sebiston july new
Меҳмон Бахтӣ дар синни 77-солагӣ даргузашт
513

Меҳмон Бахтӣ Нависандаи халқии Тоҷикистон дар синни 77 солагӣ даргузашт. Дар ин бора Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хабар додааст.

Меҳмон Бахтӣ 25 марти соли 1946 дар деҳаи Шули ноҳияи Рашт ба дунё омада, баъд аз хатми Омӯзишгоҳи омӯзгории Навобод, факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанберо соли 1963 хатм кардааст.

Дар давоми солҳои гуногун мудири бахши адабӣ-драмавии Телевизиони ҷумҳурӣ, ҷонишини сармуҳаррири «Тоҷиктелефилм», сармуҳаррири шуъбаҳои адабию драмавӣ ва ҷавонони Телевизиони тоҷик, мудири бахши адабии Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, мудири Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода, раиси Шӯрои кор бо навқаламон, раиси Маркази тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагон ва мудири бахши тарҷума ва нашри Маҷлиси Олии ҶТ буда, аз июли соли 2007 муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, раиси бахши Тоҷикистонии Диалоги «Евро-Осиё»-ст.

Аз соли 1995 то 2000 вакили мардумии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати якум аз ҳавзаи интихобии 35-уми ноҳияи Ғарм ва ҳамзамон раиси комиссия оид ба этикаи депутатӣ ва имтиёзҳои депутатӣ буда, соли 2005 узви Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мегардад. Соли 1999 сардори шуъбаи ташвиқоти адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таъйин мешавад. Баъд аз он, солҳои 2004 ва 2009, ду бор ба ҳайси раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб гардидааст.[3][4]

 

Аз ибтидои солҳои 60-и асри XX эҷод мекунад. Муаллифи филмномаҳои мустанади «Корвони дӯстӣ» (1968), «Нуқра Раҳматова месарояд» (1970), асосгузори барномаҳои машҳури телевизионии «Чойхонаи дилкушо», «Ҳодӣ ва Шодӣ», «Дар олами адаб», «Беғараз панд», «Майдон аз далер аст» ва ғ. мебошад. Намоишномаҳои якпардагии ӯ «Шаҳидони роҳи озодӣ» ва «Бародарон» аз тариқи телевизион борҳо намоиш дода шудаанд. Драмаи машҳури бисёрпардаи «Лаҳзаи ҷовид» (1967) ва «Ташнаи дидор» (1969)-ро Театрҳои ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва Камоли Хуҷандӣ борҳо саҳнагузорӣ кардаанд.«Ташнаи дидор» нахустин асарест дар мавзӯи доғи солҳои сиюм дар адабиёти ҳозираи тоҷик. Песаҳои «Ошёни баланд»-и Меҳмон Бахтӣ аз ҳаёту эҷодиёти М.Турсунзода ва «Лаҳзаи ҷовид» аз ҳаёти аввалин муаллимаҳои кӯҳистони Қаротегин ҳикоят мекунанд. Намоишномаи «Эҳ, ҷавонӣ, ҷавонӣ…» соли 1972 эҷод шуда, дар Озмуни умумииттифоқии ҳамҷояи Иттифоқи нависандагону Вазорати фарҳанги шӯравӣ (1977) сазовори мукофот гардидааст.

Дар давоми даҳсолаи ахир намоишномаҳои таърихии «Фирдавсӣ», «Шоҳ Исмоили Сомонӣ» ва «Тилисми Сайҳун» («Нангбардори Хуҷанд»)-ро ба арсаи эҷод овардааст. «Фирдавсӣ» ва «Шоҳ Исмоили Сомонӣ» дар фестивал-озмунҳои Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ сазовори Гран-При (Шоҳҷоиза) гардидаанд.

Муаллифи қиссаҳои «Оҳи сабук» (1971), «Хубон» (1978), «Пирамард» (1982), «Се соати даҳшатбор» (1988) ва маҷмӯаи намоишномаҳои «Лаҳзаи ҷовид» (1972), кутуби шеърҳои «Пайғоми баҳор» (1975), «Хаёли ширин» (1985), китоби қиссаву ҳикояву мақолаҳои «Рӯҳи тавоно» (1987), маҷмӯаи намоишномаҳои «Эҳ, ҷавонӣ, ҷавонӣ…» (1980), китоби қиссаву ҳикояҳои «Оҳи сабук» (1987), маҷмӯаи «Пйесаҳо» (1982), гулчини қиссаву намоишномаҳои «Манзари қисмат» (2003), достони «Бозтоби Офтоб» (2006), маҷмӯаи «Қиссаҳо» (2007, ба забони русӣ) «Оҳанги хаёл» (2011) мебошад.

Ҷоиза ва дастовардҳо

Соли 1986 сазовори Ҷоизаи комсомоли ленинии Тоҷикистон, соли 1988 шарафёби Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, соли 1994 соҳиби унвони ифтихории Арбоби шоистаи ҳунари Тоҷикистон ва соли 2014 сазовори медали адабии байналмилалии ба номи М.Достоевский гардидааст. Бо ордени «Шараф», «Исмоили Сомонӣ» ва се медал мукофотонида шудааст.

Кормандони сомонаи “ОИЛА ТҶ” ба ҳаводорон ва пайвандони марҳум Меҳмон Бахтӣ сабри ҷамил хоста, хонаи охирати ободро дуогӯ ҳастем.

Маълумот аз ВИКИПЕДИЯ, акс аз Суҳроби Зиё

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД