Arzon april 2022
Макри хушдоману рӯзи сиёҳи келин (Қисми 9)
982


-Гуш кун ака, ба ёдат биёр ки ин мард чи хел модарамро бо се кудаки беакл бароварда аз дар пеш карду боре нагуфт, ки ахволи фарзандонам дар ин шахри калон чи мешавад?

Агар хамон руз худованд ба мо он хамёни пулро намефиристод, мову туву додарамро модар сари эхсос ба дарё мефиканду худаш хам аз чунин зиндаги худкуши мекард. Магар ту мехрубонихои он зани хайрхох, ки моро шаб дар хонааш чой доду ба модарам хамроз гардид,аз ёд бароварди? Духтари у туро бо чону дилаш дуст медорад. Ту боши, садќаи номи писар шави.

-Бас кун, духтарам. Ман аз карда пушаймонам. Ин хама насибаву такдир аст. Ана ин пулро гиру ба модарат чизе даркор аст харидори кун-як даста пулро аз кисааш бароварда гуфт Носир
-Не ба мо пули шумо даркор нест-бо кахр пули падарро пас гардонида гуфт Дилафруз
-Бори охирин мепурсам, меравед ба хона ба назди модарам ё не?
-Не-омирона гуфт Шахбоз ,Далер хам сар чунбонид.
Дилафруз бо гурур аз дар баромаду бо онхо хатто хайрухуш накарда ба хона баргашт. Аламаш меомад, ки падари берахм бо пулу чиз дили писаронашро ба даст оварда намегузорад, ки онхо ба назди модарашон биёянд. Омаду дар хона модаро наёфт. Хамсоязан гуфт, ки ногахони фишори хуни Лайло баланд шудаасту уро таъчили ба беморхона бурдаанд. Дилафруз осемасар рохи беморхонаро пеш гирифт.
Дилафруз бо дидаи пурашк аз Худо рох ба рох зори мекард, ки модарашро дар панохаш нигах дорад. Охир модари бечорааш ба чуз гаму дарду фарзандкалонкуни дигар чизе надидааст. Хол он ки метавонист, мисли дигар занхо тули ин солхо шавхар карда кайфу сафо карда гардад. Акаву додараш бошанд ба кадри модар нарасида истодаанд. Дар беморхона гуфтанд, ки холо Лайло баъди сузандоруи хобовар ором хоб аст. Баъди як соат модар бедор шуду хамшираи шафкат омада Лайлоро ба наздаш бурд.
-Очачон, маро сахт тарсондед? Чи шуд ба шумо?
-Чизе нашудааст. Шояд таъсири хавои гарм бошад, ки дилам бехуд шуда сарам чарх заду пеши чашмонамро сиёхи пахш кард. Харчи ки ин даъфа хамсоязан дарак ёфта мошини ёрии таъчилиро чег зад.Духтури навбатдори беморхона Дилафрузро ба кунче фарёд карда гуфт, ки модаратро сахт эњтиёт кун ки нафахмида аз дарди асаб боз ба дарди сактаи калби гирифтор нашавад. Барои у танхо оромиву фикр накардан лозим меояд. Дилафруз модарро хуб насихат карда гуфт:
-Очачон фикри худатонро кунед. Писаронатон гашта меоянд. Холо боигарии падар масташон кардааст. Вай кампиричанчоли холо онхоро чунон безор кунад, ки худашон бахшиш пурсида ба наздатон баргарданд.
-Духтарам холо ту модар шави , баъд ахволи маро шояд дарк карда тавони. Ман хун мехурам , ки писарони ман дар он чо чи хол дошта бошанд.Гушна намонанд.
-Э оча, хуб сода будаед, ин кару фарри собик шавхаратонро дида онњо мулоим шудаанд. Дар пеши назарашон факат падар аст.
-Носир туро дид?
-Оре, аммо модарчон уро ман харгиз падар намегуям.
-Ба хар хол падарат аст.Яке раваду ман мурда монам, шукр ки у хаст.
-Занаш хушруй ми?
-Мисли шумо не модар.

-Ох .захми дилам хамин ќадар солба нарафту нарафт.. Лайло пеши назар овард рузи туйи арусиашро. Дар таги чодар Носир бетокати карда уро сахт ба огуш гирифту гуфт, ки ту барои ман ягонаи, намегузорам, ки ба поят хоре халад. То дами мурдан касам ёд кард, ки бо Лайло мемонад.Модари Носир аз соати аввали арусии Лайло ба у рашк пайдо карда хар кадами уро назорат мекард. Ба хурокхои пухтаи у намак андохта онро шур менамуд. Гоххо либосхои шуставу овехтаи уро аз тор гирифта ба замин мепартофт. Аммо ба хамаи ин кирдорхои зишти хушдоманаш нигох накарда Лайло уро аммачон гуён болои сар мекард. Хатто рузе шуд, ки хушдоманаш дар сатил пешоб карда ба келин фармон дод, ки бурда партояд. Ин рафтори модарро Носир мушохида карда бо у чанчол бардошт. Модар баъди ин ходиса бештар Лайлоро бад дида корхое мекард, ки дар натича оварда ба чанчоли занушуи мерасонид. Лайло ба хотири фарзандон ва мухаббаташ ба хамааш токат мекарду чизе ба забон намеовард. Аммо он рузе ки уро аз дар берун мекарданд, токат накарда ба хушдоманаш гуфта буд, ки илохиям касалии чогахаки шавию ба мурдан нараси. Шояд дуои ин муштипар буд, ки имруз хушдоман руйи чогах карахту нотавон факат бо захри забон ахли хонаводаро азоб медихад. Акнун ахволи писаракони гумрохаш чи мешуда бошад. Фикри писарон Лайлоро афгору хаста карда руз ба руз логар мегардонид. Пазмони писаронаш шуда буд Лайло. Рузе пинхони аз Дилафруз рохи Донишгохро пеш гирифту Шахбозро дидани рафт. Аммо Шахбоз хамин ки модарро дид, пинхон шуд. Чунки у дар Донишгох овоза карда буд, ки писари як мансабдор асту падару модараш факат бо мошинхои хоричии навбаромад мегарданд. Модараш ки хеле одди либос мепушид, ба Шахбоз макул набуд. Барои хамин у аз модараш ор карда пинхон шуд. Модар бо дидаи пурашк ба хона баргашта боз сараш дард карду дер гох ба худ наомад. Дилафруз аз дарс омада ба модар хуроки гарм пухту пурсид,ки саломатиш чи тавр аст.
-Духтарчон, илтимос рафта як бор писаронамро биёр. Сахт пазмонаш шудаам. Вагарна руямро сиёх карда ба хонаи Носир меравам.
-Не, харгиз ин гапро нагуед оча. Худро дар назди он марди бевафо паст назанед. Ман ба хотири шумо мераваму акаву додарамро меорам. Дилафруз бо дили нохохам боз ба хонаи падар омад. Ин навбат дарро ба руяш падар кушоду уро дами дар дида аз хурсанди дод зад:
-Ох духтаракам омади , хуш омади
-Салом , ман ба назди Шахбозу Далер омадаам. Онхоро фарёд кунед.
-Даро охир.
Дилафруз ноилоч ба хона даромад. Дар назди дастархони пурнозу неъмат руйи курпачахои махмалин Далеру Шахбоз дароз кашида телевизор тамошо мекарданд.
-Эха ман акнун фахмидам, ки мехри модариро бо ин дастархони пурнозу неъмату телевизорхои деволии хоричи харида мешудааст-у ба ёд овард, ки модар хар маош пул чамъ мекард, ки барои фарзандонаш телевизор харида дихад.
-Э бас кун, худат чи хумори боигарии падар гириф, чи ки омади.
-Ман ин хама пулу сарватро ба як ашки модарам намедихам. Илтимос аз хардуи шумо рафтем ба хона.Модарам шумоёнро сахт ёд кардааст.Аккалан рафта бинеду баъд ба ин касратон баргардед.
-Не хохар намеравем.
-О дилатон магар ба модари беморамон намесузад. Аз гами хардуи шумо ў девона шудааст.Чашмонатон аз ин сарвати дуняви магар кур шудааст?
-Камбагали ба диламон зад. Худат рав.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД