sebiston july new
МАРО ХУШДОМАНИ ЗОЛИМ МЕГУФТАНД, ВАЛЕ
3335

Ин туфлиҳоро ба ту кӣ гирифт? Тағоят? Бачаҳои худаш пои лучу ба ту туфлӣ гирифтааст?! Канӣ туфлиҳоро оварда тез ба ин ҷо мон, сағераи бепадар…

Ин як лаҳзае, ки мо овардем, аз филми телевизионии «Дар орзуи падар» аст, ки аз рӯйи асари нависанда Кароматулло Мирзоев ба навор гирифта шудааст. Нақши янгаи золими Меҳрубонро дар ин филм Ҳунарманди халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Азизова мебозад.

Лаҳзае, ки янгааш туфлиҳоро аз пойи Меҳрубон кашида мегирад, чунон риққатовар аст, ки беихтиёр дар чашми тамошобин ашк ҳалқа зада дар дилаш нисбати янгаи Меҳрубон гулхани нафрат аланга мезанад. Саодат ин нақшро чунон табиӣ бозидааст, ки ҳангоми тамошо хаёл мекунӣ, дар ҳақиқат, ин ҳодиса дар ҳаёт дар пеши назарат рӯй дода истодааст. Пагоҳии он рӯзе, ки филмро дар телевизион бори аввал намоиш доданд, Саодат чун ҳамеша саҳарии барвақт, вақте ки ҳанӯз фарзандону наберагонаш масти хоби ширин буданд, барои гирифтани шир аз хона берун шуд. Зани ширфурӯш, ки ҳар рӯз ӯро бо чеҳраи кушода пешвоз гирифта, барояш шири беҳтаринро медод, баробари дидани ӯ рӯяшро ба тарафи дигар гардонда бо қошу қавоқи овезон гуфт:

– Ман туро одами хуб гӯям, ту бисёр занаки ганда будӣ, наход як попӯширо аз як кӯдаки бечора кашида гирифта, боз ӯро сағираи бепадар бигӯйӣ?! Рав, ман ба ту дигар шир намедиҳам…

Саодат ҷойгоҳи ширгирӣ дар даст моту ҳайрон ба ширфурӯш менигарист. Минбаъд чунин ҳодисаҳо дар ҳаёти ӯ тез-тез рӯй медоданд, баъзеҳо рӯирост ба ӯ мегуфтанд: «Ин қадар зани бераҳму сангдил будаӣ! Одам то ин дараҷа набояд золим бошад!» Аввалҳо ин содалавҳии одамон ғаши Саодатро оварда, сахт асабонӣ мешуд, баъдтар ба чунин «эродҳо» одат карда бо табассум, оромона ҷавоб медод, ки вазифаи мо ҳунармандон самимона иҷро кардани нақшамон аст. Аз ин мебарояд, ки ман аз уҳдаи нақши ба зиммаам гузошта ба хубӣ баромада тавонистаам.

Воқеаи дигаре, ки он шабу рӯз дар хотирам нақш бастааст, боз ин буд, – нақл мекунад Саодат, – Аз кӯчаи марказии шаҳр қадам зада, ба сӯйи театр мерафтам. Ҳамин вақт чашмам ба як мӯйсафеди пире афтод, ки аз дасти наберааш дошта мерафт. Мӯйсафед бо ишораи даст “ист” гӯён ба сӯям меомад. Ҳайрон шудам. Пирамард ҳангоми ба ман наздик шудан ба дасти наберааш се дона гули сияҳгӯшро дода гуфт: «Ҷони бобо, ин пайғоми баҳорро бурда ба ин холаат деҳ!» Гулро аз дасти набераи мӯйсафед гирифта, гуфтам, ки бобоҷон, шояд шумо маро ба касе монанд кардаед? Мӯйсафед табассум карда пурсид:

– Ту Саодат Азизова нестӣ?

– Ҳа, падарҷон, худи худаш!

– Набошад, ман хато накардаам…

Аз рафтори он пири нуронӣ хурсанд шуда ба ӯ изҳори миннатдорӣ кардаму роҳи худро давом додам. Дар назди чойхонаи «Роҳат» чашмам ба зане афтид, ки бо садои нимғурма чизе гуфта мерафт. Ба атроф назар кардам. Дар роҳ ба ғайр аз он зану ман дигар касе набуд. Ҳайрон шуда ба он зан наздик шудаму пурсидам:

– Ту ба ман чизе гуфтан мехоҳӣ?

– Набошад ба кӣ мегӯям?! Ту, гиря ҳам карда метавонис­таӣ-а? – дағалона ҷавоб дод зан.

Фаҳмидам, ки зан чиро дар назар дорад, нақши бозидаи ман Гулбӣ, модари Раъноро дар филми «Пайванди ши­каста»-и Муҳаббат Сатторова.

Дар зиндагӣ дар баробари одамони нексиришт, одамони бад ҳам ҳастанд ва бояд ҳунарманде нақши чунин золимонро офарад. Офаридани нақшҳои одами ҷанҷолӣ на ба ҳар кас муяссар мегардад, вале Худованд ба Саодат дар тасвири чунин ашхос маҳорати хосро ато намудааст.

Саодат Азизова 30 августисоли 1951 дар шаҳри бостонии Панҷакент ба дунё омадааст, вале таҳсили мактабро дар ноҳияи Шаҳритус оғоз намуда,баъдан дар ноҳияҳои Нуробод (пештара Комсомолобод) ва Данғара идома додааст. Азбаски падари бузургвораш Абдуқаҳҳор Азизов прокурор буд, давлат ҳар панҷ сол ҷои корашро иваз мекард. Ҳамин буд, ки 8 фарзанди Абдуқаҳҳору Саидабону дар ноҳияҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шуда ба камол расиданд.

Саодат соли 1968 пас аз хатми мактаби миёнаи №1-и ноҳияи Данғара роҳ сӯи Душанбе пеш гирифта, ҳуҷҷатҳояшро ба факултети навтаъсиси санъати Донишкадаи омӯзгории пойтахт супорид. Панҷ соли хониш дар шуъбаи актёрии драма ва кино чашмашро ба олами театру кино кушод. Баъд аз кори дипломӣ, аввалин нақше, ки Саодат дар саҳнаи театри ба номи А.Лоҳутӣ бозид, Назорат аз рӯи асари Ф.Ансорӣ «Хатро ман навиштам» буд. Он ҷо Саодат ҳамроҳи устоди санъат Ато Муҳаммадҷонов нақши духтари ӯро иҷро мекард. Намоишномаро тамошобинон гарм қабул карданд, вале дарёи зиндагӣ Саодатро соли 1977 ба театри мазҳакавӣ-мусиқии шаҳри Кӯлоб бурд. Дар як муддати кӯтоҳи корӣ дар ин театр Саодат зиёда аз даҳ нақшҳои хурду калонро хотирмон офарид. Ҳангоми кор дар ҳамин театр Саодат риштаи тақдирашро бо ҳунарманди боистеъдод Салим Муқим пайваст. Соли 1982 дастандаркорони ҷумҳурӣ Салимро бо ваъдаҳои зиёд ба пойтахт даъват намуданд ва Саодат ҳамроҳи ҳамсараш боз ба Душанбе баргашта, дар Театри ҷавонон ба кор даромад.

– Баъд аз марги Салим, ман танҳо барои он зистам, ки фарзандонамро соҳиби илму маърифат гардонам. Бо кӯшиши худаму ёрии падару модари бузургворам ва хоҳару бародарони меҳрубонам ба мақсади худ бо душворӣҳам бошад, расидам,–нақл мекунад Саодат. Имрӯз духтараш Сурайё табиб, номзади илми тиб аст, Бунёдҷон мисли бобояш ҳуқуқшинос, Салимҷон бошад, муҳандис шудааст. Фарзандони Саодат дар баробари маълумотҳои гуногун боз маълумоти мусиқӣҳам доранд.

Саодат имрӯз соҳиби домод, ду келин ва чор набераи дӯстрӯяк аст. Оилаи хушбахту солим дорад.

– Ҳангоме, ки келинҳо ба даргоҳам қадам заданд, роҳу рафтори оилаи моро намедонистанд. Ман як сол онҳоро омӯзондам. Пухту паз, рӯбучин ва дигар корҳоро ёд дода, кафгиру кафлезро ба дасташон додам. Ҳарду келинам ҳам маълумоти олӣ доранд ва бисёр духтарони хубу меҳрубонанд, – мегӯяд Саодат.

Бисёриҳо гумон мекунанд, ки Саодат хушдомани сахтгиру серталаб ва ҳатто золим аст, вале дар асл чунин нест.

– Ман фикр мекунам, ки беҳтарин хушдоман зани ҳунарманд аст, зеро ӯ келинро дар ҳама ҷиҳат фаҳмида метавонанд, – мегӯяд Саодат, ки худ барои келинҳояш, хушдоман не, модари меҳрубону ғамхор аст ва ба ҷавонон маслиҳат медиҳад, ки дар зиндагӣ сабур бошанд. Пеш аз ҳама, якдигарро самимона дӯст доранд, баъдан гапгардонӣ ва хабаркашӣ накунанд.

Мо ба ин зани саропо ҳунар парвозҳои баланди эҷодӣ ва хушбахтии бардавом хоҳонем.

«Оила», №35, 2.09.2015

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД