Arzon march 2024
НАМАК БА КӮДАК ЗАРАР ДОРАД?
929


Ман Дилором. Кӯдакам 4-сола аст. Кӯдакам агар намакро бинад то нахурад ором намешинад. Хӯрдани намакро дӯст медорад.

Ҳатто агар ягон хӯрок ё шӯла ва ҳатто пюре тайёр карда наздашба монам дар дохилаш илова кардани намакро талаб мекунад, бе намак намехурад. Хулас тамоми чизро бо намак истеъмол мекунад.Чӣ маслиҳат медиҳед? Ба хӯрокҳои кудакам намак илова кунам ё не? Зарар намекунад ба кудакам.

Посухи табиб Мирзоева Зуҳро

Ҳар як модар барои кӯдакаш хӯрок омода мекунад, вале як савол модарро дудила месозад. Оё ба хӯроки кӯдакам намак ивола кардан мумкин бошад ё не? Бояд қайд намоем, ки намаке, ки бояд кӯдакон истеъмол намоянд, дар шӯрбо, шӯла (кашша), пюре ва дигар ғизоҳое, ки ба ӯ медиҳем, илова намудан ҳатмист. Намаки ошӣ менерали асосии организми инсон маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, истеъмоли намак бояд дар кӯдакон низ мувофиқи меъёр бошад, чунки ин барои нашъу намои кудак нақши муҳим мебозад. Ба ғайр аз ин мазаи ғизоро хуштамъ мекунад.

Барои кӯдакони то шашмоҳа илова кардани намаки ошӣ дар ғизоҳои иловагӣ ва об қатъиян манъ аст. Чунки барои кӯдакони ширхораи то шашмоҳа ҳамаи витаминҳои барои организи онҳо мувофиқро аз шири модар мегиранд. Намак кардан ба кӯдакони хурд, яъне чақалоқча зарари ҷиддӣ расониданаш мумкин аст. Барои кӯдаконе, ки алакай ғизоҳои иловагӣ дода мешавад, каме илова кардани намак дар сабзавот, меваҷот, гӯшт боманфиат аст. Аз рӯйи меъёрҳои муайяншуда, бояд кӯдаки болиғ 0,3 грамм намак истеъмол кунад.   Ба намаки ошии муҷуррарӣ чӣ дохил мешавад, ки ҳамеша дар хӯрокҳо илова карда мешавад, ки мутахассисон онро ба кӯдакони то яксолагӣ тавсия медиҳанд. То як солагии кӯдак норасогии қисми зиёди гурда вуҷуд дорад, ки қобилияти пурраи таровидани миқдори зиёди модаҳоро надорад. Миқдори зиёди намак ба системаи асаби кӯдак таъсири манфӣ мерасонад. Дар таркиби намак натирии хлор вуҷуд дорад, ки намии организми инсонро нигоҳ дошта, мумкин аст, ки пояи ба вуҷуд оварандаи бемориҳои гипертоникӣ ва фарбеҳӣ, ҳамчун мушкилиҳоро дар кори ғадуди зери меъда ва сустшудани кори устухонҳоро ба миён орад.

Меъёри хӯрдани намак барои кӯдакони аз як сола то чорсола то ду грамм мебошад. Аз миқдори муайяншуда   зиёд додан мумкин нест, чунки мушкилоти зиёд ба саломатии ӯ зиёновар аст. Барои ҳамин дар вақти пухтани хӯроки кӯдакатон аз намакоб истифода кардан қулай аст. Намакобро чунин тайёр мекунанд:

Дар 100 милилитр 25 грамм намаки оши илова намуда, омехта карда, аз дока гузаронида, боз 100млиграм оби дигарро илова намоед. Истифодаи онро ҳангоми тайёр намудани хӯрокҳои кӯдакона тавсия медиҳанд. Аз маҳули намакоб ба андозаи ½ қошуқчадар 200 грамм хӯрок изофа намудан ба манфиат хоҳад буд. Чунин намаккунони барои организми кӯдак бехатар аст. кӯдакони аз чорсола боло бошад набояд хӯрдани намакро зиёд намоянд, чунки миқдори зиёди намак чи хеле ба организми кӯдак зарар дорад, ҳамон тавр ба шахсони болиғ таъсири манфӣ мерасонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД