arzon replenishment
Нафрат (қисми 2)
2130

Давомаш ... Аввалашро дар ин ҷо хонед.

 

-Бечора писарам, ҳатто дар чиллаи арӯсияш ҳам бекор намешинад. Давлат як додар ва ду апа дошт, хоҳаршӯйҳоям баъди тӯй ба хонаҳои худашон рафтанд, авсунам, ки аз ман ду сол калон буд, ҳамеша ба корҳои хона машғул буд. Кӯшиш мекардам то қадри тавон ба ӯ ёрӣ расонам, Сапеда бо як содагӣ мегуфт:

- Кошки акаи Давлат низ ҳамин ҷо зиндагӣ мекард, бо омадани ту корам ҳамин қадар сабук шуд, ки…,- Сапеда ду писараки шӯх дошт, шавҳараш ҳамроҳи хусурам тиҷорат доштанд ва қариб дар хона набуд. Ҳамин тавр туйи бесурури ман гузашт, чиллаву моҳи асалам низ ва мо азми сафари Маскав кардем…

Салом Маскав

Пеш аз сафар мо ба назди падару модарам рафтем, то аз онҳо дуо гирем, падарам шоду мамнун моро пешвоз гирифтанду дуои сафар доданд. Ҳангоми аз зинапояҳо фаромадан, модарам дар бехи гӯшам гуфт, ки падарат қарзҳояшро дода, боз ба тиҷорат сар кард.

Ман “хайрият” гуфтам, аммо медонистам, ки сарчашмаи наҷоти падарам аз куҷост. Падарам бароям ҷиҳози арзандае дода буд, ман ду хонаи ба ман бахшидаи хусуру хушдоманамро бори дигар аз назар гузаронида, ҳама чизҳоямро ҷо ба ҷо гузошта, калиди ҷевону сандуқҳоямро ба дасти хушдоманам супорида, ҳамроҳи Давлат ба Маскав паридам.

Моро мошини бадвоҳимаи сиёҳшишаи хориҷие пешвоз гирифта, ба назди бинои истиқоматие бурд. Дар ошёнаи дуюми ҳамин бинои боҳашаммат хонаи мо будааст, хона бо тамоми таҷҳизоти рӯзгор таъмин буд ва шаш ҳуҷраи барҳаво дошт.

Ошхона дар толори калоне ҷойгир буд, ки аз ошхона дида, ба толори пешвозгирии меҳмонон шабоҳат дошт. Хонаи хоб низ ҳамин гуна калон буд, танҳо як хона аз рӯйи таомули тоҷикона оро ёфта, рӯйи фарши он қолини калон дар атроф кӯрпачаҳои атласи зебо бо болиштҳо партофта шуда буд. Давлат маро бо хона шиносонида гуфт:

-Вазифаи ту хӯрдану хобидан ва интизори ман нишастан. Худо хоҳад, соҳиби фарзанд шавем, ба хонаи калонтар мекӯчем, - ман бори аввал ташаббус нишон дода, дастонамро ба гардани ӯ ҳалқа кардам, ӯ сард аз пешониям бӯсид…

Косаи зери нимкоса

Дар Маскав ман ба маҳбуси хонагӣ шабоҳат доштам, шавҳарам намегузошт, ки ҳатто ӯро то остона гусел кунам. Корам аз тоза кардани хонаҳо, пухтани хӯрок, хулоса корҳои хонагии ҳар зан иборат буд. Вақти бекориям зиёд буд, телевизор тамошо мекардам, бо телефон ҳамроҳи падару модар, апаҳо, хушдоману авсунам гап мезадам.

ҲАМЧУНИН, ХОНЕД:

КӮДАКИ ДАРАХТ ДАР ОҒӮШ ВА ПУР АЗ ХОКУ ЛОЙ КИСТ?

Ҳамин минвол шаш моҳ гузашт, шавҳарам кор гуфта, баъзе шабҳо намеомад, бо ман муносибаташ хеле сард буд, ин ҳама диламро хун мекард. Аз ӯ хоҳиш кардам, ки маро ҷое ба кор ё ба хондан гузорад, розӣ нашуд. Ман намедонистам, ки ӯ маро аз кӣ ин қадар пинҳон мекунад, вале дар ин дунё ягон сири пинҳон намемонад….

Як шаб шавҳарам дер ба хона омаду телефонашро рӯйи мизи ошхона фаромӯш карда, ба хонаи хоб гузашт, ман рӯйи мизро ғундошта, хостам телефонашро бурда, ба ӯ диҳам. Ҳамин вақт ба телефон паёмак омад, ҳисси кунҷкобиям боло гирифту онро кушодам.

«Конфетка» ба шавҳарам менавишт, ки бе ӯ хобида наметавонад. Ман ки забони русиро хуб медонистам, ба ӯ паёмак навиштам, ки “ту бешарм, чӣ гуна метавонӣ ба марди зандор чунин паёмак фиристӣ?!”. Аз он тараф ҷавобе наомад.

Хоб аз чашмонам парид, хонаи дигар гузашта, бо алам гиристам, намедонам соати чанд буд, вале касе дари моро думушта мекуфт. Давлат давида рафта пурсид, ки он ҷо кист, аз он тараф духтаре беист ҳақорат мекард.

Давлат бо ранги парида дарро кушод, духтари қоматбаланди лоғарандоми мӯйзард, ки бо омаданаш хонаро бӯйи шароб пахш кард, ба вай дарафтод. Ман аз тарс дар ҷоям шах шудам, Давлат бо азобе ӯро ором кард…

Давом дорад ...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД