formula55
КӮЧАГАРД (қисми 2)
1567

... Давомаш

Фарида пас аз таваллуди фарзанд зиёдтар зебою барно шуда буд, акнун худашро чун парӣ орою торо дода, ба кор мерафт. Амирҷон аз ӯ хоҳиш кард, ки аз пайи кор нашуда, Азизҷонро нигоҳубин намояд, аммо Фарида “ман миёни чор девор мекафам” гуфта, писарашро ба доя дода, ба кор оғоз кард.

Фарида пули хубе меёфту хӯроки нисфирӯзиро дар тарабхонаҳои беҳтарин мехӯрд. Рӯзе ҳангоми аз тарабхона баромадан мошинаш ба мошини гаронбаҳое вохӯрду соҳиби мошин мансабдори аз ӯ 30 сол калон Фаридаро ба домаш кашид. Аниқтараш ин марди калонсолу хушсалиқаи зебо ба Фаридаи булҳаваси мардакбоз маъқул афтод.

Акнун ошиқон қариб ҳар нисфирӯзӣ бо ҳам буданд, гоҳе ба тарабхона мерафтанд, гоҳи дигар дар хонаи алоҳидаи мард ба фисқу фуҷур машғул мешуданд.

Як рӯз Назаралӣ ба Фарида гуфт:

- Ҷон, чӣ мешавад, ки фардо тамоми рӯзатро ба ман бахшӣ ва ба Варзоб рафта, чорта ҳавои тоза хӯрем?

Фаридаи ба оғӯши марди бегона одаткарда ҳамон бегоҳ барвақттар ба хона рафта, хизматгорзанро ҷавоб доду худаш барои аҳли оила оши палав пухт. Амирҷон ба хона омада, Фаридаро сари дегу табақ дида, бо меҳр аз миёнаш оғӯш карда, мӯйҳои парешонашро бӯсид ва гуфт:

- Ошпази меҳрубони ман, ақаллан ба сарат ягон рӯймол банд.

Он шом аҳли оила нишасти хубе доштанд, Салимахон Азизҷонро бо худаш ба хонаи хобаш бурду Фарида худро ба оғӯши шавҳараш зада гуфт:

- Пагоҳ як мизоҷи кӯҳнаам духтарашро ба шавҳар медиҳад. Ҳардуи моро ба тӯй даъват кардааст. Меравем?

ҲАМЧУНИН, ХОНЕД:

ФИҒОНИ ДИЛИ ФОҲИША

Фарида нақшаи пешакӣ кашида буд, дар ҳолати ба тӯйравӣ розӣ шудани Амирҷон, мехост рӯзи дигар худро бемор сохта, дурӯғашро пинҳон кунад, вале…

- Азизам, ман фардо бояд ба Хуҷанд равам. Самолёт аз он тараф соати 19-и бегоҳ мепарад. Худат рафта табрик карда биё. Ба ҳар ҳол, мизоҷи кӯҳнаат будааст, - гуфт Амирҷон.

 

Ҷазои Худо

Рӯзи дигар соати ёздаҳ Фарида мошинашро назди коргоҳаш монда, ҳамроҳи Назаралӣ ба сӯи Варзоб роҳ пеш гирифтанд. Мошин пайроҳаҳои печ дар печи кӯҳиро паси сар карда, назди бӯстонсарои зебое истод. Ошиқу маъшуқ он рӯз то фаро расидани торикӣ ба айшу нӯш машғул буданд.

Фарида ба шиками дамида пойҳои борик ва гардани пажмурдаи ошиқи пираш нигариста, қомати базеб ва бозувони мармарини шавҳараш пеши назараш меомаданд. Худашро мазаммат мекард, ки ба чунин инсони хуб ва марди зебо хиёнат мекунад, вале боз худро тасаллӣ медод, ки дунё ду рӯз асту фароғат лозим.

- Ҷон, ту дар ҳаму лох ҳайф шудаӣ. Ҷудо шав, худам зани дуюм карда мегирамат,- риштаи фикрҳои варо бурида, бо табассуми аблаҳона гуфт Назаралӣ.

Аз ин суханони ошиқаш хун ба сари Фаридаи сияҳмаст зад ва бо нафрат гуфт:

- Ту шавҳари маро надидаӣ, пас аз куҷо медонӣ, ки ӯ лох аст?

Назаралӣ дар посух хандае карда, нописандона гуфт:

- Агар лох набоша, занаш тайи пои бегонаҳоро авло медонад?

- Медонӣ каргаси пир, ту ҳатто ба нохуни пойи шавҳари ман намеарзӣ, ин манам фоҳишаи худозада, ки ба ӯ хиёнат мекунам!

Фарида инро гуфту ба шаст, аз бӯстонсаро берун шуд, Назаралӣ низ аз қафояш набаромад. Мошине, ки Фаридаи маст дар он савор шуда, ҷониби шаҳр меомад, ба дарёи Варзоб парид, ҷасади ронанда ва ду мусофирашро баъди як ҳафта пайдо намуданду ҷасади Фаридаро бошад баъди даҳ рӯзи ҷустуҷӯҳо…

Ба ҷойи писар

Шояд касе намедонист, ки Фарида ба дарё рафтаасту ҷасадаш низ хӯроки моҳиёни дарё мешуд. Танҳо баъди ду рӯзи бедарак шудани Фарида, Фаима рақамҳои мошини Назаралиро, ки бори охир Фарида ба он савор шуда буд, ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ гуфт.

Фаима он рӯз тасодуфан дида буд, ки соҳибаи корхонаашон ба мошини гаронбаҳои хориҷӣ бо рақамҳои тиллоӣ савор шуда рафт. Назаралӣ дар пурсиш иқрор шуд, ки Фарида маъшуқааш буду ҳамон шаб ҷанг карданд…

Амирҷон баъди ин фоҷиа хост хоначае харида, писарашро гирифта равад, вале Салимахон бо гиряву зорӣ пеши пойи домодаш афтида, ба ҷойи духтари зинокораш узр пурсиду пас аз додани соли Фарида, духтари додарашро ба никоҳи домодаш даровард.

Имрӯз Амирҷону занаш хизмати Салимахонро мекунанд. Ин зани тири сӯзони қисматхӯрда Худоро шукр мекунад, ки Худованд дар охири умраш ӯро соҳиби писар гардонид. Салимахон тамоми дороияшро ба номи Амирҷон гузаронида, худаш ба тарбияи набераҳояш, ки акнун чор нафаранд бахшидааст. Ҷиян- келинаш омӯзгори забони англисист. Аҷаб гардишҳое дорад, ин чархи гардон…

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД