Arzon march 2024
Мор дар хоб зиён аст?
1616


Вақтҳои охир тез-тез дар хобам маро мор мегазад ё мори калоне дар гарданам мепечаду тарсида, додгӯён аз хоб бедор мешавам.

Мегӯянд, ки мор дар хоб зиён аст. Мехоҳам донам, ки ҳамин гап аз нигоҳи динӣ ягон асос дорад ё не?

Музаффар, ш. Душанбе.

Посух

Хоб ду намуд мешавад, раҳмонӣ ва шайтонӣ. Танҳо хобҳои пайғамбарон ба манзалати вайҳи илоҳӣ ҳастанд ва рост мебароянд. Тадбиркунандагони хоб мегӯяд, инсон вақте ягон намуди ҳайвонот ё ҳашаротро аз қабили гову аспу мору каждум дар хоб мебинад, набояд хоби дидаашро ба касе нақл кунад. Аз нигоҳи динӣ, вақте ки муслим хоби даҳшатнок мебинад, бояд ду ракат намоз хонад ва аз Худованд хайри он хобро бихоҳад. Вазъи иқтисодии одами хобдида хуб бошад, метавонад ба ягон шахси бенаво садақа кунад. Қобили қайд аст, ки аксаран хӯрдани хӯрокҳои серравған ва дерҳазм дар ғизои шом боиси дидани ҳар хел хобҳои даҳшатовар мегардад, бинобар ин, шабона аз хӯрдани чунин таомҳо худдорӣ намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД