Мазза
Марде зариф зани ҷамилаеро дида гуфт:
- Чӣ шавад, эй хотун, агар рухсат фармоӣ, ки туро бичашам ва чошнӣ гирам, то бубинам, ки ту ширинтарӣ ё зани ман.
Зан гуфт:
- Бирав, аз шавҳарам бипурс, ки ҳардуро чашидааст, то ӯ хотирнишони ту кунад.
Тифли панҷрӯза
Марде зане гирифт, рӯзи панҷум занаш фарзанде таваллуд кард. Мард ба бозор рафта, дафтару китоб харида овард. Аз ӯ пурсиданд:
- Лавозимоти мактабиро баҳри чӣ харидӣ?
Мард гуфт:
- Тифле, ки дар панҷрӯзагӣ таваллуд шудааст, дар серӯзагӣ ба мактаб меравад.
Бекорам
Харе ҷон медод. Рӯбоҳе болои сараш омад.
Хар гуфт:
- Чаро ин ҷо нишастаӣ?
Гуфт:
- Нишастаам, ки ту бимири, аз гӯштат бихӯрам.
Хар гуфт:
- Ман то чоршанбе нахоҳам мурд!
Рӯбоҳ гуфт:
- Ман ҳам то рӯзи ҷумъа бекорам.
Рамазон
Зоҳиде дар маҷлис мегуфт:
- Оё моҳи рамазон аз мо хушнуд рафт?
Зарифе гуфт:
- Бале, хушнуд рафт.
Зоҳид пурсид:
- Аз куҷо медонӣ?
Гуфт:
- Аз он ҷо ки агар хушнуд наравад, соли дигар боз наояд.
Шӯрбо
Араберо гуфтанд:
- Шумо шӯрбои гармро чӣ меномед?
Гуфт:
- Каллаҷӯш.
Гуфтанд:
- Агар шӯрбо сард шавад, онро чӣ меномед?
Гуфт:
- Мо намегузорем, ки шӯрбо сард шавад.
Мошин
Духтарак ба падар мегӯяд:
- Дадаҷон, мошинатро ба ман медиҳӣ? Барои як рӯзак!
Падар дар ҷавоб:
- Духтарҷон, пойҳоят барои чиянд?
Духтар мегӯяд:
- Яктояш барои тормоз, дигараш барои газ!