Commerc banl
ТОЛЕЪНОМАИ 16-УМИ МАРТИ СОЛИ 2026
1129

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз барои мулоқоти ошиқона рӯзи муносиб аст. Ба намуди зоҳирии худ диққат диҳед, шояд шиносоии ҷолиб ё вохӯрии гуворо дар пеш бошад. Бо вуҷуди ин, эҳсосоти худро зери назорат гиред, зеро сухани беандеша метавонад боиси ранҷиши дӯстону наздикон гардад. Аз одамоне, ки дар бораи дигарон ғайбат мекунанд, дур бошед. Эҳтимол маблағи ғайричашмдошт ба даст оред. Саломатӣ хуб мешавад ва қувваи зиёд барои анҷоми корҳои рӯзмарра пайдо мекунед.

Савр (21 апрел-20 май)

Дар муносибатҳои ошиқона барор ба шумо рӯ меорад. Бисёр чиз аз рафтор ва нияти худи шумо вобаста аст. Бо вуҷуди ин, эҳтимоли асабоният ё изтироб пайдо мешавад, бинобар ин сабру таҳаммул нишон диҳед. Шумо имрӯз пурэнергия буда, метавонед нақшаҳои худро ба осонӣ амалӣ намоед. Дар бораи даромади худ ба ҳар кас нақл накунед. Барои рафъи хастагӣ варзиш ё шиноварӣ муфид хоҳад буд.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Имрӯз эҳтимоли шиносоии ошиқона вуҷуд дорад, аммо беҳтараш муносибатҳои кориро ба ошиқона табдил надиҳед. Агар дар масъалае шубҳа дошта бошед, аз маслиҳати дигарон истифода баред. Онҳое, ки нақшаҳои худро дуруст тартиб медиҳанд, худро хеле хуб эҳсос мекунанд. Имрӯз беҳтараш дар бораи пул зиёд суҳбат накунед. Бемориҳои кӯҳна метавонанд хурӯҷ кунанд.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз фикрҳои ошиқона шуморо аз корҳои дилгиркунанда дур месозанд. Ёдоварии лаҳзаҳои хуб ба шумо нерӯ мебахшад. Бо шахси дӯстдошта ошкоро суҳбат кунед, ин ба беҳтар шудани муносибатҳо мусоидат мекунад. Шумо метавонед роҳи ҳалли баъзе масъалаҳои душворро ба осонӣ пайдо кунед. Ба маслиҳати одамони боэътимод гӯш диҳед. Дар масъалаҳои пулӣ эҳтиёткор бошед. Агар хастагӣ ё бехобӣ эҳсос шавад, бештар истироҳат кунед.

Асад (23 июл-22 август)

Агар бо шахси дӯстдошта оштӣ накунед, муносибат метавонад сард шавад. Аз ин рӯ, беҳтараш бо оромӣ мушкилиҳоро ҳал намоед. Имрӯз ба хешовандони калонсол таваҷҷуҳ намуда, ҳолашонро пурсед. Дар масъалаҳои ҳуҷҷатгузорӣ ё шартномаҳо шитоб накунед, то хатогӣ рух надиҳад. Эҳтимол аз шахси муҳим дастгирӣ гиред. Барои саломатӣ бегоҳ каме истироҳат кунед. Як пиёла чойи гарм ва китоб метавонад рӯҳияатонро беҳтар созад.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Имрӯз беҳтараш эҳсосоти худро ба ҳама нишон надиҳед. Дар атрофатон одамони ҳасуд ё бадхоҳ пайдо шуданаш мумкин аст. Барои беҳтар шудани рӯҳия вақтро бо фарзандон ё наздикон гузаронед. Ба ҷои кори худ диққат диҳед, шояд тағйироте лозим бошад, то худро бароҳат ҳис кунед. Ба наздикӣ вазъи молиявии шумо беҳтар мешавад. Ҳангоми ҳаракат дар роҳ ё истифодаи таҷҳизоти барқӣ эҳтиёт бошед.

Мизон (23 сентябр-23 октябр)

Имрӯз барои гуфтугӯи самимӣ бо шахси дӯстдошта рӯзи хуб аст. Агар орзуҳои худро бо ӯ дар миён гузоред, муносибатҳо боз ҳам наздиктар мешаванд. Эҳтимол шахси наздик барои шумо сюрпризи гуворо омода карда бошад. Дар кор ба овозаҳо бовар накунед, беҳтараш ба ҳисси ботинии худ такя кунед. Масъалаҳои молиявӣ диққати зиёд талаб мекунанд. Аз қарорҳои бошитоб худдорӣ намоед ва ба саломатӣ низ аҳамият диҳед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр) 

Имрӯз нофаҳмӣ дар муносибатҳо метавонад мушкили асосӣ гардад. Агар мушкилиҳо дер боз ҷамъ шуда бошанд, вақти суҳбати ҷиддӣ расидааст. Ба фарзандон ва ҳамсаратон бештар таваҷҷуҳ диҳед, зеро онҳо ба дастгирии шумо ниёз доранд. Рӯз барои фикр кардан дар бораи нақшаҳои оянда ва шиносоии нав мусоид аст. Дар кор ҷасур бошед, ин ба муваффақият мерасонад. Барои саломатӣ сайругашт дар ҳавои тоза муфид хоҳад буд.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз вақти холиро бо шахси дӯстдошта гузаронед. Суҳбати самимӣ ба шумо имкон медиҳад якдигарро беҳтар фаҳмед. Дар муносибатҳои ошиқона каме нофаҳмӣ пайдо шуданаш мумкин аст, аммо онро бо оромӣ ҳал кардан мумкин аст. Аз харидҳои беандеша худдорӣ намоед, зеро эҳтимоли талафи пул вуҷуд дорад. Барои саломатӣ машқи ҷисмонӣ ва варзишро фаромӯш накунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Агар муносибат бо шахси дӯстдошта каме сард шуда бошад, кӯшиш кунед вақти бештарро якҷо гузаронед. Сайру гашт ё тамошои филм метавонад фазои муносибатҳоро гарм кунад. Ба ҳисси ботинии худ бовар кунед — он ба шумо қарорҳои дуруст нишон медиҳад. Имрӯз дар хона ва ҷои кор эҳтиёткор бошед. Барои барқарор кардани қувва истироҳати ором ва машғулияти дӯстдошта хеле муфид хоҳад буд.

Далв (21 январ-20 феврал)

Одамони танҳо метавонанд имрӯз шиносоии гуворо пайдо кунанд. Ин муносибат метавонад зуд рушд ёбад. Эҳтимол хабари хуш ё сюрпризи деринтизор ба даст оред. Агар фаъол бошед, метавонед ба дастовардҳои хуб ноил шавед. Дар кор нақшаҳои худро аз нав дида бароед ва вақти худро беҳуда сарф накунед. Имрӯз ҳисси зеҳнӣ ва кунҷковии шумо зиёд мешавад. Саломатӣ хуб буда, қувваи корӣ зиёд мегардад.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Имрӯз вақти он расидааст, ки ҳуқуқу манфиатҳои худро ҳимоя кунед. Эҳтимол меҳмонони ғайричашмдошт ба хонаатон оянд. Дар хона баъзе мушкили хурди техникӣ низ ба вуҷуд омада метавонад. Дар кор муҳити пуртаниш тадриҷан ором мешавад. Ба зудӣ аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ мегиред. Барои нигоҳ доштани саломатӣ бештар меваву сабзавот истеъмол кунед ва аз стресс дур бошед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД