35 years of independency
ШИКАСТИ БАХТ кисми 2
144

Ашраф ҳанӯз 18-сола буд, ки падару модараш ӯро ягона писар гуфта, ҳатто боре аз дилаш напурсида, ба духтари як хеши дурашон хостгорӣ карданд. Баъди як ҳафтаи фотиха тӯй барпо намуданд.
Ашраф пеш аз тӯй духтарро ҳамагӣ як бор дида буд. Ӯ ба падару модараш гуфт:Падар, модар, илтимос, ман ин духтарро намегирам. Дилам ба ӯ нест. Ман ҳоло ҷавонам, мехоҳам таҳсил кунам, зиндагии худро созам. Барои чӣ маро маҷбур мекунед?
Аммо падару модараш ба гапи ӯ аҳамият надоданд. Модараш бо ғазаб гуфт:
— Ту ҳоло чӣ медонӣ, ки зиндагӣ чист? Мо калонем, неку бади одамро медонем. Ин духтар ба ту муносиб аст. Баъди оиладор шудан дӯсташ медорӣ.
Ашраф дигар чизе нагуфт. Ӯ хуб медонист, ки дар ин хона касе ба ашки чашмонаш аҳамият намедиҳад.
Рӯзи тӯй фаро расид. Ҳама хурсанд буданд. Хешу табор мерақсиданд, табрик мегуфтанд, модараш аз шодӣ ашк мерехт. Аммо дар байни он ҳама одамон танҳо домод медонист, ки чӣ гуна бахташро бо дасти худаш не, балки бо қарори дигарон дафн мекунанд.
Вақте арӯсро ба хона оварданд, Ашраф ҳатто ба рӯяш нигоҳ кардан намехост.Шаб ҳама рафтанд. Дар хона хомӯшӣ ҳукмфармо шуд. Духтар бо шарму ҳаё дар кунҷи хона нишаста буд. Ашраф чанд лаҳза хомӯш монд ва баъд оромона гуфт:
— Бубахш, ман намехоҳам туро фиреб диҳам. Ман ин издивоҷро намехостам. Дилам ҳанӯз ба зиндагии оилавӣ омода нест.
Духтар сарашро боло кард. Чашмонаш пур аз ашк буданд.
-Фикр мекунӣ, ман мехостам? гуфт ӯ. Маро ҳам мисли ту маҷбур карданд. Ман ҳам орзу доштам, ки рӯзе бо касе зиндагӣ кунам, ки маро аз таҳти дил дӯст дорад.
Ашраф ҳайрон ба ӯ нигарист.
— Пас чаро розӣ шудӣ?
Духтар ашкашро пок карда гуфт:
— Чунки ман ҳам духтари ягонаи хонадон ҳастам. Дар хонаи мо ҳам духтар ҳаққи интихоби бахташро надорад.
Ашраф дигар чизе гуфта натавонист. Бори аввал дарк кард, ки танҳо ӯ қурбонии ин издивоҷ нест.Аммо ин танҳо оғози қисса буд.
Зеро баъди чанд моҳи зиндагии якҷоя ҳодисае рӯй дод, ки на танҳо зиндагии Ашраф, балки сарнавишти чандин инсонро дигар кард.
Ва он рӯз Ашраф фаҳмид, ки баъзан инсон на аз рӯйи муҳаббат, балки бо як хатои дигарон тамоми умр ҷазо мебинад.
Аз рузи тӯй чанд моҳ гузашта буд. Ашраф бо ҳамсараш зиндаги мекард, аммо байни онҳо на муҳаббате буд ва на меҳру самимияте. Онҳо танҳо зери як бом зиндагӣ мекарданду бас.
Духтар ҳар саҳар барвақт аз хоб мехест, барои шавҳараш дастархон меорост, либосҳояшро мешуст ва тамоми кӯшишашро мекард, ки дили Ашрафро ба даст орад. Аммо Ашраф гӯё ӯро намедид. рӯз модари Ашраф ба хонаи онҳо даромада, келинашро дар ҳоли тоза кардани хона дид.
— Духтарам, чаро таьбат хира аст? Магар писарам бо ту муносибати хуб надорад?
Духтар табассуме карда гуфт:
— Не, модарҷон, ҳамааш хуб аст.
Аммо модар аз чеҳраи ӯ фаҳмид, ки келинаш хамеша зик аст.
Бегоҳ, вақте Ашраф аз кор баргашт, модараш ӯро ба як тараф бурда гуфт:
— Писарам, то кай бо ин духтар чунин муносибат мекунӣ? Ӯ зани туст. Ба ӯ меҳрубонӣ кун. Магар намебинӣ, ки духтар чӣ қадар туро эҳтиром мекунад?
Ашраф асабонӣ шуда ҷавоб дод:
— Модар, ман борҳо ба шумо гуфтам, ки ин издивоҷро намехостам. Шумо маро гӯш накардед. Акнун аз ман чӣ мехоҳед?
— Мо ба хотири хушбахтии ту ҳамин корро кардем.
-Хушбахтии ман?! бо алам хандид Ашраф Шумо ҳатто напурсидед, ки ман киро дӯст медорам.
Модараш хомӯш монд.
Ҳамон шаб Ашраф дер ба хона омад. Ҳамсараш интизораш буд. Вақте ӯ дарро кушод, духтар бо овози нарм пурсид:
— Ашраф, хӯрок мехӯрӣ? Барои ту тайёр карда будам.
-Намехӯрам.
— Пас каме нишин, мехоҳам бо ту гап занам.
— Боз чӣ гап дорӣ?
Духтар лаҳзае хомӯш монд, баъд бо чашмони пуроб гуфт:
— Ман медонам, ки ту маро дӯст намедорӣ. Аммо ман чӣ гуноҳ кардам? Ман ҳам мисли ту орзу доштам. Орзу доштам, ки шавҳарам маро дӯст дорад, бо ман суҳбат кунад, аз ҳолам пурсон шавад. Магар ман ҳам инсон нестам?Ашраф чизе нагуфт.
— Агар маро намехоҳӣ, рӯирост бигӯ. Аммо илтимос, маро ҳар рӯз бо хомӯшии худ накуш..
Ашраф аз хона баромада рафт.
Он шаб духтар то саҳар гиря кард.Аммо ҳеҷ кадоми онҳо намедонистанд, ки дар зиндагии Ашраф шахси дигаре пайдо мешавад, ки тамоми дунёи ӯро дигар мекунад.
[19.11.2026 11:36] Firuza Sattori: Рӯзи дигар Ашраф ба донишгоҳ рафт. Дар саҳни донишгоҳ чашмаш ба духтаре афтод, ки бо як даста китоб дар даст меомад. Духтар тасодуфан ба ӯ бархӯрд ва китобҳояш ба замин афтоданд.
-Бубахшед, ман надидам, гуфт духтар.
Ашраф хам шуда китобҳоро бардошт. Чашмонаш ба чашмони духтар бархӯрданд.
— Ҳеҷ гап не.
Духтар табассум кард.
— Номи ман Мадина.
— Ашраф

(Идома дорад)
Муаллиф Шахлои Начмиддин

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД