Марде бо гумони таҳдиди куштани модараш боздошт шуд
Дар шаҳри Душанбе кормандони милитсия марди 30-соларо бо гумони озору азият ва таҳдиди куштани модари 55-солааш дастгир кардаанд.
Тибқи иттилои ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ, гумонбар Фаромӯз Шарипов буда, қаблан барои роҳзанӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир суд шудааст. Ӯ баъдан тибқи қонуни авф аз маҳбас озод гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, мард дар ҳолати мастӣ модарашро дар манзили истиқоматиашон, воқеъ дар кӯчаи Фирдавсӣ, ду шабонарӯз нигоҳ дошта, бо ду корд ба куштан таҳдид кардааст.
Бо дахолати фаврии кормандони милитсия зан аз хона наҷот дода шудааст. Дар робита ба ин ҳодиса нисбат ба гумонбар парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.