goodwell
Толеънома 29-уми ноябри соли 2026
168

Толеънома 29-уми ноябри соли 2026

Ҳамал (Овен)

Имрӯз барои вохӯриҳои ошиқона рӯзи мусоид аст. Агар мунтазири пешниҳоди издивоҷ бошед, шояд вақти он расидааст, ки худатон ташаббус нишон диҳед. Дар баъзе ҳолатҳо ба мушкилот рӯ ба рӯ мешавед, аммо дӯстону наздикон шуморо дастгирӣ хоҳанд кард. Дар кор ҳадафи мушаххас гузошта, барои расидан ба он пайваста кӯшиш намоед. Имконияти беҳтар кардани вазъи молиявӣ низ вуҷуд дорад. Ҳангоми рондани мошин эҳтиёткор бошед ва суръатро баланд накунед.

Савр (Телец)

Имрӯз дар муносибатҳои ошиқона эҳтимоли нофаҳмӣ ва баҳсу мунозира вуҷуд дорад. Кӯшиш кунед, ки ҳар сухани нохушро ба дил нагиред ва барои масъалаҳои ночиз асабонӣ нашавед. Агар миёни шумо ва шахси дӯстдоштаатон нофаҳмӣ пайдо шавад, каме фурсат диҳед ва диққататонро ба корҳои дигар равона созед. Дар фаъолияти корӣ аз усулҳои кӯҳна даст кашида, роҳҳои навро ҷустуҷӯ кунед. Барои сармоягузорӣ шитоб накунед. Рӯзҳои наздик рӯҳия ва неруи шумо беҳтар мешаванд.

Ҷавзо (Близнецы)

Имрӯз дар муносибатҳои ошиқона ба шахси интихобкардаатон фишор наоред ва барои қабули қарор ӯро шитоб надиҳед. Беҳтараш корҳоро бо тартиби муқаррарӣ пеш баред. Ба аҳли оила бештар вақт ҷудо карда, аз ҳолу аҳволи падару модар ва дигар хешовандон хабар гиред. Дар кор, агар ба ҳисси пешбинии худ эътимод кунед, ба натиҷаҳои хуб мерасед. Барои соҳибкорӣ низ давраи мусоид аст. Бо вуҷуди ин, аз ҳад зиёд хаста нашавед ва ба саломатии худ диққат диҳед.

Саратон (Рак)

Имрӯз лаҳзаҳои ширину хотирмон дар муносибатҳои ошиқона шуморо интизоранд. Аз фурсат истифода бурда, ба шахси дӯстдоштаатон меҳру муҳаббати худро нишон диҳед. Ҳамчунин, вақти бештарро ба корҳои хона ва аҳли оила ҷудо кунед. Барои оғози музокироти ҷиддӣ ё тарҳрезии нақшаҳои дарозмуддат шитоб накунед. Вазъи молиявӣ метавонад муваққатан душвор гардад, бинобар ин хароҷотро маҳдуд созед. Аз истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ, ғизои вазнин ва маҳсулоти шубҳанок худдорӣ намоед.

Асад (Лев)

Вақтҳои охир шояд нисбат ба муносибатҳои ошиқонаи худ шубҳа пайдо карда бошед. Кӯшиш кунед эҳсосотатонро дуруст муайян намоед. Ба падару модар низ таваҷҷуҳ зоҳир карда, онҳоро ба меҳмонӣ даъват кунед ё барои аҳли оила дастархони муштарак ороед. Дар ҷойи кор эҳтимоли баҳсу нофаҳмӣ вуҷуд дорад, бинобар ин аз одамони асабхаробкунанда дурӣ ҷӯед. Агар тиҷорати шахсӣ дошта бошед, робитаҳои кориро васеъ кунед. Барои мустаҳкам кардани масунияти бадан низ чора андешед.

Сунбула (Дева)

Имрӯз дар муносибатҳои ошиқона шитоб накунед ва ба шахси дӯстдоштаатон барои қабули қарор фурсат диҳед. Шояд баъзан чунин намояд, ки шарикатон озодии шуморо маҳдуд мекунад, аммо эҳтимол ӯ танҳо ба таваҷҷуҳи бештар ниёз дорад. Дар ҷойи кор аз баҳсу муноқиша ва масъулиятҳои зиёдатӣ худдорӣ кунед. Вазъи молиявиятон охири моҳ метавонад беҳтар шавад ва корҳои нотамом ба тартиб дароянд. Барои барқарор кардани неру бештар истироҳат кунед ва ба ғизои солим аҳамият диҳед.

Мизон (Весы)

Имрӯз зиёфати ошиқона ё суҳбати самимӣ бо шахси дӯстдоштаатон метавонад муносибатҳои шуморо боз ҳам мустаҳкам созад. Эҳтимол, дӯстону шиносонро ба меҳмонӣ даъват кунед, бинобар ин ба тозагии хона аҳамият диҳед. Ҳамкорон метавонанд ба дастгирии шумо ниёз дошта бошанд. Агар аз шумо кумак хоҳанд, то ҳадди имкон рад накунед. Вазъи молиявӣ тадриҷан беҳтар мешавад ва мушкилоти пешина паси сар мегарданд. Ба ғизои сабук рӯ оварда, аз истеъмоли хӯрокҳои серравған ва нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ кунед.

Ақраб (Скорпион)

Имрӯз дар муносибат бо шахси дӯстдошта эҳсосоти худро идора кунед, зеро сухани ноҷо метавонад боиси муноқишаи ҷиддӣ гардад. Аз шиносоии шубҳанок ва муносибатҳои пинҳонӣ эҳтиёт шавед. Дар фаъолияти корӣ истеъдоду маҳорати шумо ниҳоят ба назар мерасад ва ин метавонад эътимодатонро ба худ бештар созад. Дар масъалаҳои молиявӣ аз хариди гаронбаҳо ва гирифтани қарз худдорӣ намоед. Ба варзиш машғул шавед, аммо баданатонро аз ҳад зиёд хаста накунед.

Қавс (Стрелец)

Агар ҳанӯз ҳамсар ё дӯстдошта надошта бошед, эҳтимол имрӯз бо шахси ҷолибе шинос шавед. Дар ҳалли мушкилот кӯшиш кунед ба вазъият аз зовияи дигар нигоҳ кунед, то роҳи дурусти ҳалли онро пайдо намоед. Дар масъалаҳои корӣ ба мувофиқа расидан бо ҳамкорон ё шарикон осон нахоҳад буд, бинобар ин вохӯриҳои муҳимро ба вақти дигар гузоштан беҳтар аст. Бегоҳ бо одамони наздик вақт гузаронед. Агар мушкили дил ё рагҳои хунгард дошта бошед, фишори хунатонро назорат кунед.

Ҷаддӣ (Козерог)

Имрӯз барои оғози муносибатҳои ошиқонаи нав имконияти хуб фароҳам меояд. Эҳтимол бо шахсе шинос шавед, ки фикру ҷаҳонбинии шумо ба ҳам наздик аст. Аммо дар ҷойи кор рӯз чандон осон нахоҳад буд: баҳсу муноқиша ва нофаҳмиҳо метавонанд зиёд шаванд. Кӯшиш кунед бетарафиро нигоҳ дошта, ба ҷанҷолҳо ҳамроҳ нашавед. Эҳтимол маблағи ғайричашмдошт ба даст оред, ки барои ҳалли баъзе мушкилоти молиявӣ кумак мекунад. Машқҳои сабуки ҷисмонӣ низ ба саломатӣ фоида доранд.

Далв (Водолей)

Имрӯз барои шиносоии нав ва оғози муносибатҳои ошиқона имконият пайдо мешавад, аммо эҳтимол ин муносибат дер давом накунад. Рӯзҳои наздик корҳои зиёде, аз ҷумла таъмири хона, ободонии қитъаи наздиҳавлигӣ ё сафарҳои корӣ пеш меоянд. Дар ҷойи кор масъулиятшиносӣ ва боэътимод будани худро нишон медиҳед, ки ба пешрафти касбиатон мусоидат мекунад. Вазъи молиявӣ устувор мемонад, аммо барои зиёд кардани даромад манбаи иловагии маблағро ҷустуҷӯ кардан бамаврид аст. Ба саломатӣ аҳамият дода, аз ҳолатҳои стрессовар дурӣ ҷӯед.

Ҳут (Рыбы)

Имрӯз вохӯрии ошиқона метавонад нишон диҳад, ки то чӣ андоза бо шахси дӯстдоштаатон наздик ҳастед. Аммо барои хулосабарорӣ шитоб накунед. Эҳтимол яке аз шиносҳои деринаатон аз шумо кумак пурсад. Дар иҷрои вазифаҳои корӣ тамоми неру ва маҳорати худро истифода баред, ин имконияти хубест барои нишон додани қобилиятҳоятон. Рӯзҳои наздик барои ҳалли масъалаҳои молиявӣ мусоид хоҳанд буд. Агар рӯҳияатон паст шавад, ноумед нагардед, ин ҳолат дер давом намекунад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД