Дар вилояти Хатлон кӯдаки 5-сола, сокини ҷамоати Сафобахши ноҳияи Данғара ба канали обёрии РЧ-2 афтода, ҷон бохтааст.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, ҳодиса шоми 27-уми апрел рух дода, ҷасади кӯдак рӯзи баъдӣ дар натиҷаи корҳои ҷустуҷӯиву наҷотбахшӣ аз ҷониби кормандони дастаи махсуси наҷотбахши минтақаи Кӯлоб пайдо ва ба волидонаш супорида шудааст.
Мақомот аз падару модарон даъват мекунанд, ки дар мавсими гармо ва таътили мактабӣ кӯдаконро беназорат нагузоранд.