Arzon march 2024
КӮЧАГАРД
1908

 

- Ман аз як деҳаи дурдасти кӯҳистон ба хондан омадаам. Падарам мисли падари шумо ҷавон аз дунё гузаштаанду модарам шавҳар карда рафтаанд. Маро бибии модариям ба воя расондаанд, пас аз вафоти бибиям дар дунё бесоҳиб мондам. Бо қувваи худам ба донишгоҳ дохил шудаму имрӯз дар курси охирин мехонам. Чун зӯрам ба хароҷотҳои ҳаррӯза нарасид, ба шуъбаи ғоибона гузаштам, иҷоранишинам, аз ин рӯ мехоҳам чӣ қадар будани маошамро донам, - гуфт бо сари хам, гӯё талбиданӣ омада бошад Амирҷон.

- Дар аввал ду ҳазор сомонӣ маош мегирӣ, баъд агар корат хуб бошад, мебинем,- бо ханда гуфт Фарида ва ба сӯҳбат нукта гузошт,- Амирҷон худи ҳамон рӯз ба кор сар кард, зеро ин гуна маблағро ҳеҷ гоҳ дар даст надошт.

Устои гулдаст

Фарида пас аз Амирҷон ба назди Нишон шитофт то ба ӯ «миннатдорӣ» кунад, Амирҷон бошад, корашро аз азназаргузаронии коргоҳ сар кард…

Салимахон, дар маркази шаҳр хонаи сеҳуҷрагиеро дар ошёнаи якум харида, ба кошонаи ҳусн табдил дода буд, ки дар наздаш ҳавличаи хурдакаке низ дошт. Амирҷон корро аз ҳамин ҳавлича оғоз кард. Ӯ аз кадом сокини бино бел пурсида, дар ду соат ҳавличаро шудгор карду бо пули худаш рафта, ранги сабз харида, панҷараҳои атрофашро ранг молид.

Рӯзи дигар бо тартиби муайян ниҳолакони буттаҳои ороишотӣ ва гулҳои ҳархела шинонд, ки он ҳам аз пули худаш буд. Азбаски аввали баҳор буд, ниҳолҳо часпида сабз шуданд. Фарида ин тағйиротро дар атрофи бино дида, ба Амирҷон раҳмат гуфт, духтарон низ аз ин амали ҳамкори навашон хушнуд буданд, танҳо Фаима каме норизо менамуд. Як ҳафта пас аз ин Фарида ба нею нестони Амирҷон нигоҳ накарда, ба дасташ пул дод ва гуфт:

- Ту донишҷӯӣ, аз пули худат сарф накун!

Ин ғамхорӣ дар дили Амирҷон нисбат ба соҳибаи ҷавону меҳрубонаш меҳри дигарро бедор карду ҷавон ҳама обраву ҷумакҳои коргоҳро таъмир намуда, ҳар як ҳуҷраро алоҳида таъмири косметикӣ кард, азбаски худаш рассоми хубе буд, дар пушти дар номи коргоҳро бо ҳарфҳои рӯшани базеб навишта, расми духтари зебоеро кашид, ки дар бағалаш як сабад лолаҳои сурху зард дошт.

Фарида назди модар шабу рӯз коргари навашро таъриф мекарду Салима барои санҷидани кори ӯ ва шинос шудан бо Амирҷон ба коргоҳ омада, онро нашинохт! Чун Салима бо Амирҷон шинос шуд, зери лаб гуфт:

- Кошки насиби духтари эркаи ман мешудӣ ва ӯро ба роҳи одамгарӣ медаровардӣ!

Пас аз меҳмонӣ

Салима ба Фарида офарин гуфт, ки ҷавони ятимро ба кор гирифтааст ва аз ӯ хоҳиш кард, ки Амирҷонро ба хона даъват кунад, то ҷумаки ташнобро иваз кунад.

Рӯзи якшанбе субҳи барвақт Амирҷон ба хонаи сардораш омада, тамоми корҳои мардонаи ин хонаи бемардинаро иҷро карда, аз илтифоташон низ баҳравар гашта, сари як миз бо модару духтар нишаст, оши палав хӯрда, пули барои ҳаққи меҳнаташ дароз кардаро нигирифта, баромада рафт.

ҲАМЧУНИН, ХОНЕД:

ЗАНИ ДОДАРШӮ

Пас аз ин Амирҷон дар ин хона одами худӣ шуда монд. Салимахон чун фаҳмид, ки ҷавон иқтисоддони оянда аст, корҳои ҳисобу китоби корхонаро низ ба ӯ вогузор кард. Фарида ба ин ҷавони зебо ошиқ шуда буду дигар қадаме аз корхона берун намемонд. Пас аз чор моҳи кор як шоми серуни тобистонӣ Амирҷон ба Фарида изҳори ишқ кард:

- Фаридаҷон, ман чанд рӯз пас диплом мегирам ва ба кор медароям. Агар не нагӯӣ, дасти туро аз модарат мепурсаму хонадор мешавем. Хонаеро иҷора гирифта, тиҷоратамонро ривоҷ медиҳем, Худо хоҳад ман туро хушбахт мекунам…

Дили Фарида даруни синааш пар-пар занад ҳам, гӯё шарм дошту “модарам медонад” гӯён, аз назди ҷавон дур шуд. Аммо, Салимахон ин таклифи ҷавонро, ки сурхидаю шармида ба ӯ баён дошт, ба ҷон пазируфта гуфт:

- Амирҷон, Фаридаи ман низ мисли ту ятим аст. Ман туро ба ҷойи писарам медонам. Медонам, ки ҷавони ҳалол ҳастию қалби покиза дорӣ. Аз ин рӯ, духтарамро ҳамин тавр бо як пиёла оби никоҳ ба ту мебахшам. Ҳарду дар хонаи ман зиндагӣ кардан гиред, дар бораи тиҷорататон бошад, баъдтар гап мезанем….

 

Салимахон ба ваъдааш вафо кард, дар тарабхонаи бошукӯҳе тӯйи осмонкаф ороста, тақдири Фаридаю Амирҷонро ба ҳам пайваст. Дар тӯй аз тарафи домод Нишон иштирок дошту халос. Нишон аз макри Фарида огаҳ буд, гоҳ-гоҳе мардона дилаш ба ҳоли Амирҷони ятим месӯхт.

Шаби аввалро навхонадорон бо сӯҳбати ширину бӯсу канор рӯз карданд, зеро духтуре, ки Фаридаро ба ивази 1000-доллар «духтари катта» сохта буд, иҷозати рӯзи дигар ҳамхобашавиро дода буд. Амирҷони сода бошад, ба «метарсам» гуфтанҳои Фарида бовар карда, ба домони ифлосаш даст дароз накард.

Шаби дигар Фарида «духтар» баромаду Амирҷон бошад, ба тори анкабути ин бонуи айёр дармонд. Пас аз тӯй домоду арӯс як моҳ дар Фаронса моҳи асалашонро гузаронида омаданду Амирҷон бо тамоми ҳастияш ба кор часпид. Ӯ бо ёрии хушдоманаш чанд мағозаи либосҳои арӯсӣ ва кошонаҳои ҳусн кушод. Фарида низ шавҳарашро дӯст медошту то тавлиди писарчааш, танҳо бо ӯ ба кор мерафту меомад, вале...

Пас аз тавлиди писарчааш Фарида ёди ошноҳои деринааш карда, боре худро орою торо дода, назди Нишон рафт. Нишон Фаридаро қабул карда бошад ҳам, ба ӯ рӯи хуш надод. Баръакс насиҳаташ кард, ки ба Амирҷон барин ҷавонмарди меҳнатӣ ва писараки зебояшон хиёнат накарда, хонаи ҳалолашро ҳаром насозад.

 

ҲАМЧУНИН:

ФИҒОНИ ДИЛИ ФОҲИША

Ин насиҳатҳои ошиқи собиқаш ба Фарида нафориданду ба ҳофизе занг зад, ки як вақтҳо барои ӯ ҷонашро дареғ намедошт. Ҳофиз низ “ту шӯ кардаӣ, ман бо занони шавҳардор алоқа намекунам” гуфта, хоҳиши вохӯриро рад кард. Зани ба хуи бад одаткардаи пулмаст ба шикори ҳамбистари нав афтод, ҳарчанд ҳама атрофиён ҳаваси шавҳари ӯро мехӯрданд.

Давом дорад ...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД