Дар маркази шаҳр ҷавоне бо номи Олимҷон дар дохили як мошини сиёҳи шишаҳояш торик нишаста буд. Ӯ бо ғурури хос ба курсии чармин такя зада, дар даст телефони охирин модел ва дар пой кафшҳои дурахшоне дошт, ки зери нури чароғҳои кӯча ҷило медоданд.
Олимҷон ба духтари паҳлуяш бо лаҳни як соҳибкори муваффақ нақл мекард, ки ин мошинро навакак аз Олмон фармоиш додааст ва тиҷорати байналмилалии ӯ вақти зиёдро мегирад.
Ҳақиқати воқеӣ бошад, дар паси ин намоиши дурӯғин пинҳон буд. Мошини боҳашаммат моли ӯ набуд ва онро танҳо барои чанд соат иҷора гирифта буд, то дар назари дигарон шахси бообрӯ намояд.
Телефони гаронбаҳои дасташ бошад, натиҷаи кредити бонкии модараш буд, ки ҳар рӯз дар бозор зери офтоби сӯзон пиёзу кабудӣ мефурӯхт, то писараш дар шаҳр аз касе кам набошад.
Дар кисаи ин ҷавони ба зоҳир миллионер танҳо бист сомонӣ монда буд, ки он ҳам пули охирини бензин барои супоридани мошини иҷора ба шумор мерафт.
Дар ҳамин лаҳза телефони Олимҷон занг зад ва дар экран номи Очаҷон пайдо шуд. Ӯ аз тарси он ки мабодо духтар овози хаста ва нолиши модарашро шунавад, зангро рад карда, телефонро хомӯш намуд. Дар он сӯйи хат модари муштипар бо умед занг мезад, то ба писараш гӯяд, ки соҳиби хона омадааст ва агар пули иҷораро насупоранд, онҳоро ҳамон шаб ба кӯча мепартоянд.
Бегоҳ, вақте намоиши Олимҷон ба охир расид, ӯ мошинро ба соҳибаш супурда, бо автобуси охирини пуродам ба хонаи иҷораи хунуку торикашон рафт. Дар он ҷо модараш бо чашмони сурхшуда ва як бурда нони қоқу чойи талх мунтазираш буд. Вақте модар бо умед дар бораи пул пурсид, Олимҷон боз ҳам дурӯғ гуфт, ки гӯё бизнес ҳозир вазнин аст ва шариконаш пулро дер кардаанд.
Ин фоҷиаи бисёр ҷавонони имрӯза аст, ки дар кӯча шоҳ ва дар интернет миллионер ҳастанд, вале дар хона гадои меҳру нони ҳалол ба шумор мераванд. Одам будан дар он нест, ки мардумро бо чизу чораи бегона фиреб диҳад, балки дар он аст, ки бо ҳақиқати худ фахр намуда, нагузорад модараш барои намоишкориҳои ӯ дар бозор обилаи даст кунад.
Қасре, ки дар болои дурӯғ ва қарз сохта мешавад, бо як вазиши шамоли ҳақиқат ба хок табдил меёбад.
Шаҳлои НАҶМИДДИН