСОЯРО КОРД ЗАД!
2661


Мардуми тоҷик мақоли пандомӯзе доранд: “Ҳамсояи наздик аз хеши дур беҳтар аст!”

Ин мақол бар он далолат мекунад, ки фарди тоҷик ва мусалмон бояд бо ҳаққу ҳамсояҳои худ муносибати нек дошта бошад ва ҳаргиз бо дасту забони худ дилу хотири ҳамсояро наозорад, вале афсӯс, ки на ҳар кас қудрати дарки маънии ин пандро дорад.

Бадбахтона, баъзе ба ном инсонҳое ҳастанд, ки натанҳо борҳо аз дастурхони ҳамсоя нон хӯрда, ба намакдон туф мекунанд, балки барои дупула гап метавонанд ҳатто қасди ҷони ҳамсояи наздики худ намоянд. Ҳодисае, ки дар Истаравшан сар зад, далели равшани ин гуфтаҳост.

Вазорати умури дохилӣ аз боздошти як марди 46-солаи сокини деҳаи Ниҷони Истаравшан бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатии шахси дигар хабар додааст. Мард дар сӯйиқасд ба куштори ҳамсояаш муттаҳам дониста мешавад.
Тавре ки манбаъ мегӯяд, шоми 6-сентябр ин марди 46-сола ба хотири қасос гирифтан бо корд мусаллаҳ гашта, ба хонаи ҳамсояи 29-солааш даромада, ба қафаси синааш корд задааст. Дар натиҷа ҷавони 29-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба бемористон интиқол ёфтааст.

Айни замон прокуратураи шаҳри Истаравшан нисбати гумонбар бо моддаҳои 32-104 и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз намуда, тафтишоти ҷузъиёти дигари ин ҳодисаи хунин аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД