formula
Кош намедидаму намесӯхтам ..
1971

Салом ба шумо. Баъзан як манзара, як ҳодисаи нохуш ё рафтори шоистаи нафаре ояндаи касро ба кулли иваз месозаду ӯро тарбия намуда ба қавле дарси ҳаёт меомӯзад. Ман ҳам мехоҳам бо чунин нома ба шумо муроҷиат кунам.

Дар ҳамсоягии мо ҳангоми дар хориҷи ватан зиндагӣ карданам зану шавҳари рус зиндагӣ мекарданд. Онҳо дар ошёнаи чорум ҳамсояи бар ба бари мо буданд. Моҳи аввали рафтанам гумон мекардам, ки ин ҷо касе зиндагӣ намекунад, чунки моҳи июн буду ҳеҷ гоҳ аз он хона садое намебаромад, вале як рӯз пиразане, ки фарош буд аз ман пурсид:

- Онҳо ҳанӯз наомадаанд?

Гуфтам, ки ман ин ҷо се моҳ боз касеро надидаам. Ӯ ҳам бо ишора сарашро ҷунбониду баромада рафт.

Моҳи сентябр буд. Ҳаво алакай сард гашта, шамоли сард мардумро аз омодагӣ ба зимистон ҳушёр медод, аммо ҳанӯз аз ҳамсояи мо дарак набуд. Баногоҳ як рӯзи якшанбе онҳо бо бору банди зиёде баргашта, қуттиҳои пур аз меваю сабзавот, борхалтаҳои банкаҳои мураббою дигар намуди консерваҳоро аз мошин фароварданд.

Бе дастёр

Муйсафеди харобинаи қоматбаланд борҳоро худаш танҳо аз поён ба боло мекашонду пиразани кӯзапушт онро аз дасташ гирифта, ба хона медаровард. Ин ҳолатро дида, барои кӯмаки онҳо писарчаамро фиристодам.

Баъди ду рӯз дар тақ - тақ шуду пиразан як лаълича кулчақанд бо як банкачаи мураббо барои эҳтирому кӯмаки писаракатон гуфта, бо ташаккуру раҳматҳои зиёде ба ман дароз кард. Ҳарчанд гуфтам, ки "ташвиши беҳуда кашидед, ин як чизи муқарарӣ буд", аммо ӯ миннатдории зиёде карду лаълиро маҷбур ба дастам дода рафт.

Дар чеҳраи пурожангу чашмони хирагаштааш як ҷаҳон асрор нуҳуфта буд. Бинобар ин, миннатдории ин зани солхӯрда маро ба хиҷолат гузошту баъди ду рӯз як табақ ош ва нону мева гирифта, лаълиашро гирифта, занги дарашро задам. Ӯ дарро кушода, маро маҷбур кард, ки ба хона дароям, набошад ошро намегирад, аммо ман ваъда додам, ки "дафъаи дигар ҳатман меоям", чун дар хона кори зарур доштам. Ҳамин гуна дафъаи дигар аз рӯйи ваъда мо сари як пиёла чой дар хонаи пиразан ҳамсӯҳбат шудем.

Дар суҳбати пиразан

Ҳавои хона ниҳоят вазнин буд. Хонаи дуҳуҷрагӣ пур аз ҷиҳози пурқиммати асри гузашта буд, қолину қандилҳо, тасовирҳои зардгашта, ки бисёрашон дар замони Шӯравӣ арзиши хеле гарон доштанд, далел аз шароити хуби дар гузашта доштаи ин хонадонро медод.

Ҳангоми сӯҳбат албоми расмҳоро аз ҷевон гирифта, ба ман аксҳои ҷавонию гузаштаашро як-як нишон дода, чунин нақл кард:

"Номам Маргарита Александровна. Як умр кори давлат карда омадаам. 23 сол дар вазифаҳои баланди роҳбарӣ адои кор намудаам. Ба ғайри солҳои аввали кориам шавҳарам чандин сол прокурор кор кард ва ҳоло ба нафақа баромадаст. Нафақаи ҳардуямон барои зиндагиамон басанда нест, чунки шавҳарам бемор аст ва доим дору мехарем, боз хароҷоти рӯзғор, барои ҳамин ба ҳавличаи деҳа рафта, аз моҳи март то охирҳои сентябр аз паси ризқу рӯзи мешавем. "Фарзандонатон чӣ кор мекунанд?" гуфта пурсидам, ки бо ҳасрат оҳи сарде кашиду дар чашмонаш ашк ҳалқа зад..."

(Давом дорад ...)

Сано Санавбар,

Федератсияи Руссия

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД