Маҳсулоти лозима:
200 грамм гўшти мурғ, 150 грамм ананаси очонидашуда, 70 грамм панири сахт, 1 калла сирпиёз, майонез, мурч.
Тарзи таҳия:
Гўшти обпази мурғро чоркунҷа ё наргисӣ реза кунед. Оби ананаси очонидашударо полонида, ҳамчунин чоркунҷа реза кунед. Панирро аз турбтароши сӯрохиҳояш хурд гузаронед. Сирпиёзро реза карда, бо майонез омехта намоед. Ба зарф мурғи реза, ананас ва панирро гирифта, бо майонезу сирпиёз омезед.