arzon replenishment
Примадонаи тоҷик 65 сола шуд!
6917

 

Сурайё Қосимова, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, модари Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед, яке аз ҳунармандони шинохтаи Тоҷикситон ба синни 65 солагӣ расид. Ӯ зодаи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мебошад.

_17

Сурайё Қосимова, дар оилаашон ягона шахсе нест, ки ба рақсу суруд дилбастагии зиёд дорад. Ӯро ҳунари нотакрори Садбарг Қосимова, яъне апааш, ки унвони ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон дорад, ба дунёи ҳунар ворид намуд ва шавқу рағбати ӯро ба фарҳанг бештар кард. Ин ҳунарманди асил бештар бо хондани сурудҳои халқӣ машғул буда, бо садои ҷозибанокаш дили ҳамаро тасхир кардааст.

яя

Сурайё Қосимова аз издивоҷи аввалаш Шабнам (1981) ва Рӯзимоҳро таваллуд намудааст. Издивоҷи дуввумаш, ки корманди ҳифзи ҳуқуқ Хуршед Рабиев буд, Фарзонаро ба дунё овард. Эмомалӣ, ки писари ягонаи хонадонашон буд, бо бемории саратон дар 16-солагӣ аз олам гузашт.

Моҳи сентябри соли 2020 наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд, ки маросими тӯи Сурайё Қосимова, аниқтараш маъраки никоҳи ӯ расонаӣ гашт.

photo_2022-04-21_10-41-17

Баъдан маълум шуд, ки Сурайё бо Пӯлод Шаропов, ки соҳибкор ва варзишгар мебошад, ба шавҳар баромад

Номгӯи сурудҳои Сурайё Қосимова хеле зиёд буда, матни аксари сурудҳояш халқӣ мебошад. Мардуми мо ин сабкро бештар дӯст медоранду гӯш мекунанд, дар якҷоягӣ бо овози Сурайё Қосимова хеле ҷаззоб садо медиҳад. Аз ин ҷост, ки оҳангу судрудаҳои ин бонуи саропо ҳунарро меписанданду гӯш мекунанд ва ба дили халқ мавқеи худро касб кардааст. 

photo_2022-04-21_10-41-19

Сомонаи “Оила ТҶ” Сурайё Қосимова, ин бонуи саропо ҳунарро ба мелоди умрашон муборак мегӯянд ва ба ӯ саломатӣ ва тани сиҳатро таманно доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД