1xbet
Маърифати молиявӣ
23.08.2025
Oila.tj
82

4 маслиҳати муфид ба одамоне, ки ҷойи корашонро аз даст додаанд

Аз даст додани ҷойи кор як аз ҳолатҳои стрессовар дар зиндагӣ аст. Он на танҳо фишори равонӣ, балки мушкилоти ҷиддии молиявиро низ ба бор меорад. Ба андешаи мутахассисон, дар чунин вазъ муҳим аст, ки инсон ба воҳима роҳ надиҳад. Баръакс, вазъиятро фаҳмад, қадамҳои дурустро интихоб намуда, пайи кори муносиб шавад.

Болишти молиявӣ - муҳофизи аввалин

Болишти молиявӣ ин маблағҳои пасандозшуда барои пӯшонидани хароҷоти асосӣ дар сурати аз даст додани даромад аст. Он метавонад дар ҳолатҳои зерин шуморо наҷот диҳад: беморӣ, буҳрон ё рух додани ҳолатҳои ғайричашмдошт, якбора аз даст додани ҷойи кор.

Чаро он муҳим аст? Ба шумо имкон медиҳад, то саросема нашуда кори мувофиқ пайдо намоед. Ҳамчунин, барои омӯзиш ё тағйири самти касб фурсат фароҳам меорад.

Малакаҳои нав - сармоягузорӣ ба оянда

Бекорӣ на танҳо мушкилот, балки имконият ҳам ҳаст. Яъне, касро водор мекунад, ки ҷойи кори барояш мувофиқро пайдо намояд. Ин давраро барои омӯзиш ва рушди худ ҳам истифода бурдан ба мақсад мувофиқ аст. Имрӯз самтҳое ҳастанд, ки дар бозори меҳнат талабот доранд. Аз ҷумла, барномасозӣ, маркетинги рақамӣ, таҳлили молиявӣ, фурӯши онлайнӣ ва ғайра, ки инсон метавонад омӯзаду амал намояд ва зиндагиашро ба пеш барад.

Бозтамвил - сабук кардани бори қарз

Агар пардохти қарз вазнин шуда бошад, бозтамвил метавонад роҳи ҳалли муваққатӣ бошад. Бозтамвил чист? Гирифтани қарзи нав бо шартҳои беҳтар барои пардохти як ё чанд қарзи ҷорӣ, яъне амалкунанда.Гирифтани қарзҳои фоизашон нисбатан пастар, имкон медиҳанд, қарзҳои қаблан бо физи баланд гирифтаро пардохт намоед. Бартарӣ дар он аст, ки пардохти моҳона кам карда мешавад, муҳлати қарз дароз ва қарзҳои гуногун ба як пардохт сурат мегирад. Яъне, агар шумо чанд қарз дошта бошед, метавонед онҳоро бо қарзи ягонаи нав якҷо кунед, ки идора кардани пардохтро осон мекунад.

Бинобар ин, бозтамвил раванде аст, ки дар он шахс ё корхона қарзи мавҷударо бо гирифтани қарзи нав иваз мекунад, ки шартҳои он барои пардохт муфидтар ва осонтар аст. Мақсади асосии бозтамвил кам кардани фишори молиявӣ ва беҳтар кардани вазъи молиявӣ ва пардохт аст.

Дастгирии равонӣ ва иҷтимоӣ

Дар давраи бекорӣ дастгирии оила ва дӯстон низ хеле муҳим аст. Муошират ва маслиҳати муфид метавонанд сатҳи стрессро кам кунанд ва барои қабули қарорҳои дуруст нерӯ бахшанд.

Аз даст додани кор ҳамеша санҷиши ҷиддӣ аст. Аммо бо нақшаи дуруст ва амалҳои пайдарпай, шумо метавонед ин давраро бо боварӣ паси сар намоед. Яъне, маблағҳое, ки доред, дуруст ва ба мақсад мувофик истифода намоед, болишти молиявӣ созед. Инчунин, ба рушди малакаҳои нав сармоягузорӣ кунед. Дар ҳолатҳои зарурӣ, имкониятҳои бозтамвилро истифода баред. Оянда аз они касе аст, ки имрӯз барои худ нақша ва амалҳои устувор дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД