Formula july 2024
Хабаргузориҳо: Иброҳим Раисӣ ва ҳамроҳонаш ба ҳалокат расиданд
329

Наҷотдиҳандагони эронӣ гуфтанд, ки дар пайи суқути чархболи ҳомили Иброҳим Раисӣ, президенти ин кишвар ва Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷӣ, касе зинда намондааст. Дар ин бора Рейтерс ва ББС дар такя ба мақомдорони эронӣ бидуни зикри ном хабар додаанд.

Гуфта мешавад, ки мусофирони чархбол Иброҳим Раисӣ, раисиҷумҳури Эрон, Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷӣ, Малик Раҳматӣ, устондори вилояти Озарбойҷони Шарқӣ, Муҳаммад Алӣ ал-Ҳошим, имоми ҷамоати устони Табрез ва халабонҳо будаанд. Чархбол рӯзи якшанбе дар кӯҳҳои шимолу ғарби Эрон, дар наздикии марз бо Озарбойҷон ва Туркия, бо сабаби номусоидии ҳаво, аз ҷумла туману борон суқут кардааст.

Раисӣ аз устони Озарбойҷони шарқии Эрон, дар марз бо Озарбойҷон бармегашт, ки дар он ҷо бо Илҳом Алиев, президенти Озарбойҷон, дар маросими ба истифода додани сарбанд дар рӯдхонаи марзии Аракс ширкат карданд.

Бояд гуфт, ки фаъолияти Раисӣ дар самти хидмати давлатӣ аз соли 1981, замоне оғоз шуд, ки ӯ ба курсии прокурори шаҳри Караҷ нишаст. Ӯ соли 2014 Додситони кулли Эрон таъйин шуд ва дар соли 2019 раҳбарии ниҳодҳои қазоии ин кишварро бар дӯш дошт.

Раисӣ дар талоши дувуми худ раисиҷумҳури Эрон шуд. Соли 2017 ӯ дар интихоботи президентӣ ба Ҳасани Рӯҳонӣ мағлуб гардид, вале соли 2021 бо 72% овозҳо пирӯз шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД