35 years of independency
Куштори бераҳмонаи апа ба дасти додар
144

Куштори бераҳмонаи апа ба дасти додар

Як ҷавони 18-сола апаашро барои нашр шудани чанд аксаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ бераҳмона ба қатл расонидааст...

Ин ҳодисаи нохуш дар шаҳри Боку рӯй дода, рассомдухтари 23-сола Гюляра Мехтиева ба дасти бародари ҳамхунаш-Айхан Мехтиев кушта шудааст. Тибқи маълумоти мақомоти тафтишот ин ҳодисаи фоҷиабор рӯзи 16-уми ноябр дар манзили истиқоматии онҳо, ки дар микроноҳияи 9-уми ноҳияи Бинагадии шаҳри Боку воқеъ гаштааст, рӯй дода, байни апаву додар аз рӯйи аксҳои Гюляра, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда буданд, баҳсу мунозира сар задааст.
Гуфта мешавад, ки Айхан аз хоҳараш талаб намудааст, ки аксҳояшро аз шабакаҳои иҷтимоӣ пок кунад, вале духтар аз иҷрои ин талаб саркашӣ намудааст.
Ҳамин тавр баҳси онҳо ба муноқишаи ҷиддӣ табдил ёфта, ҷавон дар сари қаҳру ғазаб апаашро 3 корд задааст.

Ҳамсояҳо садои доду фарёдро шунида, ба хадамоти ёрии таъҷилӣ занг задаанд, аммо ҷони духтарро наҷот додан муяссар нагаштааст.
Гумонбар боздошт шуда, сабаби даст ба куштор заданашро дар рашк маънидод намудааст. Тафтишоти ҳодиса идома дорад.

Нӯшин Искандарзода

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД