Душмани бе калла
Набера аз бобо пурсид:
- Бобо, ту дар ҷанг будӣ?
Бобо:
- Бале бачам, ҳатто ба пойи як немис паррондам.
Набера:
- Бобоҷон, чаро якбора ба сараш неву ба пояш паррондӣ?
Бобо:
- Охир, вай аллакай бе калла буд, бачам.
Ид
Аз майхорае пурсиданд:
- Ту арақ менӯшӣ?
Гуфт:
- Танҳо рӯзҳои ид.
- Кадом идро дар назар дорӣ?
Гуфт:
- Рўзе, ки арақ ёбам, ҳамон рӯз бароям ид аст.
Дӯзах
Духтар ба падар мегӯяд:
- Дада, ман наметавонам бо Илҳом оиладор шавам. Ӯ ба вуҷуд доштани дӯзах бовар надорад.
Падар дар ҷавоб:
- Э духтари сода, зудтар розӣ шав! Ту бо модарат зуд хатояшро собит менамоед!
Тир
Афсар аскари қаториро сарзаниш мекунад:
- Ман ба ту чанд бор гуфтам, ки аввал бояд тири ҳушдордиҳанда парронӣ!
Аскар:
- Ман ҳамин тавр кардам.
Афсар:
- Аблаҳ, ба сараш чаро паррондӣ?
Аскар:
- Барои он ки зудтар фаҳмад.
Қарта
Шавҳар дӯстонашро ба хона оварда, чун ҳамеша қартабозӣ мекунанд. Соати панҷи субҳ ҳеҷ бозии онҳо тамом намешавад. Баногаҳ зан бо доду вой ба хона даромада, мегӯяд:
- Ҳамаатон аз хонаи ман дафъ шавед!
Шавҳар мегӯяд:
- Нисо, дод назан, аллакай ин хонаи ту нест!
Орзу
Аз марде пурсиданд:
- Чӣ орзу дорӣ?
Мард:
- Шаробро партофтан.
Гуфтанд:
- Парто охир.
Мард гуфт:
- Бе орзу чӣ тавр зиндагӣ кунам?