formula55
МУРДАФУРӮШ
05.01.2021
ОИЛА
5007

Духтари афсонаҳо

Модари Латифа холаи Руқия баъди фавти нобаҳангоми шавҳар чор писару духтари ягонаашро гурба барин газида калон кард. Ин зани кӯҳистонии панҷ панҷааш ҳунар чунон писаронеро ба воя расонд, ки баъзан мардон чунин ҷавонмардони хушхислату аз оини ҷавонмардӣ бохабар тарбият карда наметавонанд. Духтари соҳибҷамолаш Латифа бо иффату шарму ҳаё ва ҳунармандию хушхулқияш миёни мардуми деҳа, ҳатто музофот афсона буд. Ҳамдеҳаашон Аҳмад аз замоне ки худро ёд дошт, ошиқи Латифаи нозанину марғулакокул буд, аммо аз тарси чор бародари паҳлавони духтар ҳатто ҷуръати ба рӯяш нигаристан надошт. Аҳмад ба ҷон ошиқи Латифа буданашро ҳатто ба модараш ҳам намегуфт. Пас аз хатми мактаби деҳа вай ба Донишгоҳи омӯзгорӣ рафт. Духтарони ҳамсабақаш дар гирдаш парвона бошанд ҳам, дили Аҳмади болобаланди хушандому рустамбозу ҳанӯз ба Латифа кашол буд ва саргарми ишқу орзуҳои ниҳонӣ бо сари шӯридаю пурсавдо мегашт.

Хаёли ёр дар сару...

Имтиҳону санҷишҳои курси дуввумро супорида ҷавони ошиқ роҳи деҳаро пеш гирифт. Дилаш дар қафаси сина пар-пар мезаду изтироби ниҳонӣ қалбашро мефишурд, зеро имсол Латифа синфи даҳро хатм мекард ва аз рӯи шунидаш харидорони зиёд дошт. Изтироби Аҳмад аз он буд, ки мабодо Латифаашро каси дигар соҳиб нашавад. «Худоё,- мегуфт ҷавон дар дил,-ман ғайри ту касе надорам, мадад намо, ки маҳбуби диламро соҳиб шавам!»

Аҳмад Худоро зорӣ мекард, ки ба васли Латифа бирасонадаш, вале як гӯшаи дилаш сиёҳ буд, чунки як моҳ пеш бо писари раиси ноҳияашон дар як шабнишинӣ ҳамнишаст шуду ӯ таъриф кард, ки хоҳари фалон паҳлавонро ба занӣ мегирад ва он паҳлавони номӣ бародари калонии Латифа буд…

                           Дар лаби чашма

Аз дили ошиқу шайдои ҷавон то ба деҳа расидан чӣ гапҷое намегузашт. Ба қишлоқ расида аз мошин пиёда шуду дилаш лабрези фараҳ гашт. Боди атрогин аз кӯҳу пуштаҳои сарсабз бӯи хуши гулу гиёҳро ба димоғ расонида, рӯҳу ҷонро навозиш мекард. Нисфирӯзӣ буд ва духтарон дар сари чашма бо баҷонаи обгирӣ бо ҷам сӯҳбати ширин доштанд. Онҳо селаи кафтараконро мемонданд, ки ҷавои гармаку нармак илҳомашонро овардааст. Бо дидани Аҳмад зеборухони деҳа пичир-пичиркунон чизе гуфта баланд хандиданд. Зангӯлаи гуворои хандаи духтаракон ҷавонро хурсанд кард ва ӯ бо овози баланд гуфт:

-Салом гулпаракҳо!

-Эҳа, аз кай боз мо гулпарак шудем,-ду дасташро дар миён монда «ҷавоб»-и салом дод Парисои шаттоҳ.

-Шумо гулпарак, кафтарак, зеби деҳу хушхабаракед,-шухӣ кард Аҳмад.

-Шумо бошед, дарди сарак- паст наомад Парисо.

Ҳамсинфонаш давида назди Аҳмад омаданд ва бо ӯ саломалек намуданд. Дар байни духтарон Латифаи гуландом низ буд ва бо куртаи гулбасташ чун баҷори орзуҷои ҷавон ҷилванамоӣ мекард, аммо маликаи орзуҷои Аҳмад ба шӯхию шодии духтарон бефарқ нигариста, нӯги гесӯи дарозашро мебофту мекушод. Ҷавон баъди аз «чанг»-и духтарон раҳоӣ ёфтан ҷониби хонаашон равон шуд. Симои зебою бепарвои духтар аз назараш дур намешуд. Дилашро боз абри сиёҳи  шубҳа фаро гирифт, акнун умеди бо Латифа як ҷо шудан ӯро тамоман тарк гуфта буд.

                         Ҳар чӣ бодо бод!

Дар ҳавлияшон Аҳмадро гарм истиқбол гирифтанд. Хешу таборон омаданашро шунида як-як ба диданаш меомаданд. Ҷавон то дер ҳамроҳи тағою амак, аммаю холаҷояш, ки дар ҳамсоягиашон мезистанд, сӯҳбат карда нишаст. Пас аз рафтани меҳмонон падару писар танҳо монданду амаки Назир ба болишти гулдузии зебо такя зада, пиёлаи чойи кабудро аз дасти писараш гирифта, сари мақсад омад:

-Писарам, Худованд ба ману модарат аз хазинааш танҳо се гавҷар, тую додару хоҳаратро насиб донистааст. Хоҳаратро ба шавҳар додем, акнун модарат дасттанҳоӣ мекашад, барои ҳамин мехоҳам якбора тую додаратро хонадор карда ду келин фарорем. Арӯси додарат тайёр, ту ягон хушкарда дошта бошӣ, гап зан, агар не, аз ҳамин духтарони деҳаи худамон ягон зебояшро интихоб карда хостгорӣ равем.

Аҳмад медонист, ки додараш Маҳмад Гулрафтори ҳамсинфашро дӯст медораду онҷо аҳди ошиқӣ бастаанд. Ба хотири ишқи Гулрафтор Маҳмад ба шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи кишоварзӣ дохил шуда дар деҳа аграном шуд. Ҷавон намедонист сири дилашро чӣ гуна пеши падар кушояд, аз ин хотир хиҷолатзада сар ба ҷайби андеша кашид. Вақте ки падар саволашро дубора такрор кард, Аҳмад сарашро аз замин набардошта гуфт:

-Ман аз хурдӣ Латифаи духтари холаи Руқияро дӯст медорам, аммо намедонам ӯро ба ман медиҳанд ё не.

Латифа-а,- мад кашид амаки Назир,-духтари беҳтарин, вале хушхаридор! Мардуми кунҷкоб мегӯянд, ки ҳар рӯз барояш хостгор меояд….

-Падарҷон, ҳар чӣ бодо бод, як ба хостгорӣ равед, мабодо духтарашонро надиҳанд ҳам, аз дарашон намеронанд, ки айб шавад- пичиррос зад Аҳмад.

Амаки Назир розӣ шуд, вале аз авзояш аён буд, ки дудила аст, охир кампири Руқия духтари нозанинашро ба писари раиси ноҳия надоду ба писари як боғбони оддӣ медиҳад?!

Рӯзи дигар панҷшанбе буд ва амаки Назир ба занаш фармуд, ки кулчаю кумочашро тайёр кунад, пагоҳ ба хостгорӣ мераванд. Холаи Азиза чун фаҳмид, ки арӯсшаванда кист, ба заршиносии писараш қоил шуд, вале ӯ низ ба барор гирифтани корашон шубҳа мекард.

                   Агар Худо диҳад…

Бегоҳирӯзӣ амаки Назир ҳамроҳи додараш Кабир ва додарарӯсаш Азим ба умеди хостгорӣ дарвозаи нақшини кампири Руқияро куфт. Онҳоро хуб пешвоз гирифта ба меҳмонхона дароварданд. Дар як замон рӯи дастархон аз нозу неъмат пур шуд. Дар гирди дастурхон чор писари паҳлавони кампир ҳузур доштанд ва амаки Назир шаф-шаф накарда якбора бо умеди хеш шудан ба даргаҳи онҷо омаданашро изҷор дошт. Писари калонии кампир Носир, ки дигар бародаронаш ба даҷони ӯ менигаристанд, бо чеҳраи кушода гуфт:

-Амаки Назир, мо аслан хешу таборем, солҷои сол нону намаки якдигарро хӯрда дар як деҳ зиндагӣ мекунем. Ман писари шуморо хуб мешиносам ва гумон мекунам, ки Аҳмад барин ҷавонмарди босаводу хушодоб зеби домод шудан дорад. Ман сад бор розӣ, зеро мехоҳам хоҳари ягонаам ба ягон решаю кундаи худамон расад, аммо гап дар даҳони модараму хоҳарам аст. Ҳозир бо онҳо маслиҳат мекунам, агар розӣ бошанд, нон мешиканем.

ДАВОМАШРО ФАРДО СОАТИ 21-00 ИНТИЗОР ШАВЕД!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД