1xbet
ТОЛЕЪНОМАИ 20-УМИ АВГУСТИ СОЛИ 2025
1443

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Барои ҳамалҳои оиладор рӯзи пур аз рӯйдод аст. Вақту қувваи бештари шумо барои корҳои хона сарф мегарданд. Корҳои қаблан нотамом гузоштаатон боиси ранҷиши шарики умратон мегардад. Навхонадороне, ки якҷоя бо волидонашон умр ба сар мебаранд, ба моҷарову нофаҳмӣ рӯ ба рӯ мегарданд. Корҳои вобаста ба танзим даровардани ҳуҷҷатҳо бобарор анҷом меёбанд.

Cавр (21 апрел-21 май)

Саврҳо дар ин рӯз дар муносибат бо атрофиён душворӣ мекашанд. Кӯшиш намоед хушмуомила ва нисбати дигарон бодиққат бошед. Рафтори шумо боиси дағалӣ ва асабонияти аксарият мегардад. Барои илмомӯзӣ, васеъ кардани ҷаҳонбинӣ ва аз худ намудани касбу кор чандон вақти мусоид нест. Саросема ба хулосае омада, ба касе ваъда надиҳед, дар амал татбиқ намудани он чизе, ки барои шумо осон менамояд, дар асл чандон кори саҳлу осон нест.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Дар ин рӯз хариди калону маблағгузорӣ карданро ситораҳо маслиҳат намедиҳанд. Кӯшиши бо дасти худ таъмир кардани чизеро накунед, хатари чизеро шикастану вайрон карданатон вуҷуд дорад. Покизакору мулоимтар бошед, вагарна барои худ мушкили нав эҷод мекунед. Аввали рӯз аз сафару танзими ҳуҷҷатҳо худдорӣ намоед. Ҳангоми шиносоӣ бо нафарони нав эҳтиёткор бошеду ба касе бовар накунед, ба доми фиреби ҳаннотон афтоданатон вуҷуд дорад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Саратонҳо дар ин рӯз мустақилона амал намуда, нуқтаи назари наздиконашонро ба инобат намегиранд. Чунин рафтор метавонад боиси муноқиша бо волидон ё хешовандон гардад. Агар шуморо дар оила намефаҳмида бошанду озодиятонро маҳдуд мекарда бошанд, ин маънои онро надорад, ки шумо бояд ҷоҳилона рафтор намоед. Босабр бошеду қабл аз кореро кардан оқибаташро нағзакак андеша намоед.

Асад (23 июл-23 август)

Асадҳо ба як қатор мушкиливу маҳдудиятҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Вазъи саломатиятон баногаҳ бад шуда, маҷбур мешавед бо табобат машғул шавед. Дар ин давра вохӯриву шиносоиро ба нақша нагиред: одамон бо душворӣ бо шумо дар тамос мешаванду ибрози ақида кардан намехоҳанд. Аввали рӯз байни шумову ҳамсафари ҳаётӣ ё ҳамкори тиҷоратӣ нофаҳмӣ рух медиҳад. Ба ваъдаҳои хушку холӣ бовар накунеду ба ҳуҷҷатҳо имзо нагузоред.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Дар ҳаёти сунбулаҳо тағйироти зиёди ногувор рух медиҳад. Агар дӯстону ҳамфикрон бароятон муҳим бошанд, дар ин рӯз байнатон нофахмӣ рух медиҳад. Сабаби муноқиша бо дӯстон қарз пурсидани маблағ аст. Агар вайрон шудани муносибатҳоятонро намехоста бошед, беҳтараш дар ин масъала лаб накушоед. Аввали рӯз нисбати саломатии худ бепарво набошед, доруи хоб истеъмол накунед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Хуб мебуд, ки нафарони дар моҳи мизон тавлидёфта корҳои душворҳалро бар дӯши худ нагирифта, оромиро пеша намоянд. Имкони низоъ бо сардор ё нафари воломақом дар назар аст. Дар ин лаҳзаҳо матонату устуворӣ пеша намоед. Танҳо дар ҳолате сар баланд кунед, ки ба шумо фишор оварданӣ шаванд. Аввали рӯз байни дӯстон ва шахсеро, ки шумо дӯст медоред, муноқиша рух медиҳад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз ақрабҳо ба ҳолати ногуворе меафтанд, ки бояд саводнокии хеле баланди худро нишон дода тавонанд, вале мутаассифона дар ин кор муваффақ намегарданд. Хусусан ақрабҳое, ки имтиҳон месупоранд, бояд нағзакак омодагӣ бубинанд. Ҳамчунин барои сафари роҳҳои дур номусоид аст. Дар аввали рӯз ситораҳо бе маслиҳату дастгирии наздикон ва аҳли оила ба коре даст заданро маслиҳат намедиҳанд.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз маслиҳати мо ба қавсҳо ҳамин аст, ки ғами бехатарии худро хӯрда, захираҳои пулияшонро дар ҷойи хуб нигоҳубин намоянд. Хатари бардоштани захму ҷароҳат, сӯхтани пӯст, шикастану лат хӯрдани устухон дар ин рӯзҳо зиёд мегардад. Аз ҳамин хотир асбобҳои нӯгтезу бурандаро аз худ дур кунед. Инчунин қоидаҳои бехатариро ҳангоми кор бо техникаи барқии рӯзгор риоя намоед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Ҷаддиҳо дар ин рӯз бо олами беруна созиш карда наметавонанд. Аксаран бо нафарони бадхоҳу бадандеш дучор мешавед, ки бо онҳо ҳатто гуфтугӯ кардан номумкин аст. Агар байни шумову ҷуфти ҳаётиатон қаблан мухолифат вуҷуд дошт, дар ин рӯзҳо кор ба муноқишаи калон мепечад. Шумо барои гузашт кардан омода ҳастед, вале ҷуфтатон аз аспи ғурур фаромадан намехоҳад.

Далв (21 январ-20 феврал)

Дар ин рӯз далвҳо бояд нисбати саломатии худ хеле бодиққат бошанд. Агар кори шумо вазнин бошад, ақаллан барои истироҳати кутоҳмуддат вақт пайдо кунед. Худро бад ҳис карданатон нишонаи хастагии аз ҳад зиёд аст. Аввали рӯз дар муносибатҳои заношавҳарӣ нофаҳмӣ рух медиҳад, барои эмин мондан бояд аз рашку нобоварӣ худро дур гиред.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Байни шумову нафаре, ки чанд муддат вомехӯред, нофаҳмӣ рух медиҳад. Барои рафъи вазъият шумо бояд талаботи худро нисбати дӯстдоштаатон кам кунед. Аввали рӯз ба саломатии худ бодиққат бошед. Аз дорувориҳо ва машрубот сӯйистифода накунед. Аз муноқиша бо сардори корхона ва ҷангу ҷанҷол бо ҳамкорон худдорӣ намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД