goodwell
Маҳфили шеър ва шоми адабӣ ба хотири бузургдошти Рӯдакӣ
21.09.2026
Оила
47

 

Ба муносибати Рӯзи бузургдошти сардафтари адабиёти классики форсӣ-тоҷикӣ устоди сухан Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ пагоҳ, 22-юми сентябр дар шаҳри Душанбе се чорабинии илмию адабӣ баргузор хоҳад гашт.

Бо ибтикори Академияи илмҳо ва Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ соати 10:00 дар толори Академияи илмҳои Тоҷикистон, ки дар хиёбони Рӯдакӣ, 33 воқеъ гаштааст, ҳамоиши байналмилалии илмию назариявӣ дар мавзуи “Рӯдакӣ - эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ”  баргузор мегардад.

Дар ҳамин вақту соат дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили шеър баргузор гашта, шоирон дар васфи Одамушшуаро ва дар пайравии ӯ шеър мехонанд.
Шоми 22-юми сентябр, соати 19:00, дар Маркази ҳунарҳои мардумии “Деҳаи Гулзар”, ки дар кӯчаи Навобод, 34 ҷойгир аст, шоми махсуси адабӣ ба хотири Рӯдакӣ баргузор гашта, шеъру ғазалҳои ҷовидонии  шоир садо медиҳанд ва саҳнае аз зиндагии устод Рӯдакӣ бо унвони “Қисмати шоир” ба ҳозирин пешниҳод карда мешавад.
Вуруд ба ин чорабиниҳо ройгон аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД