Commerc banl
Милитсияи Душанбе бозорҳоро ҳушдор дод, ки дар Иди Рамазон маҳсулотро қимат накунанд
66

Дирӯз, 15-уми март кормандони Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бо роҳбарони бозорҳо ва марказҳои калони савдои пойтахт мулоқот намуда, таъкид кардаанд, ки дар арафаи Иди Рамазон нархи маҳсулотро зери назорат гирифта, аз баландшавии нархҳо пешгирӣ намоянд.

Кормандони РВКД таъкид намудаанд, ки чун анъана дар арафаи ид шумораи харидорон дар бозорҳо ва марказҳои савдо зиёд мешавад ва бархе аз савдогарон аз фурсат истифода бурда, нархҳоро беасос боло мебаранд, бинобар ин, роҳбарияти бозорҳо ва марказҳои савдо бояд ин масъаларо зери назорат гирифта, болоравии нархи маҳсулотро пешгирӣ намоянд ва ҳамзамон ба таъмини тартибот, хидматрасонии босифат ва фароҳам овардани шароити мусоид барои шаҳрвандон диққати ҷиддӣ диҳанд.

Пешгирии ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ, риояи талаботи бехатарӣ аз сӯхтор ва насби камераҳои мушоҳидавӣ дар бозору марказҳои савдо мавзуҳои асосии суҳбат будаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД