Commerce bank may-june 2026
ТОЛЕЪНОМАИ 3-ЮМИ ИЮЛИ СОЛИ 2026
1531

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз бештар бо наздикон ва шахси дӯстдоштаатон вақт гузаронед. Суҳбати самимӣ рӯҳияатонро болида месозад ва муносибатҳоро мустаҳкам мекунад. Барои оғоз кардани корҳои муҳим ё мулоқотҳои ҷиддӣ рӯзи муносиб нест. Дар ҷои кор бо сабру таҳаммул рафтор кунед, то аз баҳсҳо канорагирӣ намоед. Гарчанде хароҷот зиёд шавад ҳам, эҳтимол онро даромади ғайричашмдошт ҷуброн кунад. Ба ғизо ва саломатии худ бештар аҳамият диҳед.

Савр (21 апрел-21 май)

Дар масъалаҳои ошиқона шитоб накунед ва эҳсосотро аз рӯи ақл идора кунед. Агар чанд вақт боз мушкилоти хурд оромиятонро халалдор мекард, ба зудӣ вазъ беҳтар мешавад. Аз шикояти зиёд худдорӣ кунед ва пеш аз ҳар қарор хуб андеша намоед. Имрӯз сарфакорӣ барои шумо хеле муҳим аст. Аз ҳад зиёд худро хаста насозед, зеро истироҳат ҳам барои саломатӣ зарур аст.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Агар эҳсос кунед, ки муносибат бо шахси дӯстдошта сард шудааст, кӯшиш кунед бештар якҷоя вақт гузаронед. Корҳои рӯзгор набояд шуморо аз имкониятҳои хуб дур созанд. Дар ҷои кор ба ҳамкорӣ аҳамият диҳед, зеро натиҷаи кори дастаҷамъона беҳтар хоҳад буд. Дар хароҷот эҳтиёткор бошед ва маблағатонро беандеша сарф накунед. Бегоҳ барои истироҳат вақт ҷудо кунед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз аз ҷониби шахси дӯстдошта меҳру муҳаббати самимӣ эҳсос хоҳед кард. Ҳатто агар баъд аз нисфирӯзӣ нофаҳмие пеш ояд, бо сабру оромӣ онро ҳал кардан мумкин аст. Дар ҷои кор метавонед ҳамкоронро муттаҳид намуда, ба натиҷаи хуб ноил шавед. Агар муддати дароз истироҳат накарда бошед, вақти муносиб барои нақшаи сафар фаро расидааст.

Асад (23 июл-23 август)

Рӯзи ошиқона ва пур аз эҳсосот дар пеш аст. Бо вуҷуди ин, кӯшиш накунед ба дигарон ҳамеша дарс диҳед, зеро ин метавонад боиси ранҷиш гардад. Пеш аз оғози кори нав аз шахсони соҳибтаҷриба маслиҳат пурсед. Дар масъалаҳои молиявӣ ҳушёр бошед ва ба ҳар пешниҳод зуд бовар накунед. Имрӯз бештар истироҳат кунед ва худро аз кори зиёд эмин нигоҳ доред.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Дар хотир доред, ки одами комил вуҷуд надорад. Ба ҷойи эродгирӣ, кӯшиш кунед шахси дӯстдоштаатонро ҳамон гуна, ки ҳаст, қабул намоед. Пешниҳодҳои нави кориро бодиққат баррасӣ кунед, зеро онҳо метавонанд барои шумо судманд бошанд. Аз харидҳои эҳсосӣ худдорӣ кунед. Нимаи дуюми рӯз нерӯи зиёд хоҳед дошт, онро ба корҳои дӯстдоштаатон равона созед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз эҳсосотро як сӯ гузошта, бо ақли солим қарор қабул кунед. Муошират бо кӯдакон ё наздикон табъатонро болида месозад. Агар дар атрофатон шахсе бошад, ки ҳамеша нерӯятонро кам мекунад, аз ӯ каме фосила гиред. Бахт боз ба рӯятон механдад ва мушкилиҳои рӯзҳои охир тадриҷан ҳал мешаванд. Шомро бо китоб ё мусиқии дӯстдошта сипарӣ кунед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Агар аз фишори рӯзгор хаста шуда бошед, вақти худро бо дӯстдошта ва дӯстони дерина гузаронед. Барои нигоҳ доштани оромии хонаводагӣ гузашт карданро омӯзед. Дар масъалаҳои корӣ беҳтараш оғози корҳои навро ба ҳафтаи оянда гузоред. Имрӯз имкони беҳтар шудани вазъи молиявӣ вуҷуд дорад. Агар аз ғизои нодуруст нороҳатӣ эҳсос кунед, вақти иваз кардани реҷаи хӯрок расидааст.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Ба ваъдаҳои додаатон содиқ бошед, зеро ин эътимоди наздиконро бештар мекунад. Барои беҳтар кардани фазои хона ва роҳати оила вақт ҷудо намоед. Рӯз барои кор, тиҷорат ва амалӣ кардани ғояҳои нав хеле мусоид аст. Агар муддати дароз нияти харидани чизеро доштед, имрӯз фурсати муносиб аст. Саломатӣ ва рӯҳияатон низ дар сатҳи хуб қарор хоҳад дошт.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Барои расидан ба орзуҳо танҳо бахт кофӣ нест, меҳнат низ зарур аст. Имрӯз бо наздикон меҳрубонтар бошед ва эҳсосоти худро пинҳон накунед. Дар рӯзҳои наздик ба масъалаҳои корӣ диққати бештар диҳед, зеро онҳо барои ояндаи шумо муҳим мешаванд. Хабаре, ки мешунавед, метавонад нақшаҳои молиявиатонро тағйир диҳад. Ба ғизои худ гуногунрангӣ ворид кунед.

Далв (21 январ-20 феврал)

Имрӯз эҳтимол дорад шоми хотирмонеро бо шахси дӯстдошта сипарӣ кунед. Дар муносибат бо фарзандон сабр нишон диҳед ва онҳоро бо меҳрубонӣ роҳнамоӣ кунед. Барои пешниҳод кардани идеяҳои нав ба роҳбарият рӯзи хуб аст. Имкони беҳтар шудани вазъи молиявӣ вуҷуд дорад. Аз кори аз ҳад зиёд худдорӣ намоед, зеро фишори асаб метавонад ба саломатӣ таъсир расонад.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Сафари муштарак бо шахси дӯстдошта муносибати шуморо боз ҳам қавитар мекунад. Хабаре аз як шиноси дерина мешунавед, вале беҳтараш ба он зуд хулоса набароред. Агар ба тиҷорат машғул бошед, пеш аз ҳар қарор нақшаи молиявиро бодиққат баррасӣ кунед. Ҳангоми имзои ҳуҷҷатҳои муҳим тамоми шартҳоро санҷед. Барои нигоҳ доштани саломатӣ аз асабоният ва хастагии зиёд дурӣ ҷӯед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД