Давоми шаш моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ истеҳсоли моҳӣ ба 2002 тонна расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуда, ҳамзамон зикр гардид, ки барои рушди соҳаи моҳипарварӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 1300 адад кӯлҳои табиӣ, 8 адад обанборҳо ва 432 адад хоҷагиҳои моҳипарварӣ бо масоҳати умумии 45879 гектар, ки аз он 42931 гектар обанборҳо ва 2948 гектар ҳавзҳои моҳипарварӣ мавҷуд буда, барои истеҳсоли моҳӣ дар хоҷагиҳои моҳипарварӣ истифода бурда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади пешрафти минбаъдаи соҳа ва таъмини бозорҳои истеъмолӣ аз нимсолаи дуюми соли 2019 моҳипарварон аз пардохти 6 намуди андоз, аз ҷумла андоз аз воридоти технологияву таҷҳизот ва хӯрока озод шуданд.