Oila Navruz
Киллер барои шавҳар (қисми2)
3231

 Бобои Амон зани дуюм гирифта ба худ аҷал харид

«Сайд»-и пир

Бо чунин афти хунук ва ахлоқи бад ягон марди худашро ҳурмат мекардагӣ ӯро ба занӣ намегирифт, бинобар ин, Маҳтоб кӯшиш мекард, ки ягон мӯйсафедро ба домаш афтонад.

Ниҳоят баъди чанд моҳи ҷустуҷӯҳо ҳамин бобои Амон ба шасташ афтид. Ин марди дар умраш ягон бор занбозӣ накарда, аз меҳрубониҳои зани ҷавони фоҳиша обу адо шуда, тайёр буд, ки ҷонашро барои ӯ нисор намояд. Мӯйсафед Маҳтобро «хоҳархондам» гуфта ба хонааш мебурду зани содаю зудбовараш ӯро болои чорқабат кӯрпача шинонда, зиёат медод, вале вале оқибат сирри ин «акахонду хоҳархонд»-и зинокор фош гашт…

Исёни зани якум

Бо шунидани он ки Маҳтоби аз шаб ҳам сиёҳтар хоҳархонд не, зани дуюми шавҳараш будааст, холаи Бибираҷаб ба мисли бензини навъи 95 бе гӯгирд дар гирифт. Вай қиёматро қоим карда, бо алам мегуфт:

-Мардак, поят ба лаби гӯр расидааст, чи хел шарм надошта бо зани аз худат 30-40 сол хурд ишқбозӣ мекунӣ?! Вақти ба ҷогаҳи вай даромадан фарзандонат пеши рӯят намеоянд, охир ин Маҳтоби гӯрсӯхта дар синну сол бо духтарат баробар аст. Аз ин рӯз дида мурдани ту барин мард сад бор беҳтар…

-Ҷағата гир аҷузкампир, ин қадар сол ман умрамро беҳуда бо ту ҳазон кардам. Роҳати зиндагӣ дар ин ҷо будаасту мани ахмақ бошам, бачаю кача гуфта нузу нузи ту, кампири пучаларо мебардоштам. Духтарҳоятро ба шавҳар додам, бачаҳоятро хонадор кардам, тамом, қарзам адо шуд. Дигар ба ман кордор нашавед, акнун барои худам зиндагӣ мекунам,-паст наомада мегуфт бобои Амон…

Маҷнуни пир

Ҷангу ҷанҷол дар хонадони бобои Амон қариб се моҳ давом кард. Дар ин миён хешу табор, мӯйсафедони деҳа ва ҳатто раиси маҳалла чанд бор ин маҷнуни пирро насиҳат карданд, ки худашро маймун накарда, аз баҳри зани дуюмаш барояд, вале бобои Амон ба мурдан розӣ буду ба аз даст додани Маҳтоб не. Вай дини исломро дастак карда мегуфт, ки паёмбар чор зан дошт ва ҳамсараш Бибираҷаб бояд ҳамчун зани мусалмон кӯшиш кунад, ки бо палонҷаш муносибати хуб намуда, мисли опаю хоҳар зери як бом осуда зиндагӣ намоянд, аммо кампир ҳеҷ сар намефаровард…

Сафар ба Русия

Мӯйсафед дид, ки зану фарзандонаш Маҳтобро ба хона роҳ доданӣ нестанд, аз баҳри ҳама касу ҳама чиз гузашта, чипта харид ва ҳамроҳи зани ҷавонаш ба Русия рафт. Вай пир бошад ҳам, ронадаи таҷрибадор буд ва дар Маскав таксист шуда, маблағи хуб кор мекард. Маҳтоб акнун метавонист мӯйсафедро чӣ хеле, ки хоҳад, ҳамон тавр тоб диҳед. Бобои Амон дар шикамаш нони серӣ нахӯрда, пули кор мекардаашро тин ба тин ҷамъ мекард, то ки барои Маҳтоб дар шаҳри Душанбе хона харида, қарзи худро ҳамчун шавҳар дар назди зани ҷавонаш адо намояд….

Туҳфаи бебаҳо

Ҳамин тавр бобои Амон муддати панҷ сол ҷонашро дар кафи дасташ гирифта, дар Русия таксистӣ кард ва пули хуб ҷамъ карда, барои зани ҷавонаш аз Ватан хона харид. Бо шарофати шавҳари пираш Маҳтоби оқипадар дар яке аз зеботарин маҳаллаҳои шаҳри Душанбе соҳиби хонаи дуҳуҷрагӣ гашта, аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷид. Баъди ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо ин зани маккора бо ҳилаю найранг боз шавҳари мӯйсафедашро ба Русия бурд, то ки хонаашро бо мебел ва дигар ҷиҳози замонавии рӯзгор пур кунад…

Дили одаткарда балои ҷон

Моҳҳои аввали дубора ба Русия омаданашон муносибати онҳо чандон бад набуд, вале бар асари пирӣ оҳиста-оҳиста қуввату дармони бобои Амон кам шуда, дигар зани ҷавонашро қонеъ карда наметавонист. Маҳтоби тардоман дар кӯча бо мардҳои нисбатан ҷавонтар шинос шуда, вақтҳои набудани шавҳараш ошиқонашро ба иҷорахонаашон меовард ва бо айшу ишрат машғул мешуд. Ин зани фоҳиша гумон дошт, ки дар Русия касе ба касе кор надорад ва найрагҳои ҳаромаш пинҳон мемонанд, аммо…

Сирри фошгашта

Рӯзе мошин вайрон шуд ва бобои Амон ба хона баргашт, то пул гирифта, баъд аспи оҳанинашро ба таъмир барад. Маҳтоби тардоман он рӯз меҳмони ҷавону зебое дошт ва аз хурсандӣ ҳатто маҳкам кардани дарро фаромӯш карда буд. Дар дами дар туфлиҳои мардонаро дида мӯйсафед ҳайрон шуд ва бе садо ба хона даромад. Дарро кушода вай манзараи нангинеро дид, ки мисли теғ аз мағз-мағзи устухонаш гузашт-зани ҷавони ба ҷон баробараш Маҳтоб дар оғӯши як марди дигар нолишҳои ширини пур аз шаҳват карда, печетоб мехӯрд. Мӯйсафедро гӯё барқ зада бошад, тамоми вуҷудаш ларзид ва девонавор дод зад:

-Падарлаънати ҳаром, ман ба ту чӣ бадӣ карда будам, ки ин буққаро ба хона оварда, нангу номуси маро барбод додӣ?! Барои ту шуда ман аз баҳри зану фарзанд ва хешу таборам гузаштам. Дар шикамам нони серӣ нахӯрда, барои ту хона хиридам, пули меёфтагиам дар дастат, охир ба ту чӣ намерасид, ки боз ба ин роҳи ҳаром рафтӣ…

Мард бо шунидани фиғони бобои Амон талхакаф шуда, осемасар Маҳтобро раҳо кард ва либосҳояшро дар дасташ гирифта, тозон аз хона баромада гурехт, вале ҳатто миллаи зани хиёнаткор хам нахӯрд. Маҳтоб ошкоро ба шавҳари пираш гуфт, ки вай ҳанӯз ҷавон аст ва дилаш оғӯши гарм мехоҳад.

Бобои Амон аз чунин берӯии занаш ба ғазаб омада, таҳдид кард, ки хонаи харидаашро аз дасти ӯ кашида мегирад ва ба писари хурдиаш медиҳад, вале…

Пулҳои сархӯр

Маҳтоб аз он занҳое набуд, ки ҳаққи худро ба каси дигар диҳад. Таҳдиди мӯйсафедро шунида вай дар ҷустуҷӯи киллер афтид, то ки аз шавҳари пираш халос шавад. Вай акнун соҳиби хонаву дар ва пулу мол гашта буд ва метавонист дар хонаи харидаи бобои Амон шӯйи ҷавон карда, бо кайфу сафо ҳаёташро пеш барад, аз ҳамин хотир пул дода, барои куштани шавҳараш қотили зархарид киро кард. Зани бераҳм рақами мошин, акси мӯйсафед ва тамоми маълумотҳои дигари заруриро ба қотил дода, вақту соати аз хона баромадан ва бештар ба кадом самт мусофир бурданашро гуфт…

Як ҳафта пас ҷасади мӯйсафедро аз ҷангал ёфтанд. Қотилон ба мошин ва пулҳои ӯ даст нарасонида буданд, зеро Маҳтоби худобехабар ҳаққи онҳоро аллакай дода буд…

 Анҷом!

Мурдаи бе соҳиб

Ҷасади мӯйсафед чанд рӯз дар МОРГ хобида бошад ҳам, касе онро соҳибӣ накард. Маҳтоб худро ба рӯсиёҳӣ зада мегуфт, ки шавҳараш пир буд ва онҳо базӯр як пора нон ёфта мехӯрданд. Муҳоҷирони тоҷик аз рӯйи раҳму инсоф пул ҷамъ карда, мурдаи бобои Амонро ба Ватан фиристоданд.

Фарзандонаш ҷасади падари ба доми ишқ гирифторашонро бо обрӯ ба хок супориданд, Маҳтоб бошад, шӯйи ҷавон карда, дар хонаи бо меҳнати зор харидаи мӯйсафед айшу ишрат карда гаштааст…

 

Нушин

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД