toyota motors
Корҳои азнавсозии меҳмонхонаи "Хуҷанд" дар Бӯстон идома доранд
30.04.2026
Oila.tj
58

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон азнавсозии меҳмонхонаи "Хуҷанд" ҷараён дорад, ки иншоот туҳфаи арзанда ба сокинону меҳмонони шаҳри Бӯстон дар соли таърихӣ хоҳад шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни боздид аз шаҳри Бӯстон бо ҷараёни барқарорсозии ин иншооти муҳим шинос шуда, барои ба анҷом расонидани корҳои ороишӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас додааст. Дар идомаи боздид роҳбари вилоят бо лоиҳаи бунёди маркази хизматрасонии муосир шинос гардидааст.

- Роҳбарият ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои ободониву бунёдкорӣ, ҷалби бештари соҳибкорону сармоягузорон ба ободонии ин гӯшаи назаррабои кишвар вазифадор гардиданд,- иттилоъ медиҳад дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД