sebiston july new
НОЛАИ ПАДАРЕ, КИ ФАРЗАНДАШ БЕ ГУНОҲ БАДНОМЗАДА ШУДААСТ
14.07.2020
ОИЛА
16687

 Ман, марди 55- сола ҳеҷ гоҳ ҳатто ба гӯшаи хаёлам ҳам намеовардам, ки рӯзе кулбори аламҳоямро ба ин сомона мегӯям, то ки дилам аз ғам торс накафад.

Аслан, зодаи яке аз ноҳияҳои тобеи кишвар мебошам, вале беш аз 20 сол мешавад, ки дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунам. Моро падару бобоҳоямон чунин тарбият карда буданд, ки бо зани номаҳрам, яъне зану духтари каси дигар ҳаргиз ҳамнишинӣ накунем, чунки дари касеро бо мушт занӣ, дарвозаи туро бо лагад мезананд. Панди калонсолонро дар гӯшам халқа карда, ман ҳаргиз ба ягон зани бегона бо чашми харидорӣ нигоҳ намекардам. Дар умрам ягон бор зино накардаам, вале намедонам аз чӣ бошад, ки Худованд ин рӯзи сиёҳро ба сари ману фарзандам оварда, моро дар байни мардум сархаму забонкӯтоҳу рӯсиёҳ гардонд.

Фариштаи заминӣ

Духтарам Оиша дар шаҳр таваллуд шуда бошад ҳам, бисёр духтари боиффат ва шармгину худотарсу боимон буд. Ягон бор надидам, ки дар дасташ телефон гирифта бошад ё мисли дигар духтарҳо худашро орову торо дода, ба кӯча барояд. Бо сари хам ба мактаб рафта меомаду бо ҳамин дигар аз дар набаромада, аз паси кору бори хона мешуд. Духтари намозхону ҳунарманд, ки буд, ҳаққу ҳамсояҳо ва хешу табор мудом ҳавасашро мехӯрданд. Духтарам ҳанӯз 16-сола нашуда, хонаам хостгорборон шуд, вале «ақаллан мактаби миёнаро хатм кунад» гӯён, ба тамоми хостгорон ҷавоби рад медодам. Мани сода он замон ҳатто ба гӯшаи хаёлам ҳам намеовардам, ки ба домони духтари намозхони ман рӯзе доғе мениҳанд, ки то охири умр онро бо ягон роҳ шуста намешавад….

Оиша бедарак шуду…

Як рӯз духтарам ба мактаб рафта, то бегоҳ бедарак мешавад. Азбаски вай дар синфи 10 мехонд ва айёми супоридани имтиҳонҳо буд, модараш гумон кардааст, ки имтиҳон дорад ва аҳамият надодааст. Бегоҳ аз кор баргаштам, ки авзои ҳамсарам беҷо, дар кӯча сарсону саргардон гаштааст. Сабаби парешониашро пурсон шудам. Бо рангу рӯйи парида гуфт, ки Оиша аз саҳар боз бедарак аст. Ҳамсарамро хуб сарзаниш намудам, ки чаро барвақттар хабар надодӣ. Дукаса гирду атрофи бинои истиқоматиамонро кофтем, аммо дар ягон ҷо аз Оиша дарак наёфтем. «Ту ба хона рав, канӣ ман аз ҳамсинфонаш пурсам» гӯён, роҳи мактабро пеш гирифтам. Дар мактаб ба ҷуз директор ва посбон дигар касе намонда буд. Вақте аз онҳо духтарамро пурсон шудам, гуфтанд, ки ҳанӯз нисфирӯзӣ ба хона рафта буд. Роҳбари синф ва дугонаҳояш низ дар куҷо будани Оишаро намедонистанд. Ба дилам алов афтида, рост ба идораи милиса рафтам, баъд ба хешу табор ва бародаронам занг зада, онҳоро аз гум шудани духтарам хабардор намудам. Ҳама ҳайрон буданд, ки як духтари намозхону худотарсе, ки худаш танҳо ҳатто ба бозор намерафт, ба куҷо ғайб зада бошад.

Хулласи калом, он шаб то қарибиҳои соати як ҳамакаса Оишаро кофта наёфтем. Қариб буд, ки аз ғаму дард девона шавам. Худ ба худ мегуфтам, ки шояд кадом дузд ё авбоше духтарамро кушта, ба об партофта бошад ё зери мошин мондаасту дар кадом МОРГ хоб аст, вале…

Шоми тақдирсӯз

Як поси шаб занам занг зада гуфт, ки Оиша ба хона баргашт, зудтар расида биёед, вале аз чӣ бошад, ки овозаш хаставу гиряолуд буд. Дилам сиёҳӣ оварда, аз пешомади ногуворе дарак медод, аз шиддати ҳаяҷону тарсу ваҳм чӣ хел ба хона расидам, дар ёд надорам.

Духтарам дар байни хона сарашро бо кафи дастонаш дошта, зор-зор гиря мекард. Маро дида, аламаш бештар рӯ зад ва «дадаҷон, маро бубахшед, ман ягон гуноҳ надорам» гӯён, дар пеши поям афтид.

Духтарҷон, ба ту чӣ шуд? Ин қадар вақт дар куҷо будӣ?-гуфта, хостам сарашро сила намуда, Оишаро таскин диҳам. Ҳамин вақт чашмам ба чеҳра ва банди дастони духтарам афтиду дуд аз димоғам баромад. Гардан, рӯй ва бандҳои дасти духтарам пур аз доғҳои сиёҳу кабуд буд.

Оиша гириста-гириста ба модараш қисса кардааст, ки вақти аз мактаб баргаштан як мошини Лексус дар наздаш қарор гирифта, таклифи нишастан кардааст. Вақте ки духтарам рад мекунад, аз мошин 3-4 ҷавони ҳузарб фаромада, ӯро зӯран ба Лексус мешинонад ва ба ким-куҷо бурда, бо роҳи зӯрӣ ба номусаш таҷовуз менамоянд. Оишаи бечора аз шиддати тарсу ҳарос ва дард аз ҳуш рафтааст. Бадзотҳои худобехабар духтараки бе касу танҳои маро хуб азият дода, баъд ба кадом кӯча оварда партофтаанд. Оиша бо сад азоб роҳи хонаро ёфта, ҷисми нимзиндаашро ба манзиламон расондааст…

Таҷовузкорон ҷазо гирифтанд, вале…

Бо шунидани ин қиссаи пурдард фиғонам ба фалак печид ва дарҳол духтарамро ба экспертиза бурдам. Мавриди таҷовуз қарор гирифтанаш тасдиқ шуда, кормандони милиса аз паси ҷустуҷӯи гунаҳкорони бадбахтии духтарам шуданд. Дере нагузашта, разилоне, ки зӯран ба номуси Оишаи покдомони мо таҷовуз карда буданд, ба даст афтиданд. Ин кори ҳаромро Нурик ном авбош бо ҳаммаслаконаш карда будааст. Суд гуноҳи онҳоро ба гарданашон дайн намуда, ҳарсеро ба муҳлати тӯлонӣ равонаи зиндон намуд, аммо доғеро, ки ин гургҳои дупо ба домони исмати духтари бегуноҳи ман гузоштанд, дигар бо ягон роҳ шуста намешавад. Хабари таҷовуз шудани Оиша дар тамоми маҳалла паҳн гаштааст ва мо дигар сарамонро дар байни ҳаққу ҳамсоя ва хешу табор бардошта наметавонем. Беҳуда намегуфтаанд, ки бадномӣ аз марг бадтар аст. Аз рӯзе, ки ин бадбахтӣ ба сари духтари бегуноҳам омад, рӯзе сад бор мурда, аз нав зинда мешавам. Худоро зорӣ мекунам, ки ҷонамро бигирад, то ки дигар рӯи касеро набинам...

Духтарамро дар ҳалқаи дор дидаму…

Аз як тараф миш-миши ҳамсояҳову аз ҷониби дигар ҳолати бади равонии духтарам ҷони маро ба лабам овардааст. Оиша он бадбахтии ба сараш омадаро ҳеҷ фаромӯш карда наметавонад. Шабу рӯз гиря мекунад, ки барои кадом гуноҳаш Худованд ӯро ба чунин рӯзи сахт гирифтор намуд. Ман ӯро хуб мефаҳмам, охир барои духтаре, ки дасташро ягон мард надошта буд, аз даст додани ганҷи номус дарди бисёр гарон аст. Модару холаҳояш кӯшиш мекунанд, ки ӯро тасаллӣ диҳанд, вале захмҳои дили духтарам торафт хуншортар мешаванду беҳ не. Боре ӯ ҳатто қасди худкушӣ намуд. Нимашаб ташна шуда, обнӯшӣ баромадам ва духтарамро дар расан овезон дида, бо тамоми овоз дод гуфтам. Фиғони талхи ман ҳама аҳли оиларо бедор кард. Бародараш зуд бандро бурида, Оишаро аз ҳалқаи дор раҳо намуд. Камтари дигар, агар дер мекардем, эҳтимол духтарам ҷон ба ҷонофарин месупурд. Намедонам чӣ хел фарзандамро аз қайди ғаму дард халос кунам. Оишаро ҳатто ба Русия бурдам, ки гузаштаи талхашро аз ёд барорад, аммо дар ҳамон ҷо ҳам кораш мудом гиряву нола буд. Як духтари дидадарою зиндадил баъди ҳамон бадбахтии ба сараш омада чунон одамгурез ва камгап шудааст, ки ӯро шинохта намешавад. Дарди дилашро ба ягон кас намегӯяд. Дари хонаи хобашро аз дарун маҳкам карда, сарашро ба болишт зер мекунаду зор-зор мегиряд. Ақаллан ягон дугона надорад, ки гоҳ-гоҳ бо ӯ суҳбат намуда, ғубори дилашро барорад.

Метарсам, ки духтарам девона нашавад. Хонандагони азиз, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, Оишаи нозанинро чӣ хел аз ин ҳолат барорам?

 

                                                                                        Падари бадбахт
                                                                             Омодасоз Махинаи Давлат

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Шахло 2023-06-30, 11:28
Худо хохад хамаш нагз мешад , духтаратон намозхон ки будас иншоллох хуб мешад. Ман як модаре , Ки духтарамро баухдадори бибияш монда дар гариби кор мекунам, шабу руз хушу едам ба у . Шабу руз ба Худо илтичо мекунам , ки оиламро аз хар балохо нигахдор бошад.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Шахло 2023-06-30, 11:28
Худо хохад хамаш нагз мешад , духтаратон намозхон ки будас иншоллох хуб мешад. Ман як модаре , Ки духтарамро баухдадори бибияш монда дар гариби кор мекунам, шабу руз хушу едам ба у . Шабу руз ба Худо илтичо мекунам , ки оиламро аз хар балохо нигахдор бошад.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД