Arzon march 2024
Кулчақанди “Шафтолу”
4620

 

Маҳсулоти лозима:

Тухм - 2 дона

Шакар - 170 грамм

Равғани маска - 70 грамм

Сметана - 1,5 қошуқ

Орд - 400 грамм

Маводи ковоккунанда - 5 грамм

Барои ороиш:

Ширқиём - 300 грам

Чормағз

Маводи рангкунанда - 2 дона (зард ва сурх)

Тарзи таҳия:

Дар зарф тухм ва шакарро бо миксер лат занед, пасон, равғани маска, орд ва маводи ковоккунада илова карда, бо даст омехта кунед.

Зуволаро ба қисмҳо ҷудо кунед. Ба қолаб равған молида, ба он коғази пергамент тунук кунед ва зуволаҳоро дар он чинед.

Тафдонро дар ҳарорати 180 дараҷа гузоред ва дар муддати 20-25 дақиқа то пухтанаш нигоҳ доред.

Кулчақандҳо, ки пухтанд, байнашонро камтарак сӯрох кунед, ширқиёмро молед ва чормағзро дар байнаш гузошта, кулчақанди дигарро аз болояшон гузоред. Сипас, дар ду зарф маводи рангкунанда (ранги зард ва сурх)-ро андозед ва оби ширгарм илова намуда, омехта кунед. Кулчақандҳоро дар зарфи оби рангдор тар кунед ва ба шакар омехта кунед. Ҳамаашро дар як зарф гирифта, ба болояш барги пӯдина гузоред.

Бо иштиҳо бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД