Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Кӯлоб афзоиш ёфтааст
56

Дар нуҳ моҳи соли равон ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Кӯлоб 382 миллиону 679,5 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 26 миллиону 409,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Айни замон кишоварзони шаҳри Кӯлоб аз тамоми техникаи мавҷуда истифода бурда, ба маъракаи шудгору кишти тирамоҳӣ вусъат бахшидаанд. Онҳо мақсад доранд, ки рӯзҳои наздик нақшаи кишти тирамоҳиро бо сифати баланд анҷом диҳанд.

Дар ин рӯзҳо кишоварзони мамлакат бо истифода аз техникаҳои муосири кишоварзӣ ва дастрасӣ ба тухмиҳои хушсифати ба шароити иқлими минтақаҳо мутобиқ дар асоси тавсияи мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ба шудгору кишти ғалладонагӣ ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ вусъат мебахшанд.

Дар ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Кӯлоб 701 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият доранд. Бештари онҳо ба пахтакорӣ, зироаткорӣ, моҳипарварӣ ва дигар самтҳои хоҷагидорӣ машғул мебошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД