Sebiston new 2024 october
Нафрат (қисми 5)
2074

Давомаш ...

Пас аз рӯзи дигар хушдоманам ба хонаамон омада, маро ба ғарӣ айбдор намуд, гӯё ман ҳамроҳи як Самарқандӣ гурехта рафтааму шавҳарамро дар ғарибӣ шарманда кардаам. Модарам пеши даҳони хушдоманамро гирифта гуфт:

-Писари ту ба сари духтари ман ин қадар балоро биёраду боз ту ӯро тӯҳмат мекунӣ, худи ҳозир ба прокуратура рафта, аз рӯйи писари ҳаромат ариза менависам. -Хушдоманам каме паст фаромада бошад ҳам, ду рӯз пас пайдо шуда, аз падарам талаб кард, ки пулҳои шавҳару писарамро баргардон. Хушдомани собиқам як маблағе мегуфт, ки падарам хонаву дарамонро ба фурӯш гузошт.

-Ҳеҷ гап не, дар иҷора зиндагӣ мекунем,- такрор ба такрор мегуфт ӯ, ману Давлат никоҳи расмӣ надоштем ва аз ӯ чизе талаб карда наметавонистам, ҳомиладор ҳам набудам…

Дилам аз зиндагӣ сард буд, шабу рӯз мегиристам, худамро ҳарому касиф, шармандаю таҳқиршуда меҳисобидам. Апаҳоям ба диданам омада, тасаллоям медоданд, ҳар кадоме бароям пул медоду тӯҳфаи қимматбаҳое мекард, аммо дилам гӯшаи танҳоӣ мехосту халос.

Савдои навбатӣ

Модарам барои хонаамон аз байни хешони худаш, ки ҳамагӣ сарватманд буданд, харидор мекофт ва пайдо кард. Амрулло-писараммаи модарам, ки хеле сарватманд буд, хонаҳои моро харидор шуд.

Модарам ба ӯ дар бораи ман нақл намудааст, Амрулло пеши модарам шарт гузоштааст, ки агар духтарат ба зани дуюми ман шудан розӣ шавад, ҳам қарзҳои язнаамро медиҳаму ҳам барои ӯ хона харида, мисли гул нигоҳубинаш мекунам.

Модарам аз ман напурсида, розигӣ додааст, чун дидам, ки модарам бори дуюм маро ба савдо гузоштааст, моҷаро бардоштам. Модарам бо гиря гуфт:

-Духтарҷон, Амрулло ба хотири ман туро ҳеҷ гоҳ хафа намекунад. Бар қасди шавҳари номардат гул хӯрда, гул мепӯшӣ, мо низ сари пириҳо бехонаву дар намешавем, аз ин зиёдтар шавҳар нест…

Инак, ду сол боз ман зани дуюми Амруллоям, ӯ аз шавҳари пешинаам дида ҷавонтару зеботар аст, бароям дар ҳамсоягии модарам хонаи панҷҳуҷрагӣ, дар маркази шаҳр ҳавлӣ ва дар деҳаи хушманзаре, ки волидонаш зиндагӣ мекунанд, бӯстонсаро сохтааст.

Хусуру хушдоман, хоҳаршӯю додаршӯҳоям маро хеле дӯст медоранд, зани аввали шавҳарам ба ман кор надорад. Шавҳарам бисёртар бо ман аст, сари чанбараки мошини хориҷие менишинам, ки пули як хонаи сеҳуҷрагист. Чӣ гунае мехоҳам, ҳамон гуна зиндагӣ мекунам, моҳи шашуми ҳомиладориям асту мунтазири фарзандам.

Шавҳарам маро зиёд дӯст медорад ва тамоми хоҳишҳоямро иҷро мекунад, аммо ман ӯро дӯст намедорам… Ба падарам, шавҳарам умуман ҳама мардони олам нафрат дорам….

Анҷом

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД