formula
Муҳаббат Сатторӣ, коргардони муваффақи тоҷик даргузашт
2260

Ҳунарпешаи театр ва коргардони муваффақи тоҷик Муҳаббат Сатторӣ дар синни 56-солагӣ аз олам даргузашт.

Вақтҳои охир ин бонуи сар то по ҳунар аз бемории саратон азият мекашид.

Маросими видоъ бо ин коргардони маъруфи тоҷик соати 12:00 дар маҳаллаи 46-и пойтахт дар манзилаш доир гардида, маросими дафн дар қабристони “Гипрозем” баргузор мегардад.

Муҳаббат Сатторӣ 1-уми январи соли 1967 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1988 Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм намуда, ба Театри давлатии академӣ- драмавии ба номи Лоҳутӣ ба кор омад ва дар чандин намоишномаҳо нақшҳои ҷолибу хотирмон офарида, соҳиби ҷоизаҳои зиёде гашт.

Пас аз ин Муҳабббат Сатторӣ риштаи тақдирашро бо Телевизиони Тоҷикистон пайваст. Солиёни зиёде дар шӯъбаи фарҳанги телевизион ба сифати коргардон фаъолият намуда, намоишномаҳои пурмаънӣ таҳия мекард,баъдан ба синамо гузашт. Муҳаббат Сатторӣ яке аз коргардонҳои маъруфи Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва директори Ширкати филмбардории “Суҳайл-Синамо” буд.

Муҳаббат Сатторӣ коргардон-таҳиягари филмҳои “Пайванди шикаста” (соли 2007), “Падруду пайғом” (соли 2008), “Афсонаи хоб” (соли 2009), “Заррандуд” (солҳои 2010-2011), “Як ҷаҳон аз ману ту”(солҳои 2013-2014), “Маро бубахш” (соли 2016), “Бархез модар”(продюссер, соли 2017), “Кохи нур” (соли 2019), “90-соли кинои тоҷик”, “Рақси зиндагӣ” (соли 2019) буд.

Мавсуф аълочии фарҳанг, телевизион ва радио ва кинематографияи Тоҷикистон ва Корманди шоистаи Тоҷикистон буд.

Аҳли эҷоди сомонаи Оила. ТЧ ба аҳли хонавода ва наздикону пайвандони маҳум ҳамдардии амиқ изҳор намуда, дар таҳаммули ин фоҷиа барояшон аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил хоҳонанд. Бигзор ҷойи Муҳаббат Сатторӣ равзаи биҳишт ва руҳашон ҳамеша дар оромиш бошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД