1xbet
ТОЛЕЪНОМАИ 21-УМИ АВГУСТИ СОЛИ 2025
322

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз вақти бештари худро барои ободонии хонаву дар сарф намоед. Агар кайҳо боз нияти таъмир ё рӯбучини пурраи хонаро дошта бошед, дар ин рӯз аз уҳдаи ин корҳо ба хубӣ мебароед. Аҳли оила дар ин кор ба кумакатон мешитобанд. Эҳтимол хароҷоти пулиятон дар ин рӯз зиёдтар мегардад. Дар сурати дуруст сарф кардани маблағ як қисми хароҷотро кам мекунед.

Cавр (21 апрел-21 май)

Дар ин рӯз вақти бештари худро дар сафару робитаҳо мегузаронед. Хеле хушчақчақу хушгуфтор мешавед. Атрофиён кордониву масъулиятнокии шуморо қадр мекунанд. Айни замон ба ваъдаҳои атрофиён нотарсона бовар карда метавонед. Дар муносибатҳоятон бо наздикон душвориҳо имкон доранд. Эҳтимол ба коре даст мезанед, ки амалатонро пайвандон хуб қабул намекунанд.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Дар ин рӯз мушкилоти зиёдро, ки бо ҳаҷми даромади пулӣ ва сарфи маблағҳоятон вобастагӣ доранд, ба эътидол овардан лозим. Қабл аз сарф кардани маблағ аввал онро ба даст овардан лозим аст ва дар ин ҷода шумо маҳорати хуб нишон медиҳед. Қобилияти кории шумо ба дараҷае зиёд мегардад, ки ҳатто хастагиро эҳсос намекунед. Рӯз бароятон лаҳзаҳои ногуворро низ пеш меорад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз хуб мебуд, ки дар ҳама кор мустақилона амал намоед. Ба нуқтаи назари дигарон танҳо дар ҳолатҳое гӯш андозед, ки ба ҳақ будани худ боварӣ надошта бошед. Рӯз барои сафару саёҳат ва оғози таҳсили давомнок мусоид аст. Нафароне, ки дар ин рӯз шиносоӣ пайдо мекунед, кумаку дастгирияшон дар зиндагиятон мерасад.

Асад (23 июл-23 август)

Барои рафъ намудани мушкилоти дар касбу коратон сарзада қувваву вақти зиёд сарф карданатон лозим меояд. Мутаассифона, на ҳама корҳоятон хуб анҷом меёбанд. Бо баъзе нафарони воломақом ва обрӯманд мухолифат карданатон эҳтимол дорад. Ғуруру такаббур танҳо бар зарари худатон мешавад. Беҳтараш орому безарар амал намуда, аз гуфтори рӯирост ва ошкоро худдорӣ намоед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз кунҷи танҳоӣ наҷуста, бештар дар робита бошед. Нақши дӯстон дар ин рӯзҳо хеле зиёд мегардад. Агар шумо вақтҳои охир хеле кам дидорбинӣ намуда ё кам дар тамос будед, вақте расидааст, ки аз нав робитаҳои дӯстиро барқарор намоед. Вақти бештари худро дар шабакаи интернет мегузаронида бошед, бо нафарони аҷиб шинос мешавед. Ба нафароне, ки аз фишорбаландӣ азият мекашанд, ба сафари дур баромаданро тавсия намедиҳем.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯз барои устувор сохтани ҷою мавқеъ мусоидат мекунад. Ба касе имкон надиҳед, ки ҳуқуқҳоятонро поймол созад, аз райъи худ нагардед. Барои бори дигар ба даст овардани ҳурмату эҳтиром дар байни ҳамкорону шиносҳо бояд тамоми ҳунару маҳорати худро нишон дода тавонед. Нафароне, ки бо мизоҷон сарукор доранд, бояд ба муноқиша роҳ надиҳанд, вагарна хисороти молиявӣ мебинанд.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Нафарони дар мучали ақраб тавлидёфта бо мушкилоти оилавӣ дучор мегарданд. Шахси дӯстдоштаатон хилофи ақидаву ниятҳои шумо амал мекунад. Ба назаратон чунин мерасад, ки мақсаду мароми шумо мухолифи якдигар аст. Маҳз бо ҳамин сабаб хафагиву ранҷиш имкон дорад. Эҳтимоли ҷароҳат бардоштанатон зиёд аст. Ҳангоми рондани мошин бодиққат бошеду аз таъсири офтоб худро эҳтиёт кунед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз хонаву дари худро ба тартиб оварда, барои қабули меҳмонон омодагӣ гиред. Рӯзи хубест барои харидорӣ намудани асбобҳои барқии рӯзгор, аз қабили мошинаи ҷомашӯйӣ, яхдон ва комбайни хӯрокпазӣ. Барои бартараф намудани мушкилиҳои вобаста ба тақсими мерос вақти мусоид аст. Кӯшиш намоед, ки ваъдаҳои ба дӯстонатон додаро дар вақташ иҷро намоед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар муносибатҳои ошиқонаи шумо душвориҳо сар мезананд. Гап сари он аст, ки шумо аз дӯстдоштаи худ олиҳа метарошед. Мутаассифона ҳақиқат талх аст ва он шуморо аз олами хаёлот ба замин мефарорад. Тамоми мушкилиҳои муносибатҳои маҳрамонаро боодобона рафъ намуда, ба иззати нафси ҳамсаратон нарасед. Хафагиву ранҷишро дар ин рӯз бахшида, аввалин шуда дасти оштӣ дароз кунед.

Далв (21 январ-20 феврал)

Далвҳои оиладор дар ин рӯз шоҳиди муноқишаи шахси дӯстдошта бо яке аз наздикон мегарданд. Бетарафиро нигоҳ доштан хеле душвор мегардад. Барои он ки муносибататон бо нафаре аз онҳо вайрон нагардад, муноқишаро оромона рафъ созед. Рӯз барои гузаронидани маъракаҳои арӯсӣ созгор нест. Дар ин рӯзҳо бемор шудани узвҳои пешобдон, шуш ва роҳҳои нафас имкон дорад.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Барои муносибатҳои заношавҳарӣ ва ошиқона рӯзи мусоид аст. Нафароне, ки соҳиби фарзанд ҳастанд, ташвишашон зиёдтар мегардад. Мушкили ягонаи рӯз дар бад шудани муносибат бо атрофиён аст, аз ин рӯ, бо нафаре шинос шуданро тавсия намедиҳем. Дар сурати хурӯҷ намудани бемориҳои музмин ҳатман аз муоинаи табиб гузаред. Нисбати калонсолони оила боэҳтиром бошед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД