Gazprom july 2025
Хумор (ҚИСМИ 1)
671

Хуморро шабона фишори хунаш баланд шуду писаронаш ӯро фавран ба беморхонаи таъҷилии пойтахт бурданд. Хумор беҳушу беёд дар шуъбаи эҳё хоб буду писаронаш дар роҳрави беморхона гирён интизорӣ мекашиданд.

Духтури навбатдор - ҷавонзани хеле зебои ситорагарм Нишона Руминова онҳоро бо хушгуфторӣ ором карда, гуфт:

- Додарони муҳтарам, зиқ нашавед. Аввалаш, ҳамааш дар дасти Худованд, баъдан, мо ҳама кори аз дастамон меомадаро мекунем, то каме ҳам бошад, ба модари азиз шифо бахшем.

Ромиш ба чашмони мешии сиёҳи табибзан нигоҳ карда, аз дил гузаронд: “Тавба кардам, Худо, ин ҷавонзан инқадар ба модари мо монанд аст, гӯё фарзанди модари ман бошад. Аҷаб шабоҳате доранд бо ҳам, ҳатто садояш мисли садои очаам”.

Нишона баъди ба ҳуш омадани бемор ба ӯ сӯзандору гузарониду бо ширинзабонӣ гуфт:

- Холаҷон, ба худ омадед? Саратон аз дард монд?

Хумор-хола бодиққат ба чеҳраи ин ҷавонзан нигоҳ карду якбора гирист.

- Чӣ шуд, холаҷон?

Нафаси Хумор-хола якбора гирифту чизе гуфтан хост, аммо боз аз ҳуш рафт. Нишона боз ҳамшираро фарёд карду ба ӯ қатраҳои оромибахшро васл карданд.

Хумор-хола баъди ду соат чашм кушоду табибзанро надид, ҳамшираи шафқат болои сараш меистод.

- Хоҳарҷон, он ҷавонзани зебо куҷо шуд?

- Нишона Руминова? Он кас навбатдориашон ба анҷом расиду ба хонаашон рафтанд. Он кас ҳам модарашон дар хона бистарӣ аст.

- Оҳ... Зери лаб Хумор-хола мегуфт: “Ин зан ба ваъдааш вафо карда, ӯро Нишона ном ниҳодааст. Пас ин ҷавонзан духтари калонии ман аст бе шубҳа. Шабеҳи ҷавонии худам аст”.

Хумор боз гирён шуд. Зиндагии талхаш пеши чашмонаш падидор гашт мисли кинои ҳиндӣ.

Хумор духтари ягонаи хонадон буд. Падару модараш духтари яккаву ягона гӯён аз ӯ чизеро дареғ намедоштанд. Хумор ба донишгоҳи тиббӣ дохил шуду дар курси якуми хондан бо ҷавоне аз Хатлон шинос шуд. Бо як дидан бо ҳам меҳр бастанд. Ҷавон аз оилаи камбизоат буду писари шашуми хонавода. Нияти зангирӣ дошт, аммо падару модараш мегуфтанд, ки “аввал ду акаҳои дигаратро зан медиҳем, баъд навбати ту. То донишгоҳро хатм накунӣ, зан нест барои ту”.

Хумор бо Ромиз девонавор ошиқӣ мекарданд. Кор ба он дараҷае расид, ки бо ҳам муносибати наздик пайдо карданд бидуни никоҳ.

Хумор ҳис мекард, ки дилаш тез-тез беҳузур шуда, ба бӯйи пиёз тоқат надорад. Аз Ромиз хоҳиш кард, ки ҳарду пинҳонӣ ба назди ягон табиби занона бираванд. Холаи Ромиз дар таваллудхона кор мекард. Ба назди ӯ рафтанд. Баъди ташхиси УЗИ гуфт, ки Хумор дар батнаш тифли 5-моҳа дорад, ҳатто ҷинси духтарча буданаш аниқ аст.

Хумор ба тарс афтода, аз ӯ зорӣ кард, ки ба хонаи онҳо хостгор фиристад, худаш ҳама хароҷоти тӯйро ба дӯш мегирад. Аммо Ромиз аз қаҳру ғазаби падар тарсида, гуфт, ки “ман туро айни замон ба занӣ гирифта наметавонам, аз холаам зорӣ мекунам, ки тифлро исқоти ҳамл бикунад”.

Онҳо аз холаи Ромиз илтимос карданд, ки тифлро исқоти ҳамл бикунад, аммо ӯ гуфт, ки вазни кӯдак калон аст ва ҳеч кор карда намешавад. Танҳо як роҳ аст, Хумор камтар шикамашро бо эҳтиёт баста мегардаду либосҳои кушод мепӯшад, то ҳомила буданаш аён нагардад. Сипас, дар моҳи ҳафтуми ҳомилагӣ ба воситаи ҷарроҳӣ кӯдакро мегиранду ба ягон хонаводаи бефарзанд медиҳанд. Ба ивазаш ин одам ба Ромиз пули як мошинро медиҳад. Онҳо розӣ шуданд.

Вақте ки тифлро ба воситаи ҷарроҳӣ гирифтанд, Хумор беҳуш хоб буд. Баъди бедор шуданаш аз холаи Ромиз зорӣ кард, ки як боракак тифлро бубинад. Аммо холаи Ромиз гуфт, ки тифлро аллакай гирифтааст як оила ва суроғаашонро намедонад.

Хумор пеши пойи холаи Ромиз афтода, зорӣ кард, ки номи духтарчаашро бигузор ин оила Нишона гузоранд.

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД