35 years of independency
Хатнаи хонагӣ бо фоҷиа анҷомид: табиб боздошт шуд
71

Хатнаи хонагӣ бо фоҷиа анҷомид: табиб боздошт шуд

Дар шаҳри Новокузнетски Русия амалиёти хатна дар шароити хона бо оқибатҳои вазнин анҷом ёфт. Дар пайи хатогии эҳтимолии табиб кӯдак ба сирояти хун гирифтор шуда, барои наҷоти ҷони ӯ табибон маҷбур шудаанд узви мардонаи ӯро бурида партоянд.

Бино ба иттилои Telegram-канали «Baza,», хонавода барои анҷом додани амалиёти хатнаи писари хурдсолашон ба табиби шинос - Бахтиёр Ш.-и 36-сола муроҷиат кардаанд. Ӯ дар яке аз дармонгоҳҳои маҳаллӣ ба ҳайси уролог фаъолият дошта, ба гуфтаи наздикони кӯдак, ҳамчун мутахассиси ботаҷриба ва хушмуомила шинохта мешудааст.

Аммо амалиёт, ки мебоист дар шароити хона анҷом дода мешуд, ба ҳодисаи вазнин табдил ёфтааст. Тибқи маълумоти аввалия, кӯдак гирифтори беморие будааст, ки табиб ҳангоми анҷом додани амалиёт онро ба назар нагирифтааст. Дар натиҷа, дар организми кӯдак сирояти хун оғоз шуда, вазъи саломатии ӯ бад шудааст.

Кӯдакро фавран ба беморхона интиқол додаанд. Табибон барои наҷоти ҷони ӯ маҷбур шудаанд амалиёти ҷарроҳии вазнин анҷом дода, узви мардонаи кӯдакро бурида партоянд.

Дар робита ба ин ҳодиса Кумитаи тафтишотии Русия парвандаи ҷиноӣ боз карда, урологи 36-соларо боздошт намудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД