Gazprom july 2025
Марги дорбоз (ҚИСМИ 3)
297

Нафаскашии Ҷамол шиддат гирифт. Аз ҳаяҷони ботинӣ ҳатто як бор аз ҷояш ҷаста хест. Баъд узромез ба муфаттиш нигариста, баргашта ба ҷояш нишаст. Дастонашро мефишурду арақи сару гарданашро бо рӯймолчаи тӯҳфакардаи Ҷамила беист пок мекард.

- Пеш аз ҳамон фалокат, аниқтараш пеш аз барномааш ба ҳуҷраам даромада, ба таҳдид гузашт…

- Агар худи пагоҳ ба идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ рафта, ақди никоҳ набандем, барои ба номусам таҷовуз карданат ба прокуратура муроҷиат намуда, ба зиндон мепартоямат. Маъмурияти корхонаро аз аъмоли фосиқонаат огоҳ намуда, маҷбур мекунонам, ки туро аз кор озод кунанд. Аз касби дӯстдоштаат маҳрум мешавӣ.

- Гап зан,- аз аввала ҳам баландтар дод зад Ҷамила.- Ба ин амри ман розӣ ҳастӣ ё не?

Ман хомӯш будам. Чӣ ҳам мегуфтам. Забонам аз ифшо намудани айбаш оҷиз буд. Вале нигоҳи чашмонам бараъло онро ифода мекард. Ба забон гирифтани нуқсони занро тимсоли номардӣ мешумурдам. Ӯ аз шиддати ҳаяҷони сахт дарро шараққосзанон пӯшида, ба сӯи саҳна давид…

Ҳамин лаҳза дар майнаи сарду карахтшудаам чизе барқ зад. Часпу талошҳояшро ба хотир оварда, дарк кардам, ки ӯ маро сидқан дӯст медорад. Охир, ӯ аз байни панҷ нафар довталабон танҳо маро интихоб кард. Ба муҳаббати ман бовар намуда, дили саршори ишқашро ба ман бахшид. Аз ҷоям парида, ба тарафи саҳна давидам. Ман надидам, ки ӯ аз ғояти асабоният банди бехатариро ба миёнаш пайванд накарда будааст. Ҷамила аллакай дар мобайни тор буд ва маҳз он найранги муаллақзаниашро, ки тамошобинонро ба ваҷд меовард, бояд иҷро менамуд. Ба таги тор расида, дод задам.

- Ман розӣ!

- Намедонам аз хурсандӣ буд ва ё ҳиссиёти ботинии дигар, ки Ҷамила баланд муаллақ зада, болои тор нею болои фарш афтид…,- Ҷамол рехтани ашки чашмонашро нигоҳ дошта наметавонист.

- Ин ҳамин тавр рӯй дод… Овоз додани маро кормандони сирк ба тарзи худ фаҳмиданд ва онҳо ба милиса муроҷиат карданд ва дар ниҳояти кор чанд рӯз аст, ки дар маҳбасам. Чӣ тавре ки мебинед, ман худро ҳимоя карда наметавонам. Мефаҳмам, ки ҳамаи далелҳо муқобили ман гирд оварда шудааст. Беҳтараш ба гуноҳи содирнакарда иқрор шавам, то ки суд ҳангоми қабули ҳукм онро ҳамчун ҳолати сабуккунандаи ҷазо истифода барад. Сидқан пушаймон шудан ва ихтиёран ба гуноҳи худ иқрор шуданро, чӣ тарзе… дар шумо ба фикрам ҳамин тавр мегӯянд, истифода барад. Ман ҳуқуқшинос нестам. Ширинкорам. Вазифаам хушҳол кардани мардум аст. Фақат аз шумо як хоҳиш дорам. Ҳамин мактуби маро ба модарам расонед. Ман, охир, писари ягонааш мебошам. Илтимос, дар он ман тамоми ҳолати корро шарҳ додаам.

- Наметавонам,- посух гардонд муфаттиш,- худатон онро ба модаратон месупоред. Ман шуморо ба маҳкама намефиристам. Шуморо маротибаи охирин мепурсам. Марҳамат, ба қарор дар бораи қатъи пешбурди парвандаи ҷиноятӣ бо сабаби дар кирдоратон набудани аломатҳои содиршавии ҷиноят шинос шавед. Имзо кунед ва аз ҳамин лаҳза шумо озодед. Ана, дар ин ҷо имзо гузоред…

Ҷамол қаламро гирифт. Нохост ҳама чиз дар пеши чашмонаш ба ҷунбиш ва ҳаракат даромад, ҳам қалам, ҳам асбобҳои болои миз, ҳам симои муфаттиши дар муқобилаш нишаста…

Баъд ба фаҳмаш гуфтаҳои муфаттиш расид ва донист, ки лаҳзаҳои ваҳмангез дар қафо монданд ва бегуноҳии ӯ исбот гардид, ҳақиқат ғалаба кард ва ин марди ҷиддисимои хунсард, ки ботамкин дар муқобилаш қарор дорад, ҳаёт ва шаъну шарафи ӯро наҷот дод.

Зариф ҒУЛОМ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД