arzon replenishment
Марди фарбеҳ импотент мешавад?
1753

 

Дӯсти беҳтаринам вақтҳои охир бисёр фарбеҳ шудааст. Синну солаш ба 30 дакка хӯрда бошад ҳам, фикри зангириро дар сар надорад. Модараш аз духтаргурезии дӯстам хавотир шуда, аз ман хоҳиш намуд, ки дар ин бора бо ӯ ҷиддӣ суҳбат кунам.

Чанд бор кӯшиш намудам, ки ӯро ба суҳбати ошкоро кашам, вале ин ба ман муяссар нагашт. Ҷӯраам мухлиси газетаи «Оила» аст, ҳар ҳафта ин ҳафтаномаро мехонад, аз ҳамин хотир ба шумо муроҷиат намудам, то бо маслиҳатҳои судмандатон ба дӯсти ман кӯмак расонед.

Муродалӣ, аз н. Фирдавсӣ

Фарбеҳӣ сабаби як қатор бемориҳо мегардад. Аз ҷумла ба гипертония, яъне фишорбаландӣ, атеросклероз ва диабети қанд бештар мардони фарбеҳ гирифтор мешаванд. Вазни зиёдатӣ сабабгори тағйирёбии мувозинаи ҳормонӣ дар организм гашта, бар асари он иллатҳои дигар низ сар мезананд. Яке аз оқибатҳои фарбеҳӣ суст шудани қувваи мардӣ аст. Вақте зан фарбеҳ мешавад, чарбҳои зиёдатӣ дар рону пеши бараш ҷамъ мешаванд, вале дар мардҳо равған дар мавзеи шикам ҷамъ мешавад.

Чаро мард фарбеҳ мешавад?

Сабабҳои асосии фарбеҳ шудани мард инҳоянд: калорияи аз ҳад зиёд, камшавии ҳормони мардона дар ҷисм, камҳаракатӣ, ирсият.

Фарбеҳ шудани мард аксаран ба кам шудани ҳормонҳои мардона дар организм, ки бар асари рафтани синну сол рух медиҳад, алоқамандӣ дорад. Тестостерон кори узвҳои ҷинсиро ба эътидол оварда, барои нобуд кардани чарбҳо нақши муҳим мебозад. Бо рафтани синну сол истеҳсоли он дар организми мард кам шуда, сабабгори вазни зиёдатӣ мегардад.

Нишонаҳои хатарнок

Агар дар сатҳи ҳормонҳои ҷисми мард мушкилӣ пайдо шавад, нишонаҳояш чунинанд:

кам шудани эҳсоси қаноатмандӣ аз алоқаи ҷинсӣ;

камшавии рағбати ҷинсӣ;

хастагии зиёд;

асабоният;

қобилияти сусти корӣ;

табъи нохуш;

бетоқатӣ.

Пурхӯрӣ

Сабаби дигари фарбеҳӣ-аз меъёр зиёд хӯрдани хӯроки калориянок аст. Камҳаракатӣ, ки хоси аксари мардон аст, вазъиятро чигилтар месозад.

Дар писарбачаҳои фарбеҳ балоғатрасии ҷинсӣ суст ҷараён мегирад. Мушкилоти заъфи қувваи мардӣ ҳатто дар мардони солим низ дида мешавад. Агар мард табобат накунад, қувваи мардиро пурра аз даст медиҳад.

Фарбеҳӣ кори ғадудҳои ҷинсии мардонаро вайрон мекунад ва бар асари он рағбати ҷинсӣ кам мешавад. Норасоии тестостерон ҷараёни пухтани тухмҳуҷайраҳоро манъ намуда, сабаби безурриётӣ мегардад.

Ҳар як мард мехоҳад саломативу рағбати ҷинсияшро дар тамоми синну сол нигоҳ дорад. Ҳангоми халалдор шудани рағбати ҷинсӣ аксарияти мардон ба тақдир тан дода аз пайи табобати бемориашон намешаванд. Тоифаи дигари мардон гумон мекунанд, ки танҳо бо истеъмол кардани як дору ҳолаташон хуб мешавад ва барои беҳтар сохтани вазъи саломатӣ кӯшиши зиёд кардан лозим нест. Дар асл барои ҳалли мушкилоти шаҳвонӣ ҳангоми фарбеҳӣ табобати пайдарҳам лозим аст.

Ташхис ва табобат

Бояд ташхиси халалёбии ҳормонҳоро гузашта, мувофиқи тавсияи табиб дору истеъмол намуд. Бемориҳои дигарро низ табобат кардан лозим меояд.

Барои табобати мушкилоти узвҳои ҷинсӣ бо фарбеҳӣ мубориза бурдан зарур аст. Пеш аз ҳама пурхӯрӣ накунед. Бештар ғизоеро истеъмол намоед, ки боқимондаҳои бофтаҳои чарб мунтазам гум шаванд. Ба тарзи ҳаёти худ бодиққат бошед, бештар ҳаракат кунед.

Мушкили шуморо табиб осон мекунад. Саломат ва дар тамоми синну сол фаъол бошед!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД