toyota motors
Масъалаи таъсиси корхонаи коркарди пашму бунёди боғи пистаи туркӣ дар Хатлон баррасӣ гардид
10.06.2026
Oila.tj
120

Дар доираи Форуми байналмилалии сайёҳии «Хатлон - сарзамини тамаддунҳо ва саёҳат», ки дар деҳаи Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод баргузор гардид, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ҳамоҳангсози Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Этҳем Унал мулоқот намудааст.

Бино ба иттилои МИҲД-и вилояти Хатлон, зимни суҳбат мусоҳибон масъалаи таъсиси корхонаи коркарди пашм ва бунёди боғи пистаи туркиро дар вилояти Хатлон баррасӣ намудаанд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкории мутақобилан судманд, татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, инчунин пешниҳодҳои нави ҳамкорӣ барои солҳои минбаъдаро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Иброҳим Этҳем Унал аз раванди амалисозии лоиҳаҳои ТИКА дар Тоҷикистон ёдовар шуда, иброз намудааст, ки агентӣ минбаъд низ омода аст ҳамкориро бо вилояти Хатлон густариш диҳад.

Гуфта шудааст, ки ТИКА татбиқи як қатор лоиҳаҳоро дар соҳаҳои тандурустӣ, кишоварзӣ ва рушди деҳот идома дода, барои амалӣ намудани ташаббусҳои нав низ таваҷҷуҳ зоҳир менамояд.

Дар рафти мулоқот ҳамчунин масъалаи таъсиси корхонаи коркарди пашм дар вилояти Хатлон баррасӣ гардидааст.

Иброз шудааст, ки дар вилоят имконият ва ашёи хоми зарурӣ барои ташкили чунин истеҳсолот мавҷуд буда, ба роҳ мондани фаъолияти корхона метавонад ба афзоиши истеҳсолот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва истифодаи самараноки захираҳои маҳаллӣ мусоидат намояд.

Раиси вилояти Хатлон аз ин ташаббус ҷонибдорӣ намуда, таъкид кардааст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои амалисозии чунин лоиҳаҳои истеҳсолӣ омодаи ҳамкорӣ ва дастгирӣ мебошад.

Ҳамчунин дар мулоқот бунёди боғи пистаи туркӣ дар вилояти Хатлон мавриди муҳокима қарор гирифтааст. Баён гардидааст, ки шароити иқлимии минтақаҳои алоҳидаи вилоят барои парвариши ин навъи зироат мусоид буда, ҷонибҳо имконияти татбиқи лоиҳаҳои муштаракро дар ин самт баррасӣ намудаанд.

Ҳамсуҳбатон омодагии худро барои густариши ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нави муштарак ба манфиати рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон изҳор доштаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД