Ту ҳоло чиро дар даст дорӣ?
На китоби дарсӣ. На монография. Ва ҳатто на дастуре бо услуби «чӣ гуна миллионер шудан».
Ин китобест, ки кумак мекунад, пеш аз он ки амал намоӣ - чизи асосиро дарк созӣ.
Ман медонам, ки дар бораи чӣ ҳарф мезанам.
Замоне ман худ як китоби дарсӣ бо номи «Асосҳои соҳибкорӣ» барои донишгоҳ навиштам. Беш аз 450 саҳифа: мафҳумҳо, ҷадвалҳо, схемаҳое, ки ҳамааш дуруст ва зарурӣ буданд.
Аммо медонӣ, ки дар он китоб чиро наёфтам?
Ҳамон боби муҳим, ки ҳар як соҳибкор бояд аз он оғоз кунад.
На боб дар бораи андоз ё таваккал.
На боб дар бораи бизнес-нақша ё модел.
Ҳатто на боб дар бораи фарҳанг ва ахлоқи соҳибкорӣ.
Манзури ман - боб дар бораи анатомияи ботинии кор аст. Дар бораи энергия. Дар бораи маъно. Дар бораи худи инсон.
Ман ба ин дидгоҳ на яку якбора, балки дар тӯли даҳсолаҳо расидам:
Ҳазорон донишҷӯ, садҳо лоиҳа, таҷрибаи бузург…
Ва як ҳақиқати оддӣ:
Бизнес аз формула оғоз намешавад. Он аз тарзи андешидан ва эҳсоси воқеият оғоз мегардад.
Аз инсон. Аз ту.
Барои ҳамин ту ҳоло ин китобро дар даст дорӣ - ҳамон боби нопурраеро, ки на танҳо ман, балки бисёриҳо надоштанд.
Дар ин ҷо схемаҳои хушк нестанд.
Аммо қиссаҳои воқеӣ ҳастанд. Челленҷҳо ҳастанд. Саволҳое ҳастанд, ки туро ба андеша мебаранд.
Ҳамроҳатон ду қаҳрамон хоҳанд буд: Эрудит ва Интуит - ду садое, ки баҳс мекунанд, илҳом мебахшанд ва ту онҳоро худат хоҳӣ шинохт.
Аммо муҳимтар аз ҳама - ин китоб дар бораи туст.
Ту - қаҳрамони асосӣ ҳастӣ.
Ту, ки мекобӣ, фикр мекунӣ, шубҳа ва санҷиш мекунӣ.
Ту, ки метавонӣ тиҷоратро ҳамчун роҳи эҷод, ҳал кардан ва таъсир расонидан бубинӣ.
Хуш омадӣ ба «Анатомияи бизнес» - истгоҳи аввали саёҳати ту дар «Асосҳои Бизнес 360».
Умедворам, ки ин китоб барои ту ба як рӯшноии ботинӣ табдил меёбад.
Аз китоби Шавкат Бозоров - «Анатомияи бизнес»
https://www.facebook.com/profile.php?id=61574708436821&rdid=Z54ay0UxV7vQ211n#