Arzon march 2024
БА МАРДИ ЗАНДОР ОШИҚ ШУДАМУ....
20961


Ман бо муҳаббати бепоён ба шавҳар баромадам. Духтарча таваллуд шуд, шавҳарам ӯро ба дастонаш бардошта мегашту бо ӯ фахр мекард. Аммо вохӯрию нӯшонӯшиҳо бо улфатонаш сар шуданд. Ман ҳис мекардам, ки ӯ худро аз ман дур кашида истодааст. Боре ӯ шабона ба хона наомад. Баъдан, рӯзҳою ҳафтаҳо ба хона намеомадагӣ шуд. Командировкаҳои таъҷилию ба мурдаву зиндаи кадоме аз хешовандаш рафтан баҳонаҳое буданд, ки дарбеҳи ночаспонро мемонданд.

Мо бо ҳам дер-дер вомехӯрдагӣ шудем. Тавони ба ӯ даст расондану аз бӯи бадани ӯ нафас гирифтан ва ба вай наздик шудан надоштам. Ў низ ба ҳар восита маро аз худ дурр мекард, ки гӯё сахт монда шудааст ва дастони маро аз китфонаш гирифта мепартофт. Ба ӯ мефаҳмондам, ки: "Ман ҷавон ҳастам, солҳо мегузаранд, ҳис намекунӣ, ки кампир шудаам". Вай дар ҷавоб мегуфт: "Гиря кун, ҳамааш мегузарад". Албатта, баъди чунин суханҳо хоҳиши мубориза бурдан барои бахти худ намемонад.
Яке аз улфатонаш гуфт, ки шавҳари ман маъшуқа дорад. Ин суханон барои ман зарба буд. Ба наздикӣ назди ман зане омада, бешармона гуфт, ки бо шавҳари ман зиндагӣ кардан мехоҳад. Ман дарро ба рӯи ӯ сахт пӯшидам ва ба шавҳарам гуфтам, ки ман аз вай ҷудо мешавам. Вай аввал тарсид. Аммо баъд аз ду ҳафта боз ғайб зад…
Хушбахтона ман дар корхона бо марде шинос шудам. У ба ман диққат медодагӣ шуд, ба ман гул тӯҳфа мекард… Дар лабони ман табассум ҳувайдо шуд. Ва ба хулосае омадам, ки чаро табассум накунам. Пеши худ қарор додам, ки барқасд ман ҳам ба шавҳарам хиёнат меку-
нам. Ҳарчанд мо бо ҳам бисёртар вомехӯрдем, ман тарсу ваҳмро аз худ дур мекардам: Ман ошиқ шудам… У бошад, зан дораду ду фарзанд. Мо ҳеҷ гоҳ ба якдигар дар бораи оилаи худ ҳарф намезадем, гӯё онҳо вуҷуд надоштанд. Намедонам, ин ҳолат чӣ қадар давом мекард, агар зани ӯро намедидам. Ба чашмони ӯ назар карда, дарду аламро медидам. Ва ба худ гуфтам: Ҳуқуқ надорам он ганҷе, ки ба дигаре тааллуқ дорад, кашида гирам. Мард илтимос мекард, ки ман бо у монам, вале ман рад кардам. Бо машғулияте андармон шуда, худро ором кардан даркор буд. Бо ба дунё омадани фарзанди дуюм гӯё ҳама чиз тағйир ёфт: шавҳарам дар вақташ ба хона меомадагӣ шуд, даромадашро ба хона меовард. Ва ман аз нав ӯро дӯст медоштагӣ шудам, аз кор омаданашро бо фарзандонам интизор мешудем…

Баъд аз ду сол обоз аз назди мо ба назди зани дигар рафт. Хоҳиши зиндагӣ кардан намонд… Баъд аз ду моҳ шавҳарам гӯё ҳеҷ воқеае рӯй надода бошад, ба хона баргашт. Духтарчаҳоям аз хурсандӣ ба ҳар тараф мепариданд. Ман бошам, тамоми шаб гиря кардам. Чӣ кор кунам: баромада равам, то ки зиндагии худро беҳтар кунам, ё барои фарзандон шуда, бо ӯ зиндагиро давом диҳам? Фарзандонро интихоб кардам. Хонаро тақсим намудем. Ҳамчун ҳамсоя зиндагӣ мекардем. Духтарчаи калониам мепурсид, ки чаро мо алоҳида хоб меравем. Ман бо шӯхӣ ба онҳо ҷавоб мегардондам.

Азбаски хона хурд буд, дар як кат мехобидем. Оҳиста-оҳиста ба ҳамааш одат кардам, ҳатто баъзе вақт дар ҷойгаҳ бо ҳам гуфтугӯ мекунем, мушкилоти зиндагиро бо ҳам мебинем.

Ҳамин тавр мо бе мақсаду умед ба оянда зиндагӣ дорем. Ман қариб 40-солаам. Мегӯянд, ки умри зан ҳамин аст, дар 45 солагӣ бошад, боз гулаш мешукуфад. Вале на ба умр боварӣ монду на ба шукуфтани гул.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД